Ҷашнвораи адабӣ-маърифатӣ аҳли қаламро гирдиҳам овард

29 октябр маҷмааи илмӣ-маърифатӣ ва сайёҳии «Бурҳониддин Марғинонӣ»-и шаҳри Марғелон, ки ҳамчун «Гавҳари водӣ» низ маълум аст, ба маросими бошукӯҳи «Ҷашнвораи байналмилалии адабиёт ва китобхонӣ» мизбонӣ намуд. Ин чорабинии фарҳангӣ таҳти шиори «Дӯстии адабӣ – дӯстии абадӣ!» сурат гирифт.

Шерзодҷон Полвонов, муовини ҳокими вилояти Фарғона дар маросими ифтитоҳи ҷашнвораи байналмилалӣ меҳмононро ба маҷмааи тозабунёди «Бурҳонуддин Марғинонӣ» самимона хайрамақдам гуфт.

– Ғояи асосии ҷашнвора нияти нек, муколамаи самимӣ ва арзишҳои муштаракро дар худ таҷассум менамояд. Бешубҳа, адабиёт як нерӯи беҳамтои маънавӣ аст, ки қалбҳои мардумро муттаҳид мекунад ва эҳтиром ва ҳамбастагиро тақвият медиҳад. Барои ҳамин  иштироки аҳли адабу фарҳанги беш аз 15 кишвари ҷаҳон, ки аз Тоҷикистон, Туркия, Озарбойҷон, Арабистони Саудӣ, Беларус, Қирғизистон, Амрико, Русия, Туркманистон ва амсоли он ба вилояти мо ташриф овардаанд, нуфузи ин ҷашнвораро боз афзун хоҳанд кард, – афзуд Полвонов.

Дар ҳавлии рамзии Мирзокарим Қутидор, ки дар як самти маҷмааи «Бурҳонуддин Марғинонӣ» ҷойгир шудааст ва тамошои он пеши назар манзараҳои дар китоби «Рӯзҳои мозӣ»-и Абдулло Қодирӣ инъикосёфтаро ҷилвагар месозад, маросими шеърхонӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар он чеҳраҳои маъруфи адабӣ ва эҷодкорон ба қироати шаърҳое пардохтанд, ки ба забонҳои гуногун садо дод. Бе муҳобот, он ба қироати шеъри байналмилал мубаддал гардид, ки аз худ таассуроти хеле бузург боқӣ гузошт.

– Ҳар гуна ҳамоише, ки дар он шеъру ғазалу рубоӣ садо медиҳанд, ҳатман гуворову диққатҷалбкунандаанд ва дар таҳкими дӯстиву рафоқат, ҳамкории фарҳангӣ ва барқарор гардидани робитаҳои адабии байни халқҳо низ мусоидат хоҳанд кард, – мегӯяд шоир, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона Масъуди Мирзо.

Вай меафзояд, ҳаргиз интизор набуд, ки бо шоири тавонои тоҷик Сиёвуш маҳз дар ин ҷашнвора рӯ ба рӯ мешавад. Ба гуфтаи Масъуди Мирзо шоир Сиёвуш, ки баъди солҳои дароз аз муҳоҷирату мусофират чанд моҳ пеш ба Тоҷикистон баргаштааст, дӯсти даврони ҷавонияш мебошад.

Ногуфта намонад, ки ҳамроҳи ӯ ёвари раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Акбар Абдулло, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии ӯзбектаборони вилояти Суғд Илҳомҷон Юсупов ва чанд тани дигар ба намояндагӣ аз аҳли адабу маърифат низ омадаанд, то ки дар ин ҷашнвораи байналмилалии «Дӯстии адабӣ – дӯстии абадӣ!» ширкат варзанд.

 Акнун тамоми се рӯз, яъне то 31 октябр шаҳри Марғелон бо ин шаҳристони пур аз манораву гумбаз ба маркази адабиёт, маърифат ва муколамаи эҷодӣ табдил хоҳад ёфт. Дар он нависандагон ва шоирон, чеҳраҳои барҷастаи адабӣ, инчунин намояндагони ТУРКСОЙ бо баргузор кардани конфронсҳои илмиву адабӣ ва маърифатӣ мавзӯъҳои гуногунро баррасӣ мекунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: