Чаро дониш боэътимодтарин сармоя аст?

Тасаввур кунед, духтарчаи сесолае, ки имрӯз қадам ба боғча мегузорад, соли 2030 ба синфи якум меравад ва соли 2041 мактабро хатм мекунад. Он вақт дар бозори меҳнат чӣ гуна касбҳо мавҷуд хоҳанд буд, касе аниқ гуфта наметавонад.

 Аммо як чиз равшан аст: новобаста аз он ки ӯ кадом касбро интихоб мекунад, тақдири ояндаашро қобилияти омӯзиш, дониш ва малакааш муайян хоҳанд кард. Кишвари мо дар даҳсолаи оянда маҳз тарбияи чунин наслро ҳадафи худ қарор додааст.
Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев 28 августи соли 2026 дар маросими тантанавии бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ даҳсолаи ояндаро «Давраи рушди миллӣ» номида, ҳафт барномаи миллии ин давраро эълон кард. Барномаи аввалини онҳо ба табдил додани дониш ва малака ба сармояи асосии рушди минбаъдаи мамлакат равона шудааст. Пайдарпайии ин барномаҳо мантиқи амиқ дорад. Соҳаҳое чун тандурустӣ, технологияҳои баланд, обу муҳити зист ва волоияти қонун дар ниҳоят ба инсони донишманду соҳибмалака вобастаанд.
Дар ин мақола кӯшиш мекунем барномаи миллиро тавассути чанд саволи одӣ таҳлил намоем. Чаро маҳз калимаи «сармоя» интихоб шудааст? Барномаи миллӣ бо ғояи Ренессанси сеюм чӣ иртибот дорад? Солҳои охир дар соҳаи маориф чӣ тағйирот ба амал омад ва кадом масъалаҳо ҳанӯз ҳалли худро интизоранд? Кадом ҳалқаи роҳи тайкардаи кӯдак аз рӯзи таваллуд то соҳибкасб шудан заифтар аст? Ва ниҳоят, ин ислоҳот аз ҳар яки мо чӣ талаб мекунад?
Калимаи «сармоя» бесабаб интихоб нашудааст
Дар иқтисодиёт сармоя дороиест, ки фоида меорад. Деҳқон ба замин тухмӣ мекорад ва ҳосил мегирад, соҳибкор таҷҳизот мехарад ва маҳсулот истеҳсол мекунад. Донишро сармоя номидан маънои онро дорад, ки ҳар як сӯм ва ҳар соати барои таълим сарфшуда бояд ҳамчун сармоягузорӣ арзёбӣ гардад.
Ин ғоя аз нигоҳи илмӣ низ собит шудааст. Иқтисодшиноси амрикоӣ Гари Беккер барои таҳияи назарияи «сармояи инсонӣ» соли 1992 барандаи ҷоизаи Нобел гардид. Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ бо таҳлили маълумоти даҳҳо кишвар муайян кардаанд, ки ҳар як соли иловагии таҳсил даромади инсонро ба ҳисоби миёна 9 фоиз зиёд мекунад. Пас, дониш ҳам барои давлат ва ҳам барои ҳар як оила сармоягузории судмандтарин ба ҳисоб меравад.
Давлати мо низ солҳои охир ҳаҷми чунин сармоягузориро пайваста афзоиш медиҳад. Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омор, хароҷоти давлатӣ барои соҳаи маориф аз 39,6 триллион сӯм дар соли 2021 ба 84,2 триллион сӯм дар соли 2025 расидааст. Яъне, дар чор сол ин нишондиҳанда 2,1 баробар афзудааст. Акнун саволи асосӣ ин аст, ки ин маблағҳо чӣ натиҷа медиҳанд ва дар оянда бояд чӣ гуна самара бахшанд.
Пояи Ренессанси сеюм
Решаҳои ғоявии барномаи миллӣ хеле амиқанд. Президенти мамлакат ҳанӯз соли 2020 дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён ғояи бунёди пояҳои Ренессанси сеюмро пешниҳод карда буд. Сарвари давлат низоми таълими томактабӣ, мактабӣ, таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, инчунин муассисаҳои илмию фарҳангиро чаҳор ҳалқаи ба ҳам пайвасти Ренессанси оянда номида буд. Мураббиёни боғчаҳо, омӯзгорони мактабҳо, устодони донишгоҳҳо ва зиёиёни илмию эҷодӣ ҳамчун сутунҳои такягоҳи давраи нави Эҳё эътироф шуданд. Падару модарон бошанд, ҳалқа ва сутуни панҷуми ин низом муайян гардиданд.
Дар таърихи мо чунин давраҳои Эҳё ду маротиба ба амал омадаанд. Дар асрҳои IX–XII донишмандони бузург, аз қабили Хоразмӣ, Фарғонӣ, Берунӣ ва Ибни Сино дар рушди илми ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар асрҳои XIV–XV, дар замони Амир Темур ва темуриён, шахсиятҳои бузурге чун Улуғбек, Навоӣ ва Беҳзод ба арсаи илму фарҳанг омаданд. Асоси ҳар ду давраро эҳтироми баланд ба илму маърифат ва қадр кардани инсони донишманд ташкил медод.
Барномаи миллии аввал идомаи амалии ҳамин ғоя ва таҷассуми он дар нишондиҳандаҳои мушаххасу ченшаванда мебошад. Акнун бунёди пояҳои Ренессанси сеюм ба вазифае табдил ёфтааст, ки ҳадафҳо, муҳлатҳо ва натиҷаҳои мушаххаси он муайян карда мешаванд. Таҳлили минбаъдаи мо низ маҳз дар пайдарпайии ҳамин ҳалқаҳо сурат мегирад.
Се марҳилаи ислоҳот
Ислоҳоти соҳаи маорифро дар даҳ соли охир шартан ба се марҳила ҷудо кардан мумкин аст. Ин тақсимбандӣ барои фаҳмидани мантиқи барномаи миллӣ муҳим аст.
Марҳилаи аввал — фарогирӣ. Дар ин давра, ки соли 2017 оғоз ёфт, вазифаи асосӣ фароҳам овардани имкони таҳсил барои ҳарчи бештари кӯдакону ҷавонон буд. Он вақт ҳамагӣ 27 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълими томактабӣ фаро гирифта шуда, танҳо 9 фоизи хатмкунандагони мактабҳо метавонистанд ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шаванд. Дар муддати кӯтоҳ ҳазорҳо боғчаю мактаб ва даҳҳо донишгоҳи нав таъсис дода шуданд.
Марҳилаи дуюм — муҳтаво. Дар ин давра дарк гардид, ки на танҳо дар кадом шароиту паси кадом миз нишастани кӯдак, балки он чизе, ки ӯ меомӯзад, низ аҳамияти калон дорад. Аз соли 2018 таҳияи китобҳои дарсии насли нав оғоз ёфт. Барномаи миллии рушди маорифи халқ барои солҳои 2022–2026 қабул гардид. Барномаи миллии таълим ҷорӣ шуда, низоми баҳодиҳӣ ва ҳавасмандгардонии малакаи омӯзгорон дар асоси сертификатҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардид. Муҳимтар аз ҳама, Ӯзбекистон бори аввал дар таҳқиқоти байналмилалӣ, аз ҷумла PISA, иштирок карда, ҷуръат намуд, ки ба низоми маорифи худ аз нигоҳи беруна ва беғаразона назар андозад.
Марҳилаи сеюм — сифат ва натиҷанокӣ. Барномаи миллии аввал маҳз оғози ҳамин марҳила мебошад. Акнун самаранокии ислоҳот аз рӯйи он муайян мешавад, ки хонанда чӣ қадар дониш дорад ва кадом корҳоро мустақилона иҷро карда метавонад. Соли ҷорӣ ба анҷом расидани барномаи рушди маорифи халқ барои солҳои 2022–2026 ва иваз шудани он бо барномаи даҳсолаи миллӣ низ аз гузариши табиӣ ба ин марҳила шаҳодат медиҳад.
Низоми ягона: марҳилаи нави идоракунии соҳаи маориф
Оғози марҳилаи сеюм ба тағйироти муҳиме дар низоми идоракунии давлатӣ низ рост омад. Мувофиқи фармони Президенти мамлакат аз 3 октябри соли 2026 таҳти рақами ПФ-213 дар заминаи Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ ва Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия Вазорати ягонаи маориф ва илм таъсис дода шуд.
Мазмуни ин қарор одӣ ва равшан аст. Акнун тамоми марҳилаҳои таълим, аз боғча то илм, ҳамчун низоми ягонаи ба ҳам алоқаманд идора карда мешаванд. Пештар барои омодагии хатмкунандаи мактаб як идора ва барои таҳсили ӯ дар донишгоҳ идораи дигар масъул буд. Акнун таълими мактабӣ бо таҳсилоти касбӣ ва олӣ, таҳсилоти олӣ бошад, бо фаъолияти илмӣ робитаи мустақим пайдо мекунад. Ин тағйирот таҷассуми амалии ғояи чаҳор ҳалқаи ба ҳам пайвасти Ренессанси сеюм дар низоми идоракунӣ мебошад.
Бо қарори Ҳукумат аз 19 октябр таҳти рақами ПҚ-380 сохтори вазорати нав муайян гардид. Дар ҳайати он Агентии баҳодиҳии дониш ва малака, Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва баҳодиҳии соҳаи маориф ва илм, инчунин Фонди рушди сармояи инсонӣ таъсис дода мешаванд. Дар назди вазир Шӯрои ҷамъиятӣ аз намояндагони хонандагон, падару модарон, омӯзгорон ва корфармоён ташкил карда мешавад. Барои қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон маркази тамос (call-марказ) ва низоми бозхӯрд низ ба фаъолият оғоз мекунанд. Дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат бошад, гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи стратегияи рушди сармояи инсонӣ ва таҳсилоти муттасил таъсис ёфт.
Ин сохторҳо ба баҳодиҳии холисонаи дониш ва малака, қабули қарорҳо дар асоси таҳлил ва таъмини ҳисоботдиҳии соҳа дар назди ҷомеа мусоидат мекунанд. Сарвари давлат 7 октябр зимни муаррифии пешниҳодҳо оид ба ташкили фаъолияти вазорати нав махсус таъкид кард, ки марҳилаҳои таълим бояд ҳамчун низоми ягона амал кунанд ва, бахусус, робитаи пайвасти мактаб бо донишгоҳ мустаҳкам карда шавад.
Ҳалқаи аввал: боғча — сармоягузории сердаромадтарин
Занҷираи дониш аз боғча оғоз меёбад. Ин андеша аз нигоҳи илмӣ низ асоснок шудааст. Тибқи таҳқиқоти иқтисодшинос Ҷеймс Ҳекман, барандаи ҷоизаи Нобел, маблағгузории таълими кӯдакон дар синни барвақтӣ аз ҳама бештар самараи иқтисодӣ медиҳад. Қобилияти кунҷковӣ, сабру таҳаммул ва ҳамкорӣ дар гурӯҳ, ки дар синни томактабӣ ташаккул меёбанд, ба тамоми ҳаёти минбаъдаи инсон таъсир мерасонанд.
 Дар даҳ соли охир дар кишвари мо 1,8 миллион ҷойи нави боғча фароҳам оварда шуда, фарогирии кӯдакон ба таълими томактабӣ ба 78 фоиз расид. Ин натиҷа дар шароите ба даст омадааст, ки аҳолии мамлакат ҳашт миллион нафар зиёд шудааст. Акнун барномаи миллӣ ҳадафи боз ҳам мушаххастар мегузорад: тамоми кӯдакони шашсола, яъне 100 фоизи онҳо, бояд ба гурӯҳҳои омодагии мактабӣ фаро гирифта шаванд.
Дар ин самт ба баланд бардоштани сифат низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад. Барномаи нави таълим дар асоси омӯзиш тавассути бозӣ ба беш аз 180 ҳазор мураббӣ омӯзонида шуда, то охири сол дар ҳамаи беш аз 38 ҳазор боғча ҷорӣ карда мешавад. Аз 1 январи соли 2027 хароҷоти ҷойгир кардани кӯдакони 2–3-солаи модарони шуғлдошта дар боғчаҳои оилавӣ аз ҷониби давлат пардохт карда мешавад. Ин қарор дар баробари таълими кӯдакон барои таъмини шуғли занон низ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳалқаи дуюм: мактаб — ҳақиқати паси рақамҳо
Дар соҳаи таълими мактабӣ якуним миллион ҷойи нави таҳсил фароҳам оварда шуда, беш аз 10 ҳазор мактаб навсозӣ гардид. Аммо оинаи ҳақиқии сифати таълим дониши хонанда аст. Дар ин масъала арзёбии беғаразонатаринро таҳқиқоти байналмилалии PISA пешниҳод мекунад.
Соли 2022, вақте ки бори аввал дар ин таҳқиқот иштирок кардем, натиҷаҳо чандон қаноатбахш набуданд. Аз фанҳои табиатшиносӣ бо гирифтани 355 хол кишвари мо дар зинаҳои охири рӯйхат қарор гирифт. Ин натиҷа пинҳон карда нашуд ва аз он хулосаҳои зарурӣ бароварда шуданд. Тибқи натиҷаҳои PISA-2025, хонандагони мо аз фанҳои табиатшиносӣ 438 хол ба даст оварда, дар байни 91 кишвару минтақа мақоми 48-умро ишғол карданд. Ин пешравии 83-хола, тибқи арзёбии мутахассисон, тақрибан ба чор соли таҳсил баробар буда, аз рӯйи ин нишондиҳанда Ӯзбекистон ба қатори кишварҳои дорои натиҷаҳои баландтарини ҷаҳон шомил гардид.
Бо вуҷуди ин, гузориши байналмилалӣ моро водор мекунад, ки ба дастовардҳо қонеъ нашуда, вазъро амиқтар таҳлил намоем. Қариб сеяки хонандагони мо аз фанҳои табиатшиносӣ ҳанӯз ба сатҳи ибтидоии дониш нарасидаанд. Танҳо ним фоизи хонандагон натиҷаи сатҳи баландро нишон додаанд. Натиҷаҳои хондан ва математика бинобар ошкор шудани номувофиқатӣ дар маълумот эълон карда нашуданд. Ин ҳолат бори дигар хотиррасон мекунад, ки ростқавлӣ ва шаффофият дар низоми таълим мисли бино ва китобҳои дарсӣ сармояи стратегӣ мебошанд. Ҳар гуна ислоҳот танҳо дар сурати такя ба маълумоти боэътимод метавонад самти дурустро пайдо кунад.
Аз ин нуқтаи назар, ташаббусҳое, ки Президенти мамлакат рӯзи 30 сентябр дар мулоқот бо омӯзгорону мураббиён пешниҳод кард, барои ҳалли масъалаҳои муҳими таълими мактабӣ аҳамияти калон доранд. Аз ҷумла, дар синфҳое, ки шумораи хонандагон аз 25 нафар зиёд аст, дарсҳои математика, физика, химия ва биология ба ду гурӯҳ тақсим карда мешаванд. Аз соли нави таҳсил дар баъзе синфҳои 100 мактаб фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ пурра ба забони англисӣ таълим дода мешаванд. Мактабҳо дар асоси индекси сифат баҳогузорӣ ва ба гурӯҳҳо ҷудо мегарданд. Ҷамоаҳои пешсафе, ки ба дигар мактабҳо кумак мерасонанд, ҳавасманд карда мешаванд.
Ба ҷойи курсҳои ҳатмии якмоҳаи такмили ихтисос барои омӯзгорон низомҳои ваучерии 18–72-соата ҷорӣ мешаванд, ки омӯзгорон метавонанд онҳоро мустақилона интихоб кунанд. Барои қадрдонии омӯзгорони беҳтарини тамоми зинаҳои таълим ҷоизаи нави давлатии ба номи Абдулло Авлонӣ таъсис дода мешавад.
Дар ин раванд нақши омӯзгор ҳалкунанда аст. Агар панҷ сол пеш шумораи омӯзгорони дорои сертификатҳои байналмилалӣ ё миллӣ 29 ҳазор нафарро ташкил медод, имрӯз ин рақам ба 143 ҳазор нафар расидааст. Зиёда аз 40 ҳазор омӯзгор дар як моҳ беш аз 1000 доллар ва 1500 нафари онҳо беш аз 2000 доллар маош мегиранд. Таҷрибаи Финландия ва Эстония, ки дар Аврупо аз рӯйи натиҷаҳои PISA пешсафанд, низ ҳаминро тасдиқ мекунад: сифати таълим аз сифати омӯзгор баландтар буда наметавонад. Дар ин кишварҳо омӯзгорӣ яке аз касбҳои бонуфуз ба ҳисоб рафта, барои таҳсил дар риштаи омӯзгорӣ довталабони қобилиятноктарин интихоб мешаванд.
Ташаббусҳои Президент: муайян кардани истеъдод аз синни барвақтӣ ва малакаҳои рақамӣ
Дар тағйироти соҳаи таълими мактабӣ муассисаҳои нави таълимие, ки бо ташаббуси Сарвари давлат таъсис ёфтаанд, мавқеи хос доранд. Шабакаи мактабҳои Президентӣ, мактабҳои эҷодӣ ва мактабҳои махсусгардонидашуда имкон дод, ки низоми муайян кардани кӯдакони болаёқат аз синни барвақтӣ ва таълими онҳо дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ташаккул ёбад. Имсол ба даст овардани 228 медал аз ҷониби хонандагони мо дар олимпиадаҳои бонуфузи фаннӣ самаранокии ин низомро равшан нишон медиҳад.
Масъалаи рушди малакаҳои рақамӣ низ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Лоиҳаи «Як миллион барномасоз» ба доираи васеи ҷавонон имконият дод, ки асосҳои барномасозиро омӯзанд. Бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 31 декабри соли 2025 идомаи мантиқии ин ташаббус — лоиҳаи «Панҷ миллион пешсафи зеҳни сунъӣ» оғоз гардид. Ҳадафи лоиҳа ҷалби ҷавонон ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани дониш ва малакаҳои рақамии онҳо ва роҳнамоӣ ба касбҳои сердаромад мебошад.
Ташаббусҳое, ки дар мулоқоти рӯзи 30 сентябри соли ҷорӣ пешниҳод шуданд, низ идомаи ҳамин самт мебошанд. Аз соли оянда барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ олимпиадаҳои фаннӣ ташкил карда мешаванд. Барои рушди мактабҳои ғайридавлатӣ дар 52 ноҳия қарзҳои имтиёзнок ва субсидия ҷудо шуда, биноҳои холии давлатӣ ба муҳлати 10 сол ба иҷораи ройгон дода мешаванд. Шумораи мактабҳои фарогир бошад, дар ду сол қариб панҷ баробар афзуда, ба 3591 адад мерасад. Ин таҷассуми амалии сиёсати фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҳар як кӯдак мебошад.
Ҳалқаи сеюм: касб — аз диплом ба малака
Солҳои зиёд дар ҷомеаи мо андешаи «фарзандам ҳатман бояд соҳиби маълумоти олӣ шавад» бартарӣ дошт. Дар натиҷа, дар баъзе соҳаҳо шумораи мутахассисони дорои диплом, вале бе малакаи амалӣ зиёд шуда, норасоии устоҳои моҳир, кафшергарон, барқчиён ва ҳамшираҳои шафқат ба миён омад. Ҳадафи барномаи миллӣ бартараф кардани ҳамин номутаносибӣ мебошад. Мувофиқи он, як миллион ҷавон ба касбҳои сердаромад омӯзонида шуда, ҳар як писару духтар бояд ҳадди ақал як касбро аз худ кунад ва дар ҳамаи техникумҳо стандартҳои байналмилалии таълим ҷорӣ карда шаванд.
Дар ин самт аллакай натиҷаҳои аввалин ба даст омадаанд. Дар ду соли охир дар 104 техникум барномаҳои байналмилалӣ ҷорӣ гардида, 25 ҳазор корхона бо техникумҳо ҳамкорӣ доранд. Зиёда аз 100 ҳазор донишҷӯ ҳанӯз дар давраи таҳсил даромад ба даст меоранд. Ба донишҷӯёне, ки дар низоми таҳсилоти дуалӣ таҳсил мекунанд, то 1,3 миллион сӯм стипендия пардохт мешавад.
Мувофиқи фармони Президенти мамлакат аз 16 феврали соли 2026 таҳти рақами ПФ-22 аз соли таҳсили 2026/2027 дар ҳафт минтақа «Шаҳракҳои касб» ташкил карда мешаванд, ки хонандагони мактабҳоро ба касбҳои муосир роҳнамоӣ мекунанд. Ҳамчунин 24 маркази арзёбии малакаҳо таъсис дода мешавад, ки сертификатҳои аз ҷониби бозори меҳнат эътирофшаванда медиҳанд. Аз соли оянда ба устоҳои таълими истеҳсолӣ, ки соҳиби сертификати байналмилалӣ мебошанд, 50 фоиз иловапулӣ муқаррар мегардад. Ҳар сол 500 нафар усто барои такмили ихтисос ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Барои техникумҳои ғайридавлатӣ низ имтиёзҳои андозию заминӣ пешбинӣ шудаанд.
Таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки обрӯю эътибори таҳсилоти касбӣ аз муносибати ҷомеа ба он вобаста аст. Дар Швейтсария тақрибан аз се ду ҳиссаи ҷавонон баъди хатми мактаб роҳи таҳсилоти касбиро интихоб мекунанд ва ҷомеа ин интихобро ҳамчун роҳи комилан арзишманд қабул мекунад. Дар низоми дуалии Олмон бошад, ҷавонон як қисми ҳафтаро дар корхона ва қисми дигарашро дар муассисаи таълимӣ мегузаронанд ва ҳамчун мутахассисони омодаи кор ба бозори меҳнат ворид мешаванд. Дар ин ду кишвар сатҳи бекории ҷавонон ҳамеша дар қатори пасттарин нишондиҳандаҳои Аврупо қарор дорад, ки самаранокии чунин низомро низ тасдиқ мекунад.
Ҳалқаи чорум: донишгоҳ — аз корхонаи дипломдиҳӣ ба маркази илм
Тағйирот дар соҳаи таҳсилоти олӣ воқеан миқёси таърихӣ доранд. Соли 2023 фарогирии ҷавонон ба таҳсилоти олӣ ба 42 фоиз расида, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз 77 ба 212 адад афзуд.
Имрӯз дар донишгоҳҳои мамлакат беш аз 1,6 миллион донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки беш аз нисфи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Тавре Президенти мамлакат таъкид кардааст: «Духтари донишманд — оилаи донишманд ва насли донишманд».
Акнун вазифаи асосӣ аз фарогирӣ ба баланд бардоштани сифат мегузарад. Тибқи барномаи миллӣ, ҳадди ақал 10 муассисаи таҳсилоти олии мо бояд ба қатори 1000 донишгоҳи бонуфузи ҷаҳон шомил шаванд. Ҳоло ҳафт донишгоҳи мо аз рӯйи 17 самти фаннӣ дар рейтингҳои байналмилалӣ ҷой гирифтаанд.
Барои расидан ба ин ҳадаф низоми идоракунии донишгоҳҳо низ тағйир меёбад. Аз се ду ҳиссаи аъзои шӯроҳои нозиронро намояндагони бахши хусусӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ҳар як донишгоҳ вазифадор мешавад, ки ҳамасола на кам аз 50 китоби дарсӣ таҳия кунад. Ҳамчунин барои ҷалби филиалҳои 300 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон чораҳо андешида мешаванд.
Ҷорӣ гардидани низоми таҳсилоти дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ қадами муҳим мебошад. Аз соли оянда дар 75 донишгоҳ ва аз соли 2028 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ донишҷӯён ҳамзамон бо таҳсил дар корхонаҳо низ фаъолият мекунанд. Нисфи маоши донишҷӯеро, ки корхона ба кор қабул мекунад, давлат пардохт менамояд. Ин яке аз механизмҳои амалии бартараф кардани фосилаи байни назария ва амалия мебошад.
Занҷираи муттасил: омӯзиш дар тамоми умр
Ин ҳалқаи занҷираи дониш аксар вақт аз мадди назар дур мемонад. Ҳол он ки технологияҳо чунон босуръат тағйир меёбанд, ки табиист, дониши дар 20-солагӣ гирифташуда дар 40-солагӣ дигар кофӣ набошад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки зеҳни сунъӣ босуръат рушд мекунад, модели «як бор хондану як умр кор кардан» дигар самаранок нест.
Сингапур яке аз кишварҳоест, ки ин воқеиятро барвақт дарк кардааст. Соли 2015 дар ин кишвар ҳаракати миллии «SkillsFuture» оғоз ёфт ва ба ҳар як шаҳрванди калонсол барои аз худ кардани малакаҳои нав қарзи махсуси омӯзишӣ ҷудо карда шуд. Дар натиҷа, муҳосиби 45-сола ва ронандаи 50-сола низ имконият пайдо карданд, ки касби мувофиқ ба талаботи замонро аз нав омӯзанд.
Дар кишвари мо низ дар ин самт қадамҳои аввал гузошта мешаванд. Марказҳои арзёбии малакаҳо ва низоми ваучерии такмили ихтисоси омӯзгорон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ба Вазорати нави маориф ва илм вазифаи бозомӯзии кадрҳо, танзими таҳсилоти иловагӣ ва ғайрирасмӣ низ вогузор шудааст. Таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи стратегияи таҳсилоти муттасил низ қадами муҳим дар ин самт мебошад. Аммо ташкили низоми мукаммали бозомӯзии аҳолии калонсол, бахусус ҳамватаноне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегарданд, яке аз вазифаҳои муҳими солҳои оянда боқӣ мемонад.
Саволҳои боз ё марҳилаи минбаъдаи ислоҳот
Қудрати ҳар гуна ислоҳот на танҳо дар дастовардҳои он, балки дар қобилияти ошкоро эътироф кардани мушкилот низ зоҳир мешавад. Дар раванди татбиқи барномаи миллии аввал як қатор масъалаҳое ҳастанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ва мутахассисонро талаб мекунанд.
Якум, фарқияти байни шаҳр ва деҳот. Агар имкониятҳои хонандаи мактаби пойтахт ё маркази вилоят аз имкониятҳои хонандаи мактаби деҳаи дурдаст фарқ кунанд, нишондиҳандаҳои умумимиллӣ наметавонанд вазъи воқеиро пурра инъикос намоянд. Аз ин рӯ, муваффақияти барномаи миллиро танҳо бо рақамҳои миёна баҳогузорӣ кардан кофӣ нест. Он бояд аз рӯйи натиҷаи минтақаҳои аз ҳама ақибмонда низ муайян карда шавад.
Дуюм, таъминот бо омӯзгорон. Ҳарчанд норасоии омӯзгорон дар мактабҳо дар солҳои охир се баробар кам шудааст, тақсим кардани синфҳо ба гурӯҳҳо ва таълими фанҳо ба забони англисӣ талаботро ба кадрҳои баландихтисос боз ҳам зиёд мекунад. Муҳим аст, ки дар ин раванд байни суръат ва сифати омодасозии мутахассисон мувозинат нигоҳ дошта шавад.
Сеюм, робитаи таълим бо бозори меҳнат. Агар байни ихтисосҳое, ки ҷавонон меомӯзанд ва касбҳое, ки ба иқтисодиёт заруранд, номутаносибӣ боқӣ монад, эҳтимол дорад ҷойҳои кории сердаромад холӣ монда, ҷавонони соҳибихтисос бекор шаванд. Аз ин рӯ, супориши дар давоми се моҳ таҳия намудани пешниҳодҳо оид ба роҳнамоии касбӣ аз давраи мактаб ва пайвастани он бо марҳилаҳои минбаъдаи таҳсилот хеле бамаврид аст.
Чорум, эътимоднокии маълумот. Таҷрибаи PISA нишон дод, ки бе низоми баҳодиҳии одилона ва шаффоф ҳеҷ гуна ислоҳот самараи пурраи худро нишон дода наметавонад. Ҳар гуна беинсофӣ ҳангоми гузаронидани санҷиш метавонад худи арзёбии байналмилалии низоми маорифи миллиро зери шубҳа гузорад.
Масъулияти ҳар як ҳалқа
Татбиқи барномаи миллӣ танҳо вазифаи вазорату ҳокимиятҳо нест. Тақдири он ба интихоби ҳаррӯзаи ҳар яки мо вобаста мебошад.
Эътироф шудани падару модарон аз ҷониби Президенти мамлакат ҳамчун ҳалқаи панҷуми Ренессанси сеюм низ ҳамин масъулиятро ифода мекунад. Барои падару модарон ин маънои онро дорад, ки фарзандонашонро сари вақт ба таълими томактабӣ фаро гиранд, дар баробари баҳо ба дониш ва малакаҳои онҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд ва ҳангоми интихоби касб на обрӯю эътибори он, балки қобилияти фарзанд ва мувофиқати касби интихобшуда ба талаботи ояндаи бозори меҳнатро дар мадди аввал гузоранд.
Масъулияти ҳар як ҳалқа
Татбиқи барномаи миллӣ танҳо вазифаи вазорату ҳокимиятҳо нест. Тақдири он ба интихоби ҳаррӯзаи ҳар яки мо вобаста мебошад.
Эътироф шудани падару модарон аз ҷониби Президенти мамлакат ҳамчун ҳалқаи панҷуми Ренессанси сеюм низ ҳамин масъулиятро ифода мекунад. Барои падару модарон ин маънои онро дорад, ки фарзандонашонро сари вақт ба таълими томактабӣ фаро гиранд, дар баробари баҳо ба дониш ва малакаҳои онҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд ва ҳангоми интихоби касб на обрӯю эътибори он, балки қобилияти фарзанд ва мувофиқати касби интихобшуда ба талаботи ояндаи бозори меҳнатро дар мадди аввал гузоранд.
Барои коргарону хизматчиён ин аз худ кардани технологияҳои нав ва мунтазам баланд бардоштани дониш ва малакаҳои касбиро талаб мекунад. Барои соҳибкорон бошад, фароҳам овардани шароит барои таҷрибаомӯзии амалии донишҷӯён дар корхонаҳо ва арзёбии таҳсилоти дуалӣ ҳамчун сармоягузорӣ ба омода кардани кадрҳои оянда муҳим аст. Барои олимону омӯзгорон бошад, ин маънои талош барои такмили дониш ва иқтидори худ дар асоси меъёрҳои байналмилалиро дорад.
Нақши Парламент низ дар ин раванд муҳим аст. Барои расидан ба ҳадафҳои дар барномаи миллӣ пешбинишуда баҳодиҳии берунаи сифати таълим ва малака, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар техникумҳо, эътирофи тахассусҳо ва таҳкими заминаи ҳуқуқии низоми таҳсилоти дуалӣ зарур мебошад.Дар нақшаи кории Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис барои соли 2026 низ таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили механизмҳои назорати берунаи сифати таълим ва шунидани маълумоти вазорат дар бораи таълими зеҳни сунъӣ дар мактабҳо пешбинӣ шудааст. Мувофиқи фармони ПФ-213, вазорати нав дар давоми ду моҳ бояд оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунгузорӣ пешниҳодҳо таҳия кунад. Баррасии босифати ин пешниҳодҳо ва таъмини ҳисоботдиҳии соҳа дар назди ҷомеа аз вазифаҳои муҳими наздиктарини Палатаи қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад. Назорати доимии он ки маблағҳои ба соҳаи маориф равонашуда ба мақсади худ хизмат мекунанд ва натиҷа медиҳанд, вазифаи асосии намояндагони халқ аст.
Номи аҷдодони бузурги мо — Хоразмӣ, Берунӣ, Ибни Сино ва Улуғбек имрӯз ҳам дар ҷаҳон бо эҳтиром ёд мешавад. Онҳо ба мо гаронбаҳотарин сарват — мероси донишро боқӣ гузоштаанд. Як аср пеш маърифатпарварони ҷадид низ таъкид карда буданд, ки роҳи ягонаи бедории миллат мактабу маърифат аст. Ислоҳоти имрӯза, ки ба бунёди пояҳои Ренессанси сеюм равона шудааст, марҳилаи нави ҳамин роҳи таърихӣ мебошад.
Духтарчае, ки дар оғози мақола зикр кардем, соли 2036, замоне ки давраи рушди миллӣ ба анҷом мерасад, дар синфҳои миёнаи мактаб таҳсил хоҳад кард. Соли 2041 бошад, мактабро хатм карда, касби худро интихоб мекунад. Ӯ чӣ гуна инсон ба воя мерасад? Мактаб, омӯзгор, интихоби касб ва хоҳиши омӯзиши ӯ чӣ гуна хоҳад буд? Ҷавоби ин саволҳо имрӯз дар ҳар як боғча, мактаб, техникуму донишгоҳ ва ҳар як оила ташаккул меёбад.
Моҳияти барномаи миллии аввал низ дар ҳамин аст. Он моро водор мекунад, ки ба дониш ҳамчун боэътимодтарин сармоягузорӣ ба оянда назар кунем. Зеро сарватҳои зеризаминӣ рӯзе ба охир мерасанд, аммо дониш ҳар қадар тақсим карда шавад, ҳамон қадар меафзояд.

Ойбек ҚӮШБАҚОВ,
мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти парламентии назди Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.
ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: