Муассисаи давлатии «Таҳририяти рӯзномаи «Овози тоҷик» дар сомонаи расмии худ – www.ovozitojik.uz хидматрасонии навро ба роҳ монд.
Акнун хонандагон метавонанд матолиби сомонаро на танҳо ба забони тоҷикӣ, балки бо забонҳои гуногуни ҷаҳон низ мутолиа кунанд.
Хидматрасонии нав имкон медиҳад, ки маводи сомона ба 103 забони ҷаҳон, аз ҷумла ӯзбекӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, туркӣ, чинӣ... ба таври автоматӣ тарҷума ва пешниҳод шавад. Ҳамин тариқ, доираи хонандагони рӯзнома метавонад фаротар аз марзҳои забонӣ густариш ёбад ва матолиби он барои доираи васеътари корбарон дастрас гардад.
Истифода аз ин имконият хеле осон аст. Хонанда ба сомонаи www.ovozitojik.uz ворид шуда, матлаби мавриди таваҷҷуҳашро мекушояд. Сипас, бо пахш кардани нишонаи интихоби забон, ки дар поёни тасвири асосии матлаб ҷойгир аст, забони дилхоҳашро интихоб мекунад. Пас аз ин, матлаб автоматӣ тарҷума ва пешкаш мегардад.
Аҳамияти ин иқдом танҳо ба осон шудани мутолиаи матолиб маҳдуд намешавад. Он барои густариши дастрасӣ ба иттилоот, муаррифии таъриху фарҳанг, забон ва ҳаёти иҷтимоии тоҷикони Ӯзбекистон ба хонандагони гуногунзабон, инчунин таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, чунин имконият ба ҷалби хонандагони нав ва баланд бардоштани дастрасии муҳтавои рӯзнома дар фазои рақамӣ мусоидат мекунад.
Фаъол шудани ин хидматрасонӣ қадами дигари дар роҳи тавсеаи ҳузури худ дар фазои иттилоотии рақамӣ мебошад. Минбаъд матолиби рӯзнома барои доираи васеътари хонандагон, новобаста аз забони онҳо дастрас мегарданд.
Ба сомонаи ворид шавед ва имконияти нави мутолиаро озмоед!
P/S: Ёдовар мешавем, ки тарҷумаи матолиби сомона ба таври автоматӣ анҷом дода мешавад. Аз ин рӯ, дар матнҳои тарҷумашуда эҳтимоли ҷой доштани баъзе носаҳеҳиҳои маъноӣ ва техникӣ вуҷуд дорад. Барои дуруст дарк кардани мазмуни матлаб, дар ҳолати зарурат ба матни аслӣ муроҷиат намоед.