Дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд барои бунёди боғи нави истироҳатӣ бо кӯли сунъӣ омодагӣ оғоз шудааст. Ин боғ дар кӯчаи "Келес йўли"(Роҳи Келес) бунёд мегардад.
Дар ин бора ҳокимияти ноҳияи Олмазор хабар додааст.
Ҳадафи лоиҳа ободонии ҳудуд, беҳтар кардани муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳати сокинон мебошад.
Зимни корҳои ободонӣ ба ҳифзи дарахтони бисёрсола таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Тибқи маълумоти ҳокимият, ҳамаи онҳо дар ҷойи ҳозираашон боқӣ мемонанд. Бархе аз дарахтони хурд бошанд, таҳти назорати мутахассисон ба ҷойҳои дигари мувофиқ кӯчонда мешаванд.
Интизор меравад, ки пас аз анҷоми лоиҳа боғи нав бо инфрасохтори муосир ба яке аз маконҳои истироҳатии сокинон ва меҳмонони ноҳия табдил ёбад.