Чаро баъди қаҳва ҳам хоб меояд?

Мутахассиси ширкати саҳомии «Медицина» (клиникаи академик Ройтберг) Максим Новиков дар суҳбат бо нашрияи «Газета.Ру» шарҳ дод, ки чаро ҳангоми бехобии музмин ё вайрон шудани реҷаи хоб қаҳва на ҳамеша инсонро бедору ҳушёр мекунад, балки метавонад баръакс, эҳсоси хоболудиро ба вуҷуд орад.

Ба гуфтаи мутахассис, кофеин дар организм энергия тавлид намекунад. Таъсири он ба механизме вобаста аст, ки ҷамъшавии аденозинро, яъне моддаеро, ки дар пайдоиши эҳсоси хастагӣ нақш дорад, бозмедорад.
Кофеин муваққатан намегузорад, ки аденозин ба ретсепторҳои муайяни мағзи сар таъсир расонад. Аз ин рӯ, инсон метавонад худро бардам ва серғайрат ҳис кунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки эҳтиёҷи организм ба хоб аз байн меравад.
Аз ҳамин сабаб қаҳва метавонад хастагиро танҳо муваққатан пинҳон кунад. Агар инсон чанд шаб пайиҳам кам хоб равад, як пиёла қаҳва наметавонад камбуди хобро ҷуброн намояд. Он танҳо эҳсоси хастагиро барои муддате кам мекунад.
Ҳамзамон, таъсири кофеин дар организми одамон яксон нест. Суръати коркарди он аз хусусиятҳои фардӣ, синну сол, ирсият ва омилҳои дигар вобаста мебошад, менависад Lenta.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: