Дар шаҳри Тошканд инверсияи атмосфера метавонад боз 10 рӯзи дигар идома ёбад. Дар натиҷа, эҳтимол дорад, ки чангу ғубор ва моддаҳои ифлоскунанда дар ҳаво ҷамъ шаванд.
Афзоиши ифлосшавии ҳаворо метавон бо як мисоли одӣ шарҳ дод: чангу ғубор ва моддаҳои зараровар пайваста ба атмосфера хориҷ мешаванд. Дар сурати набудани шамол, пароканда шудани онҳо душвор мегардад. Борон бошад, зарраҳои чангро аз ҳаво шуста, ба замин мефарорад.
Вақте ки шамолу борон нест, моддаҳои ифлоскунанда дар ҳаво тадриҷан ҷамъ мешаванд. Инверсияи атмосфера бошад, боло рафтан ва пароканда шудани онҳоро боз ҳам мушкилтар мекунад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар соатҳои гармтарини рӯз вазидани шамол ва пароканда шудани чангу ғубор метавонад сатҳи ифлосшавии ҳаворо то андозае коҳиш диҳад. Аммо субҳи барвақт ва бегоҳ, бар асари инверсияи атмосфера, чанг дар ҳаво боқӣ монда, сатҳи ифлосшавӣ зиёд мешавад.
Бо мақсади беҳтар намудани сифати ҳаво дар роҳҳои шаҳр об пошида, дар гармхонаҳо филтрҳо насб карда мешаванд. Ҳамчунин, корҳои кабудизоркунӣ ва пешгирӣ аз баланд шудани чангу ғубор дар майдонҳои сохтмонӣ ба роҳ монда шудаанд.
Илова бар ин, дар гармхонаҳо ва корхонаҳои саноатие, ки муҳити зистро ифлос мекунанд, санҷишҳои назоратӣ гузаронида мешаванд.