Аълоҳазрат ҷаноби Реҷеп Таййип Эрдоған!
Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Бо камоли хушнудӣ аз мулоқот бо шумо, дӯстони азиз, дар шаҳри зебои Анқара, ки дар чорроҳаи тамаддунҳои бузург ҷойгир аст, истиқбол менамоям.
Бародари азизам, Аълоҳазрат ҷаноби Реҷеп Таййип Эрдоған ва тамоми мардуми Туркияро ба муносибати ҷашни фархунда – Рӯзи ҷумҳурӣ самимона муборакбод менамоям.
Ба мардуми бародари Туркия сулҳу субот, некӯаҳволӣ, ободиву шукуфоӣ ва комёбиҳо орзумандам.
Ба Президенти муҳтарами Туркия барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ҳамоиш, ки таҳти шиори «Асри туркӣ: ваҳдат дар забон, андеша ва амал» баргузор мегардад ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипоси хосса менамоям.
Ифтитоҳи маҷмааи миллии фарҳангии давлатҳои мо дар боғи хушманзараи Бештепа дар арафаи ҳамоиш қадами муҳим дар роҳи ҳифзи мероси муштараки халқҳои турк ба шумор меравад. Итминон дорам, ки ин иншооти бошукӯҳ ба рамзи равшани ваҳдати ҷаҳони турк табдил хоҳад ёфт.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Имрӯз низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба тағйироти куллӣ рӯ ба рӯ шуда, рақобати геосиёсӣ шиддат мегирад. Муноқишаҳои мусаллаҳона ва ихтилофоти дар минтақаҳои атрофи ҷаҳони турк идомаёбанда на танҳо ба амният, балки ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ ва дурнамои рушди кишварҳо низ таъсири манфӣ мерасонанд.
Мо Созмони давлатҳои туркиро, ки дорои захираҳои ғании табиӣ ва имкониятҳои бузурги иқтисодӣ буда, тадриҷан ба яке аз марказҳои бонуфузи рушди ҷаҳонӣ табдил меёбад, ҳамчун минбари эътимоди мутақобила ва шарикии амалӣ арзёбӣ менамоем.
Зарур аст, ки дар атрофи ҳадафҳои стратегии худ боз ҳам зичтар муттаҳид шуда, манфиатҳои муштаракамонро дар арсаи байналмилалӣ якҷоя пеш барем. Мо дар ин роҳи пуршараф ҳамфикру ҳамдастем ва омодаем, ки тамоми неруи худро ба хотири ҳамбастагии туркӣ сафарбар созем.
Дӯстони азиз!
Мо баргузории мунтазами машваратҳои сиёсиро дар доираи Созмони давлатҳои туркӣ оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамоҳангсозии мавқеъ ва иқдомҳои муштаракамонро муҳим мешуморем.
Нуфузи Созмон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла, ба қобилияти он дар рушди муносибатҳои ошкоро ва судманд бо шарикони хориҷӣ вобаста мебошад.
Бо ин мақсад пешниҳод менамоям, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои сеюм дар қолаби «Созмони давлатҳои туркӣ плюс» аз баргузории мулоқотҳои вазирони соҳаҳои гуногун оғоз гардад. Ин мулоқотҳо бояд ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаҳои савдо, нақлиёт, сармоягузорӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок равона карда шаванд.
Ҳамзамон, ба мо зарур аст, ки ҳамкориҳои технологиро амиқтар намуда, кооператсияи саноатиро рушд диҳем, ки имкони якҷоя ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфтанро фароҳам меорад.
Ҳамчун иқдоми амалӣ пешниҳод менамоем, ки Барномаи «Ҷаҳони туркӣ – 100» қабул карда шавад. Он бояд сад лоиҳаи стратегии муштараки сармоягузорӣ ва саноатиро фаро гирад. Дар ин раванд истифодаи самараноки захираҳои Фонди сармоягузории туркӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои татбиқи ин лоиҳаҳо аҳамияти махсус дорад.
Ба коркарди пурраи маъданҳои нодир ва стратегӣ, маҳаллисозии истеҳсоли таҷҳизот барои энергетикаи «сабз» ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда бояд афзалияти махсус дода шавад.
Бо дарназардошти рушди босуръати робитаҳои иқтисодии мо, эҳтиёҷот ба механизмҳои муштараки ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкорон меафзояд. Бо ин мақсад таҳияи Шартномаи бисёрҷониба «Дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои тиҷоратӣ» зарур аст. Ин ҳуҷҷат барои эътирофи мутақобила ва иҷрои қарорҳои суд заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Мо ҳамчунин ҷонибдори густариши робитаҳо миёни мақомоти ваколатдори дахлдор мебошем. Дар ин замина таъсиси платформаи рақамиро, ки барои табодули электронии дархостҳо оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳо пешбинӣ шудааст, муҳим мешуморем.
Дар шароити кунунии тағйирёбии занҷираҳои ҷаҳонии таъминот мавқеи ҷуғрофӣ ва имкониятҳои транзитии давлатҳои туркӣ аҳамияти ҳарчи бештари стратегӣ пайдо мекунанд.
Бо мақсади густариши иштироки кишварҳои узви СДТ дар ҳамлу нақли байналмилалии бор ва соҳаи логистика, инчунин баланд бардоштани манфиатдории иқтисодии онҳо, зарур аст, ки Долони миёна ва дигар масирҳои нақлиётии ба он пайваст ба низоми ягонаи иқтисодӣ табдил дода шаванд. Мо таъсиси Шабакаи маҷмааҳои логистикии давлатҳои туркӣ ва таъмини идоракунии муштараки онро пешниҳод менамоем.
Ҳамчунин, зарур аст, ки аз имкониятҳои бузурги соҳаи сайёҳӣ ҳамаҷониба истифода барем. Танҳо дар соли 2025 ба кишварҳои мо беш аз 100 миллион сайёҳи хориҷӣ ташриф овардаанд.
Вақти он расидааст, ки «Иттиҳоди сайёҳии туркӣ» таъсис дода шавад, то тавонем шаҳрҳои таърихӣ, табиати нотакрор, фарҳанги ғанӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозии халқҳои туркро ба ҷаҳониён якҷоя муаррифӣ намоем.
Барои кӯтоҳ кардани масофаҳои дур ва осон гардондани зиндагии шаҳрвандони худ пешниҳод менамоем, ки Созишномаи бисёрҷониба оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон таҳия карда шавад. Дар он масъалаҳои васеъ намудани имконияти сафар бо истифода аз кортҳои ID, содагардонии тартиби убури сарҳад ва будубош дар қаламрави кишвари қабулкунанда бояд инъикос ёбанд.
Асоси пешрафти технологиро сармояи инсонӣ ва пеш аз ҳама насли ҷавоне ташкил медиҳад, ки дорои дониш ва малакаҳои муосир мебошад. Сармоягузорӣ ба таҳсили ҷавонон заминаи устувори ҳамкориҳои дарозмуддати мост.
Дар доираи барномаи стипендияи «Янги Ӯзбекистон», ки дар кишвари мо таъсис дода шудааст, барои таҳсили 500 донишҷӯи хориҷӣ дар асоси грант имконият фароҳам оварда шудааст. Мо омодаем, ки ҳамасола ба намояндагони кишварҳои туркӣ 200 гранти таҳсил ҷудо намоем. Ҷавонони кишварҳои бародарро даъват менамоем, ки аз ин имконият самаранок истифода баранд.
Аз фурсат истифода бурда, барои дастгирии ташаббуси мо дар бораи дар доираи Созмон Соли ҳифзи табиат эълон намудани соли 2027 изҳори сипоси махсус менамоям.
Итминон дорам, ки вазифаҳои афзалиятноки соли оянда дар мулоқоти вазирони масъули масъалаҳои экологияи кишварҳои мо дар ҳошияи Конфронси COP-31, ки дар Анталия баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Дӯстони азиз!
Тавре ба шумо маълум аст, бо мақсади ҳавасмандгардонии шоистаи шахсоне, ки дар таҳкими ваҳдати ҷаҳони турк саҳми бузург гузоштаанд, мо Ҷоизаи байналмилалии ба номи мутафаккир ва арбоби бузурги давлатӣ Алишер Навоиро таъсис дода будем.
Бешубҳа, маросими дирӯзаи супурдани ин ҷоизаи бонуфуз ба ҳунарманди шоистаи Қазоқистон, сафир Дюсен Касеинов ба ҷавонони мо, ки дар соҳаҳои илму санъат ва адабиёт ба ҷустуҷӯҳои эҷодӣ машғуланд, неру ва илҳоми тоза мебахшад.
Алишери Навоии бузург, ки тамоми умри худро ба рушди забони туркӣ бахшидааст, таъкид карда буд: «Касе, ки забони худро намедонад, аз эҳтироми мардум бархӯрдор намешавад». Бо дарназардошти шиори ҳамоиши имрӯза пешниҳод менамоям, ки «Фарҳанги вожаҳои муштараки туркӣ» таъсис дода шавад. Ба он вожаҳои муштараки забонҳои мо, ки барои тамоми халқҳои турк яксон фаҳмо мебошанд, ворид карда шаванд.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Бори дигар Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳтарам Садир Нурғоҷоевич Ҷапаровро ба муносибати сарфароз гардиданаш бо мукофоти бонуфузи Созмони мо – «Ордени олии ҷаҳони турк» самимона табрик менамоям.
Ба Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович Алиев барои корҳои назаррасе, ки Озарбойҷон дар давраи раёсаташ дар Созмон ҷиҳати таҳкими риштаҳои бародарии халқҳои турк ва ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои мо анҷом дод, изҳори сипоси самимӣ менамоям.
Итминон дорам, ки Туркия, ки раёсати Созмони давлатҳои туркиро ба уҳда мегирад, дар амиқтар гардондани ҳамкориҳои иқтисодии мо ва ба натиҷаҳои амалӣ табдил додани ташаббусҳои нав саҳми бузург мегузорад.
Ба Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия, муҳтарам Реҷеп Таййип Эрдоған дар иҷрои ин рисолати пуршараф муваффақиятҳои бузург орзумандам.
Ҳамчунин, омодагии худро барои баргузор намудани ҳамоиши навбатии Созмон дар соли оянда дар Ӯзбекистон изҳор менамоям.
Мехоҳам боз ба як масъалаи рӯзномаи ҳамоиш таваҷҷуҳ намоям.
Дар иҷрои вазифаҳои бузурге, ки дар назди мо қарор доранд, муттаҳидии давлатҳои узв ва фаъолияти самараноки Котибот аҳамияти махсус дорад. Ба Кубаничбек Омуралиев, ки дар давраи сипаришуда дар вазифаи Дабири кулл пурсамар фаъолият намуда, дар ҳамаҷониба баланд бардоштани нуфузи Созмони мо саҳми назаррас гузоштааст, изҳори сипос менамоям.
Барои дастгирии номзадии намояндаи Ӯзбекистон Мирвоҳид Азимов ба вазифаи Дабири кулл ба ҳамаи шумо миннатдорӣ баён мекунам. Итминон дорам, ки Дабири кулли нав дар татбиқи вазифаҳои афзалиятноки Созмон ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мо саҳми арзанда мегузорад.
Ҳамтоёни муҳтарам!
Итминон дорам, ки ҳамоиши имрӯзаи Анқара дар роҳи расидан ба ҳадафи наҷиби мо, татбиқи ғояи ҳамбастагӣ ва амалӣ намудани нақшаҳои бузург қадами муҳим хоҳад буд.
Зеро орзуву умед ва ҳадафҳои мо ба ҳам монанданд.
Вақте ки мо муттаҳидем, боз ҳам нерумандтар мегардем.
Агар сарҷамъу ҳамдил бошем, ҳатман ба баландтарин қуллаҳо хоҳем расид!