Дар мавсими сармо ба оилаҳои эҳтиёҷманд 1 миллион сӯмӣ кумаки молӣ дода мешавад

Фармони Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ дар давраи гузариш ба принсипҳои бозорӣ дар соҳаи сӯзишворӣ ва энергетика» (№ ПФ–236 аз 28 октябри соли 2026) қабул гардид.

Тибқи фармон, дар мавсими гармидиҳии солҳои 2026–2027, моҳи ноябри соли 2026 ба гурӯҳҳои зерин якдафъаина 1 миллион сӯмӣ кумаки молӣ расонида мешавад:
▪️оилаҳое, ки ба Феҳристи иҷтимоӣ дохил карда шудаанд;
▪️оилаҳое, ки ба Феҳристи иҷтимоӣ шомил нестанд, аммо тибқи хулосаи «ҳафтгонаи маҳалла» аз рӯйи вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ба меъёрҳои дохил шудан ба ин феҳрист мувофиқат мекунанд.
Аз ҷумла:
▪️оилаҳое, ки даромади ҳар як узви онҳо аз ду баробари хароҷоти ҳадди ақали истеъмолӣ зиёд нест;
▪️оилаҳое, ки дар биноҳои бисёрошёнаи ба низоми марказонидашудаи гармидиҳӣ пайвастшуда зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҳолат, даромади миёнаи моҳона ба ҳар як узви оила дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо набояд аз ду баробар ва дар шаҳри Тошканд аз се баробари хароҷоти ҳадди ақали истеъмолӣ зиёд бошад;
▪️баъзе оилаҳои эҳтиёҷманде, ки тибқи қарори ситодҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) оид ба таъсиси ҷойҳои кори доимӣ ва зиёд кардани даромади аҳолӣ, даромади миёнаи моҳонаи ҳар як узви онҳо аз меъёрҳои зикршуда зиёд аст;шаҳрвандони танҳо ва пиронсолон, инчунин шахсони дорои маъюбият, ки ба нигоҳубини дигарон ниёз доранд ва ба феҳристи дахлдор дохил шудаанд;
▪️оилаҳое, ки дар онҳо кӯдакони ятим ва аз парастории падару модар маҳрум зиндагӣ мекунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: