Табиат мекунад моро табобат

Дар мубодилаи обу намак

Нӯшидани як пиёла чойи сабзи сард эҳтиёҷи шабонарӯзии организмро ба витамини Р таъмин мекунад. Ғайр аз ин, чой ба мубодилаи обу намак дар организм таъсири мусбат мерасонад.

Ҳангоми гастрити музмин

Шарбати тозаи коҳу (барги салат) дар тибби халқӣ ҳамчун воситаи зидди гастрити музмин истифода мешавад. Салат деворҳои рӯдаро мустаҳкам карда, миқдори қанди таркиби хунро кам мекунад ва ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд.

Ҳангоми қабзияти музмин

Ҳангоми қабзияти музмин 60 грамм кунҷидро дар 300 миллиграмм об ҷӯшонида, ҳар рӯз як маротиба, дар давоми 3 рӯз ҳуқна (клизма) карда мешавад.

Ҳангоми ирқуннасо (радикулит)-и музмин

Ба 1 истикон равғани зайтун 1 қошуқ судаи мурчро илова карда, дар оташи паст 5–10 дақиқа ҷӯшонед. Баъд равғанро хунук карда, аз дока гузаронеду истифода баред. Ин равған дар бемории фалаҷ, каҷшавии рӯй, дарди ирқуннасои музмин, дардҳои буғум таъсири бениҳоят хуб дорад. Равғанро дар ҷойҳои дарднок мемоланд.

Хастагии музмин

Кӯшиш барои иҷро кардани коре, ки шахс ба он қодир нест, боиси пайдоиши хастагии музмин, инчунин сабаби фишори ақлонӣ ва равонӣ низ мегардад. Масалан, варзишгари ботаҷриба санги 250-килограммаро метавонад бемалол бардорад, аммо навраси ҷавон танҳо санги 50-килограммаро бардошта метавонад. Яъне ҳар як инсон ҳадди имкониятҳои меҳнатии худро дорад. Аз ин меъёр бештар кор кардан ба ҳолати рӯҳӣ зарба мерасонад ва мағз хаста мешавад. Дар натиҷа, шахс кореро, ки қаблан дар панҷ дақиқа анҷом медод, ҳатто дар ду рӯз ҳам иҷро карда наметавонад. Одам намефаҳмад, ки бо ӯ чӣ рӯй дода истодааст. Ин раванд ҳолат, вазъияти беморро боз ҳам мураккабтар мекунад.

Агар ин беморӣ сари вақт табобат нашавад, он рӯз ба рӯз шиддат мегирад. Ин метавонад ба бемориҳои ҷиддии дил, илтиҳоби ғадуди зери меъда, бемориҳои ҷигар ва гурда оварда расонад. Дар натиҷаи заиф шудани иммунитет, бемориҳои вирусӣ ва сироятӣ бештар авҷ мегиранд. Дар пиронсолон ин метавонад боиси бемории Паркинсон гардад, дар кӯдакон бошад, ба сустии зеҳнӣ ва бемории саръ (эпилепсия) оварда мерасонад.

Барои раҳоӣ аз хастагии музмин, пеш аз ҳама, бояд тарангии мушакҳои атрофи гардан, китф ва дастҳоро бо ёрии масҳ бартараф кард. Яке аз аъзои оила агар масҳи вакуумиро донад, боз ҳам беҳтар. Дар ин ҳолат аз банкаҳое, ки барои шамолхӯрӣ истифода мешаванд, низ метавон истифода бурд. Аввал ба китф ва тахтапушт равғани растанӣ молида, баъд банка мегузоранд ва онро дар давоми 5–10 дақиқа дар рӯи китф ҳаракат медиҳанд. Ин муолиҷа 9–10 маротиба такрор карда мешавад. Пас аз муддати кӯтоҳ, аз тарангии китф нишоне ҳам намемонад.

Барои зиёд кардани шир

Турб ширро дар занони кӯдакдор зиёд мекунад.

Ҳангоми доначаҳои ширӣ (пӯст)

Дорчинро бо сирко омехта, ба ҷойҳои осебдида (доначадор) мемоланд.

Ҳангоми шикастани устухон

Пӯст ё навдаҳои ҷавони зиркро гирифта, ба болояш то пурра пӯшонида шудани он об мерезанд. Сипас 30–40 дақиқа меҷӯшонанд. Пас аз омода шудани ҷӯшоб, онро ба зарфи тоза андохта, каме дам медиҳанд. Баъд онро дар оташи паст боз меҷӯшонанд, то ба шакли моеъи ғафс ё шира (экстракт)-и хушк табдил ёбад. Аз доруи ҳосилшуда барои табобати устухонҳои шикаста, инчунин ҳангоми дарди бандҳо ва мушакҳо ба андозаи як дона нахӯд ё донаи гандум гирифта, дар як рӯз 2–3 маротиба нӯшидан тавсия дода мешавад.

(Давом дорад).

 

Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,

А. РӮЗИМАТОВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: