Сафари корӣ ба Туркия анҷом ёфт

  • Сафари корӣ ба Туркия анҷом ёфт
  • Сафари корӣ ба Туркия анҷом ёфт
  • Сафари корӣ ба Туркия анҷом ёфт
  • Сафари корӣ ба Туркия анҷом ёфт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сафари кории худро ба шаҳри Анқара анҷом дода, ба Тошканд бозгашт.

Дар фурудгоҳи «Этимесгут» Сарвари давлат ва ҳамсарашро вазири савдои Ҷумҳурии Туркия Умер Болат ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Рӯзи гузашта роҳбари Ӯзбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоғон мулоқот анҷом дода, дар маросими ифтитоҳи Боғи тамаддуни давлатҳои туркӣ иштирок кард.

Имрӯз Ҳамоиши навбатии Созмони давлатҳои туркӣ баргузор гардид. Дар он Президенти мамлакат самтҳои афзалиятноки тавсеаи минбаъдаи шарикии бисёрҷонибаро муайян намуда, як қатор ташаббусҳои муҳимро пешбарӣ кард.

Дар доираи сафар бо роҳбарони ширкатҳои пешбари Туркия мулоқотҳои дуҷониба низ баргузор шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: