Президенти Ӯзбекистон дар ҳамоиши СДТ ташаббусҳои муҳимро пешбарӣ кард

  • Президенти Ӯзбекистон дар ҳамоиши СДТ ташаббусҳои муҳимро пешбарӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар ҳамоиши СДТ ташаббусҳои муҳимро пешбарӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар ҳамоиши СДТ ташаббусҳои муҳимро пешбарӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон дар ҳамоиши СДТ ташаббусҳои муҳимро пешбарӣ кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 30 октябр дар Ҳамоиши13-уми Созмони давлатҳои туркӣ, ки дар шаҳри Анқара доир гардид, иштирок намуд.

Дар чорабинӣ, ки таҳти шиори «Асри туркӣ: ваҳдат дар забон, фикр ва кор» баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов ва Саркотиби Созмони давлатҳои туркӣ Кубаничбек Омуралиев низ иштирок карданд.

Иштирокдорони ҳамоиш масъалаҳои мубрами рӯзномаро баррасӣ намуда, дурнамои амиқсозии ҳамкориҳои амалӣ миёни кишварҳои узвро муҳокима карданд.

Сарвари давлатамон дар оғози суханронии худ ба Президенти Туркия барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ҳамоиш дар шаҳри Анқара, ки дар чорроҳаи тамаддунҳои бузург ҷойгир аст, изҳори сипос кард.

Инчунин, таъкид гардид, ки дар арафаи чорабинӣ дар боғи хушманзараи «Бештепа» ифтитоҳ гардидани маҷмааи милливу фарҳангии кишварҳо қадами муҳим дар роҳи ҳифзу гиромидошти мероси муштараки халқҳои бародар мебошад ва ин ёдгории рамзӣ ба тимсоли равшани ваҳдати ҷаҳони туркӣ табдил хоҳад ёфт.

Президент таъкид намуд, ки имрӯз низоми муносибатҳои байналмилалӣ куллан тағйир ёфта, рақобати геосиёсӣ шиддат мегиранд, зиддиятҳое, ки дар минтақаҳои атрофи ҷаҳони туркӣ мушоҳида мешаванд, ба амният ва дурнамои рушди кишварҳо таъсири манфӣ мерасонанд.

Аз ин рӯ, боз ҳам муттаҳид намудани Созмони давлатҳои туркӣ ба сифати майдони эътимоди мутақобила ва шарикии амалӣ муҳим арзёбӣ гардид.

– Ҳамаи мо дар ин роҳи нек якдил ҳастем ва барои ба ҳамбастагии туркӣ сафарбар намудани неруву ғайрати худ омодаем, – гуфт роҳбари Ӯзбекистон.

Сарвари давлатамон ҷиҳати ба марҳалаи нав баровардани ҳамкориҳо миёни кишварҳои туркӣ як қатор ташаббусҳои муҳимро пешбарӣ кард.

Дар доираи Созмон баргузории машваратҳои мунтазами сиёсӣ оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъ ва талошҳо муҳиманд. Бо ин мақсад пешниҳод шуд, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои сеюм дар қолаби «Созмони давлатҳои туркӣ плюс» аз баргузории мулоқотҳои вазирони соҳавӣ оғоз гардад.

– Ин мулоқотҳо бояд ба татбиқсозии лоиҳаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаҳои савдо, нақлиёт, сармоягузорӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок нигаронида шаванд, – таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.

Қабули барномаи «Ҷаҳони туркӣ – 100», ки сад лоиҳаи муштараки стратегии соҳаҳои сармоягузорӣ ва саноат, аз ҷумла коркарди маъданҳои нодир ва маҳаллисозии истеҳсоли таҷҳизоти энергетикаи «сабз»-ро фаро мегирад, пешниҳод гардид. Дар ин замина, ҷалби захираҳои Фонди сармоягузории туркӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ба татбиқсозии ин лоиҳаҳо аҳамияти хоса дорад.

Инчунин, барои ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон ташаббуси таҳияи Созишномаи бисёрҷониба «Дар бораи пешниҳоди ёрии ҳуқуқии мутақобила оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ» ва таъсиси платформаи рақамӣ барои мубодилаи электронии дархост ва ҳуҷҷатҳои марбут ба кумакрасонии ҳуқуқӣ пешбарӣ гардид.

Дар шароити кунунӣ, ки занҷираҳои таъминоти ҷаҳонӣ тағйир меёбанд, мавқеи ҷуғрофӣ ва имкониятҳои транзитии кишварҳои туркӣ аҳамияти рӯзафзуни стратегӣ касб мекунанд.
Бо мақсади ба низоми ягонаи иқтисодӣ табдил додани долони миёна, таъсис додан ва ба якҷоя идора кардани «Шабакаи маҷмааҳои логистикии давлатҳои туркӣ» пешниҳод шуд. Ин иқдом барои густариши иштироки кишварҳои мо дар ҳамлу нақли байналмилалии бор ва соҳаи логистика, инчунин, афзудани манфиатҳои иқтисодии онҳо имкон медиҳад.

Бо мақсади тавсеаи иқтидори соҳаи сайёҳӣ таъсиси «Алянси сайёҳии туркӣ», инчунин таҳияи созишномаи бисёрҷониба оид ба соддагардонии сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон ва васеъ намудани имкониятҳои сафар дар асоси ID-кортҳо пешниҳод гардид.

Гуфта шуд, ки дар доираи «Стипендияи Ӯзбекистони Нав», ки дар кишвари мо барои ҷавонони хориҷӣ таъсис ёфтааст, ҳамасола ба намояндагони давлатҳои туркӣ грантҳои таълимӣ ҷудо карда мешаванд.

Инчунин, барои дастгирии ташаббуси чун «Соли ҳифзи табиат» эълон кардани соли 2027 сипосгузорӣ намуда, бо мамнуният таъкид гардид, ки Ҷоизаи байналмилалӣ ба номи мутафаккири бузург ва арбоби давлатӣ Алишер Навоӣ, ки бо пешниҳоди Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, ба Арбоби шоистаи санъати Қазоқистон, сафир Дюсен Касеинов супурда шудааст.

Ҳазрати Алишер Навоӣ, ки тамоми умри худро ба рушди забони туркӣ бахшидааст, таъкид карда буд, ки «Ба забон беихтиёрӣ – ба миллат беэътиборӣ». Бо назардошти шиори ҳамоиши имрӯза, ташаббуси офаридани «Луғати вожаҳои умумитуркӣ», ки барои ҳамаи халқҳои туркӣ яксон фаҳмо буда, калимаҳои муштараки он забонҳоро фаро мегирад, пешниҳод гардид.

– Бовар дорам, ки ҳамоиши имрӯзаи Анқара дар роҳи ноил шудани мо ба ҳадафҳои наҷиб, ғояи ҳамбастагӣ ва нақшаҳои бузургамон қадами муҳим хоҳад буд. Зеро орзуву ният ва талошҳои ҳамаи мо муштараканд. Агар мо муттаҳид шавем, боз ҳам нерумандтар мешавем. Ҳамҷиҳат бошем, албатта ба марраҳои боз ҳам бузургтар мерасем, – гуфт роҳбари давлат дар анҷоми суханронии худ.

Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки номзади намояндаи Ӯзбекистон Мирвоҳид Азимов ба вазифаи Саркотиби Созмони давлатҳои туркӣ дастгирӣ ёфта, ҳамоиши навбатӣ соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар анҷом Эъломияи Анқара ва як қатор санадҳои дигар, ки ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳои узви созмон нигаронида шудаанд, қабул гардиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: