Дар Тошканд барои напардохтани роҳкиро дар 5 рӯз 2 603 санад тартиб доданд

Дар шаҳри Тошканд назорат аз болои пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ пурзӯр карда шудааст.

Дар ин бора Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, зимни рейдҳои рӯзҳои 23–27 октябр нисбат ба мусофироне, ки роҳкироро напардохтаанд, 2 603 санади маъмурӣ тартиб дода шудааст. Чораҳои назоратӣ дар 12 хатсайри автобуси пойтахт гузаронида мешаванд.
Аз ҳама бештар санадҳои маъмурӣ дар хатсайрҳои зерин ба қайд гирифта шудаанд:
- хатсайри №190 — 331 санад;
- хатсайри №115 — 276 санад;
- хатсайри №134 — 263 санад.

Санадҳо дар асоси қисми 5-уми моддаи 144 Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҷавобгарии маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
Назорати пардохти роҳкиро дар хатсайрҳои автобуси №115, 134, 120, 56, 199, 198, 84, 190, 128, 71, 188 ва 101 пурзӯр карда шудааст.
«Аз мусофирони муҳтарам хоҳиш мекунем, ки ҳангоми савор шудан ба автобус роҳкироро тибқи тартиби муқарраршуда пардохт намоянд. Сари вақт пардохт кардани роҳкиро масъулияти ҳар як мусофир ва саҳми умумии мо дар таъмини фаъолияти босифати нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад», — омадааст дар хабар.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: