«ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ» БОВАРИНОК АСТ?!

Дар се шумораи охири рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолаҳои таҳлилӣ таҳти сарлавҳаҳои «Телефони боварӣ» боваринок аст?!», «Аз зангҳои беҷавоб то маълумоти нодуруст» ва «Телефони боварӣ» зери назорат аст, аммо...» ба табъ расиданд. Дар онҳо фаъолияти «Телефони боварӣ»-и 80 шаҳру ноҳияи панҷ вилояти мамлакат – Самарқанд, Фарғона, Қашқадарё, Андиҷон ва Бухоро мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, мушкилоту камбудиҳои мавҷуда ошкор ва баррасӣ шудаанд. Инак, матни пурраи мақолаҳоро пешкаши Шумо менамоем.

1. «ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ» БОВАРИНОК АСТ?!

«Халқ ба идораҳои давлатӣ не, балки идораҳои давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунанд!». Тӯли солҳои охир ин ғояи накӯи инсонпарварона, ки аз тарафи Сарвари давлат пешбарӣ шудааст, ба яке аз тамоюлҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфт.

Маҳз дар асоси татбиқсозии ин ғоя, робитаи мақомоти давлативу ташкилот бо шаҳрвандон мустаҳкам гардида, дар роҳандозии мулоқоти роҳбарон бо аҳолӣ ва ҳалли саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон низоми комилан нав ба вуҷуд омад. Дар ин раванд, таваҷҷуҳ ба таъсис додани сомонаҳои расмии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунӣ, баланд бардоштани самарабахшии хидматрасонӣ, инчунин, роҳандозии фаъолияти «Телефони боварӣ» дар онҳо хеле афзуд.

Воқеан, телефони боварӣ аз воситаҳои муҳими робитаи мустақим бо мардум аст. Он имкон медиҳад, ки шаҳрвандон бидуни саргардонӣ ба ташкилоти дилхоҳ муроҷиат кунанд, мушкилоти худро баён намоянд ва посухи мушаххас гиранд.

Хуб, алҳол «Телефони боварӣ»-и вазорат, кумита, агентӣ, бахусус, ҳокимиятҳои давлатӣ ва мақомоти расмӣ чӣ хел кор мебаранд? Оё онҳо вазифаи асосии худро, ки қабули муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аст, иҷро менамоянд? Бо мақсади дарёфти посух ба ин саволҳо фаъолияти «Телефони боварӣ»-и шаҳру ноҳияҳои ду вилояти сераҳолитарини мамлакат – Самарқанд (4 462 783 нафар) ва Фарғонаро (4 293 001 нафар), ки дар зербахши «Ташкилоти давлатӣ»-и сомонаи Портали ҳукуматӣ – www.gov.uz қайд шудааст, омӯхтем.

Дар рафти санҷиш, на ба сифати рӯзноманигор, балки чун корафтодае амал намуда, на танҳо ба «Телефони боварӣ», балки ба телефонҳои дар бахшҳои «Ҳамаи рақамҳо» ва «Хидмати ахбор» сабтшудаи ҳокимиятҳо низ занг задем. Бубинед, чӣ натиҷа ҳосил шуд.

Вазъ дар Самарқанд чӣ хел?

Дар сомонаҳои расмии ҳокимиятҳои ноҳияҳои Қӯшработ, Иштихон, Булунғур, Ҷомбой, Нуробод ва Пастдарғам рақами «Телефони боварӣ»-ро пайдо накардем. Ва бо умеди дарёфти посух аз масъулон ба рақамҳои бахши «Ҳамаи рақамҳо»-и сомонаҳо занг задем. Афсӯс, ки ин кӯшишҳо низ бенатиҷа монданд. Ҳамин ҳолат дар мавриди «Телефони боварӣ»-и шаҳри Каттақӯрғон (+998366 456-10-01), ноҳияҳои Пахтачӣ (+99866 230-40-47), Ургут (+99866 483-10-46) ва Самарқанд (+99866 612-55-95) ҳам такрор шуд.

Вақте ба рақами «Тамос»-и ҳокимияти ноҳияи Қӯшработ ва «Телефони боварӣ»-и ноҳияҳои Нарпай (+99866 432-14-44) ва Пайариқ (+99866 231-98-54) занг задем, ба ҷойи посухи корманди масъул овози сабтшудае ба гӯш расид: «Бубахшед, муштарӣ муваққатан ҷавоб дода наметавонад. Шумо ба рақами нодуруст занг задед!»

Хушбахтона, дар ин раванд бо «Телефони боварӣ»-и чанд шаҳру ноҳияи ин вилоят, аз ҷумла ҳокимиятҳои ноҳияҳои Каттақӯрғон (+99866 414-10-44), Оқдарё (+99866 492-60-09), Тайлоқ (+99866 231-99-23) ва шаҳри Самарқанд (+99855 705-01-23) тавонистем тамос бигирем. Бахусус, низоми корбарӣ дар сомонаи ҳокимияти шаҳри Самарқанд шоёни эътироф аст. Баробари пахши тугмаи занг овози сабтшудае ба гӯш расид: «Ассалому алайкум. Шумо ба ҳокимияти шаҳри Самарқанд занг задед. Рақами дохилии кормандро бичинед. Барои тамос бо оператор сифрро пахш кунед. Барои тамос бо «Телефони боварӣ»-и ҳокими шаҳри Самарқанд рақами 177-ро бичинед».

Илова бар ин, дар бахши «Ҳамаи рақамҳо» рақамҳои дохилии шуъбаҳои ҳокимият низ ҷой дода шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки шаҳрванд вобаста ба мушкили худ бевосита ба шуъбаи дахлдор муроҷиат кунад.

Занг ба рақами кӯтоҳи 1177-и ҳокимияти вилояти Самарқанд бенатиҷа анҷом ёфт. Аммо ба рақами дигари «Телефони боварӣ»-и сомонаи ҳокимият (+99866 230-47-77) тавонистем тамос бигирем.

– «Телефони боварӣ»-и ҳокимияти вилоят 24 соат фаъол аст, – гуфт оператор Шаҳзод Облонов. – Ҳамарӯза қариб 30 ва баъзан муроҷиати бештарро қабул карда, онҳоро ба шуъбаи муроҷиатҳо месупорем. Кормандони шуъба вобаста ба мазмуни муроҷиат онҳоро ба бахшҳои дахлдор ирсол карда, иҷрои ҳар як масъаларо таҳти назорат мегиранд.

Аксар ҳокимиятҳо «Телефони боварӣ» надоранд

Вазъ дар сомонаҳои расмии ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона низ нигаронкунанда аст.

 Аз 19 шаҳру ноҳияи вилоят дар сомонаҳои расмии нӯҳтои онҳо – шаҳрҳои Фарғона ва Қӯқанд, ноҳияҳои Данғара, Ӯзбекистон, Қӯштеппа, Ёзёвон, Учкӯприк, Бувайда ва Фурқат рақами «Телефони боварӣ» қайд нашудааст.

Ба зангҳои пайдарпайи мо ба «Телефони боварӣ»-и ҳокимияти вилоят (+99873 244-05-23), ноҳияҳои Риштон (+99873 452-15-51),  Фарғона (+99873 353-15-64), Бағдод (+99873 479-23-33), Тошлоқ (+99873 238-10-28), Бешариқ (+99873 612-20-05) ва шаҳрҳои Марғилон (+99873 253-30-88), Қувасой (+99873 372-07-71) низ касе ҷавоб надод.

Ноилоҷ ба рақамҳои бахшҳои «Ҳамаи рақамҳо» ва «Хидмати ахбор» рӯ овардем. Дар ин ҷараён танҳо бо масъулони қабулхонаҳои ҳокимиятҳои шаҳри Фарғона, ноҳияҳои Риштон, Учкӯприк, Фурқат ва Қӯштеппа тавонистем алоқа барқарор кунем.

– Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 28 муроҷиатро қабул кардем ва қисми зиёди онҳо ҳалли худро ёфтанд, – гуфт мудири қабулхонаи ҳокими ноҳияи Учкӯприк Мастура Холдорова. – Шаҳрвандон асосан аз рӯйи масъалаҳои кумаки моддӣ, табобат, таъминоти гази табиӣ, партов, инчунин сари вақт дастрас нагардидани баллонҳои гази моеъ муроҷиат мекунанд. Масалан, ҳафт муроҷиат маҳз ба масъалаи баллонҳои гази моеъ дахл дошт.

Зимни суҳбат бо корманди ҳокимияти ноҳияи Қӯштеппа Зуҳриддин Муҳаммадҷонов, ки худро масъули кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон муаррифӣ кард, сабаби дар сомонаи ҳокимият ҷой надоштани рақами «Телефони боварӣ»-ро пурсидем. Аммо ӯ изҳор дошт, ки аз ин ҳолат  бехабар аст.

– Намедонам. Ба фикрам, пештар буд, – гуфт ӯ.

Ин ҷавоби масъул, сад афсӯс, ки ба ҷойи дақиқ кардани вазъ, саволҳои дигарро ба миён меорад: вақте корманди масъули кор бо муроҷиат аз ин ҳолат бехабар аст, пас кӣ бояд аз фаъолияти ин хидмат ва дастрасии шаҳрвандон ба он хабар дошта бошад?

Занг ба «Телефони боварӣ»-и ноҳияҳои Олтиариқ (+99873 432-20-34) ва Сӯх (+99873 462-50-30) низ моро ба мурод нарасонд. Ба ҷойи шуъбаҳои кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон, зангҳо ба нуқтаҳои назоратӣ-гузаргоҳии ҳокимиятҳо (КПП) пайваст шуданд.

Дар ин раванд танҳо бо «Телефони боварӣ»-и ноҳияи Қува (+99873 315-05-75) бидуни мушкил тамос гирифтем. Гуфта шуд, ки ин хат шабонарӯзӣ фаъол буда, ҳамеша барои қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон омода аст.

Маҳз чунин ҳолати бештари беэътиборӣ ба фаъолияти «Телефони боварӣ»-и ҳокимиятҳо моро водор сохт, то корбарии онҳоро дар мисоли дигар вилоятҳо низ таҳқиқ кунем ва дар шумораҳои ояндаи рӯзнома ба хонандагони гиромӣ ҳавола намоем.

2. АЗ ЗАНГҲОИ БЕҶАВОБ ТО МАЪЛУМОТИ НОДУРУСТ

Дар урфият мегӯянд, ки «Ангур зи ангур гирад ранг, ҳамсоя зи ҳамсоя гирад панд». Натиҷаҳои санҷишу таҳлили фаъолияти «Телефони боварӣ»-и шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Самарқанд ва Фарғона («Телефони боварӣ» боваринок аст?!», №85, «Овози тоҷик», 24 октябр, 2026) аз он далолат медиҳанд, ки аксар минтақаҳо аз ҳамдигар дар ҳадде “ранг” гирифтаанд. Яъне дар бефаъолиятии онҳо баъзе ҳаммонандиҳо ба чашм мерасанд. Маҳз чунин ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Қашқадарё, Андиҷон ва Бухоро низ мушоҳида гардид, ки тибқи ваъда мақолаи зерин аз вазъи ин вилоятҳо баҳс менамояд.

Талошҳои чандрӯза беҳуда рафтанд...

Кӯшишҳои якҳафтаинаи мо барои тамос бо масъулони шаҳру ноҳияҳои вилояти Қашқадарё бенатиҷа монданд. Аслан, дар сомонаҳои расмии ҳокимиятҳои ноҳияҳои Ғузор, Қамашӣ, Касбӣ ва Китоб рақами «Телефони боварӣ» ҷой дода нашудааст. Ба дигар рақамҳои бахшҳои марбути ҳокимиятҳо низ занг задем, аммо касе гӯширо бардошта, як даҳон «ало» нагуфт.

Зангҳои мо ба «Телефони боварӣ»-и ноҳияҳои Чироқчӣ (+99875 220-03-73), Шаҳрисабз (+99875 522-02-25), Яккабоғ (+998975 582-59-17), Нишон (+99875 512-11-00), Миришкор (+99875 652-14-65) ва шаҳрҳои Қаршӣ (+99875 223-17-15; +99875 223-02-39), Шаҳрисабз (+99875 522-00-94) низ бенатиҷа анҷом ёфтанд.

Ҳангоми занг ба «Телефони боварӣ»-и ноҳияҳои Муборак (+99875 672-34-74), Қаршӣ (+99875 230-00-22), Деҳқонобод (+99875 612-13-31) ва Кӯкдала (+99875 230-14-59) садои якранг ба гӯш расид: «Рақам бинобар напардохтани ҳаққи хидматрасонӣ хомӯш карда шудааст!»

Ҳанӯз аз ин ҳолат димоғсӯхта будем, посухи дигар, ки аз «Телефони боварӣ»-и ноҳияи Косон (+99875 592-14-96) ба гӯш расид, моро боз ҳам димоғсӯхтатар кард: «Бубахшед, ин рақам вуҷуд надорад!»

Бо табъи гирифта ва таассуф аз соатҳои барҳадаррафта ба «Телефони боварӣ»-и ҳокимияти вилояти Қашқадарё (+99875 221-07-60) занг задем. Бенатиҷа!

Сипас ба рақами бахши «Тамос» (+99875 221-13-40) муроҷиат кардем. Хушбахтона, пас аз чанд даъват касе гӯширо бардошт ва худро Гавҳар Маҳамова, корманди девонхонаи ҳокимият муаррифӣ кард.

Ба ӯ дар бораи талошҳои бенатиҷаи чандрӯза барои тамос бо «Телефони боварӣ» ва дигар рақамҳои ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо муфассал нақл кардем ва сабаби ин ҳолро пурсидем. Ӯ рақами дигареро пешниҳод намуда, бовар кунонд, ки бо занг задан ба он ба саволи худ посух хоҳем гирифт.

Гӯширо марде бардошт. Худро Ҷасур, корманди шуъбаи умумӣ муаррифӣ кард. Ба ӯ низ мушкилоти пешомадаро шарҳ додем: “дард”-амонро достон кардем. Вале, афсӯс, ки ин суҳбат ҳам натиҷаи дилхоҳ надод. Ҷасур гуфт, ки мушовири ҳоким оид ба кор бо муроҷиатҳо дар сафар аст ва роҳбари хидмати матбуоти ҳокимияти вилоят дар минтақа. Аз ин рӯ, рақами телефони сармутахассиси хидмати матбуот Нурбек Сайнабиевро пешниҳод кард.

Умедвор шудем, ки ниҳоят ба шахси масъул расидаем ва метавонем ба саволҳои худ посухи мушаххас гирем. Аммо суҳбат бо сармутахассис низ моро ба мақсад нарасонд: ӯ рақами телефони мудири шуъбаи кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандонро дод...

Хулоса, натавонистем охири ин риштаи пурпечутобро дарёбем. Дар ҳоле ки мақсади мо танҳо санҷидани дастрасии ин хадамот ва фаҳмидани тартиби муроҷиати шаҳрвандон буд, чанд соати вақти корӣ бар абас рафт.

Дар сомонаи Андиҷон – рақами масъули Бухоро!?

Дар сомонаҳои расмии ҳокимиятҳои ноҳияҳои Булоқбошӣ, Балиқчӣ, Андиҷон ва Избоскани вилояти Андиҷон низ рақами «Телефони боварӣ» нест. Зимни занг ба рақамҳои телефонии бахши «Ҳамаи рақамҳо», инчунин ба «Телефони боварӣ»-и ҳокимиятҳои шаҳрҳои Андиҷон (+99874 228-31-35) ва Хонобод (+99874 734-44-41), ноҳияҳои Марҳамат (+99874 391-25-01), Бӯстон (+99874 333-18-21), Олтинкӯл (+99874 354-58-60), Шаҳрихон (+99874 342-22-29), Қӯрғонтеппа (+99874 723-20-00), Пахтаобод (+99874 711-17-37), Асака (+99874 232-35-45) ва Улуғнор (+99874 761-11-25) аз телефон пайваста як посух садо медод: «Шумо ба рақами нодуруст занг задед!»

Зангҳои пайдарпайи мо ба «Телефони боварӣ» ва рақамҳои бахшҳои марбути ҳокимиятҳои вилояти Андиҷон (+998 74 225-80-00), ноҳияҳои Ҷалақудуқ (+99874 755-10-49) ва Хӯҷаобод низ бенатиҷа монданд.

Вақте ба рақами мобилии бахши «Тамос»-и ҳокимияти ноҳияи Қӯрғонтеппа занг задем, пас аз чанд даъват касе гӯширо бардошт. Худро Иброҳимҷон Шуҳратбекович, ёвари ҳокими ноҳия муаррифӣ кард. Аз ӯ сабаби кор накардани «Телефони боварӣ»-и ҳокимиятро пурсидем.

– Шояд маблағаш тамом шуда бошад. Ба бухгалтер мегӯем, албатта, ин масъаларо пайгирӣ мекунад. Телефонро фаъол менамоянд, – гуфт ӯ дар ҷавоб.

Ҳангоми бознигарии сомонаҳои ҳокимиятҳо ва санҷидани рақамҳои телефонии онҳо боз ба ду ҳолати аҷиб рӯ ба рӯ шудем, ки аз камбудиҳои ҷиддии кор бо маълумоти расмӣ дарак медиҳанд.

Ҳолати аввал: вақте ба рақами мобилии бахши «Ҳамаи рақамҳо»-и ҳокимияти ноҳияи Олтинкӯл занг задем, аз тарафи дигар садои ҷавонзане ба гӯш расид.

– Ин ҳокимияти ноҳияи Олтинкӯл аст? – пурсидам.

– Не! – қатъӣ ҷавоб дод вай.

– Магар иштибоҳ шуд? – гуфта ба рақам нигаристам. Рақам дуруст буд.

Ҷавонзан, ки ному насаби худро ошкор кардан нахост, дар идомаи суҳбат воқеияти аҷиберо нақл кард:

– Ин рақамро як сол боз истифода мебарам. Дар ин муддат садҳо нафар занг зада, дар бораи ҳокимияти ноҳияи Олтинкӯл пурсидаанд. Ҳатто баъзеҳо дӯғу даранг карда, маро «фиребгар» ҳам номидаанд. Чанд нафари дигар таҳдид карданд, ки «ҳозир ба ҳокимият рафта, шармандаатро мебарорем». Ман сокини шаҳри Андиҷон ҳастам ва бо ҳокимияти ноҳияи Олтинкӯл ҳеҷ робитае надорам.

Тасаввур кунед: як шаҳрванд як сол боз маҷбур аст, то ба зангҳои садҳо нафар олтинкӯлиён ҷавоб диҳад. Дар ин миён на танҳо вақти ӯ беҳуда сарф мешавад, балки эҳтимоли ба миён омадани нофаҳмиву низоъ низ вуҷуд дорад. Магар санҷидани дурустии рақами телефон пеш аз ҷой додани он дар сомона кори душвор аст? Ва агар рақам тағйир ёфт, кӣ бояд маълумоти сомонаро нав кунад?

Ҳолати дувум ба сомонаи ҳокимияти ноҳияи Андиҷони вилоят дахл дорад. Тавре гуфтем, дар сомона рақами «Телефони боварӣ» сабт нашудааст. Кӯшиши мо барои тамос бо ҳокимият тавассути рақами бахши «Ҳамаи рақамҳо» (+99874 225-00-97) низ бенатиҷа монд.

Сипас, ба бахши «Хидмати матбуот» ворид шуда, зербахши «Дар бораи хидмати ахбор»-ро боз кардем. Дар ин саҳифа, бо тафовут аз сомонаҳои аксари ҳокимиятҳо, ному насаб ва рақами мобилии шахси масъули сомонаро гузошта буданд.

Ба ин рақам занг задем. Пас аз чанд даъват гӯширо бардоштанд, аммо маълум шуд, ки ӯ на корманди ҳокимияти ноҳияи Андиҷон аст.

– Баъзе веб-сайтҳо аз сомонаҳои расмии дигар нусха мегиранд. Шояд масъулони ҳокимияти ноҳияи Андиҷон аз сомонаи ҳокимияти мо нусха бардошта, ному насаб ва рақами мобилии маро бетағйир гузошта бошанд, – гуфт Ҷаҳонгир Фозилов, корманди масъули сомонаи расмии ҳокимияти вилояти Бухоро.

Маҳз ҳамин ҳолат моро водор сохт, то дар идома вазъи фаъолияти «Телефони боварӣ»-и шаҳру ноҳияҳои вилояти Бухороро низ мавриди санҷиш қарор диҳем...

«Ало-о-о, Бухоро-о-о-о...»

Ин ибораи машҳури ширинкори зиндаёд Ҳоҷибой Тоҷибоевро, бешак, бисёриҳо дар ёд доранд. Пас аз кӯшишҳои бенатиҷа барои тамос бо «Телефони боварӣ»-и шаҳру ноҳияҳои вилояти Бухоро, беихтиёр ба андеша рафтем: магар Ҳоҷибой низ замоне ба чунин мушкил рӯ ба рӯ шудаву аз беҷавоб мондани зангҳояш дилмонда гардида, бо ҳамон лаҳни хос фарёд зада бошад: «Ало-о-о, Бухоро-о-о-о...»

Ҳар чӣ набошад, дар ҷараёни санҷиш ин ибораи ҳаҷвӣ ба воқеияти на он қадар хандаовар табдил ёфт. Аз ду шаҳр ва ёздаҳ ноҳияи вилоят танҳо бо «Телефони боварӣ»-и ноҳияи Ғиждувон тавонистем тамос бигирем.

– Ҳар рӯз сокинон аз маҳаллаҳои гуногун бо масъалаҳои мухталиф муроҷиат мекунанд, – гуфт шахсе, ки гӯширо бардошта, худро Фирдавс, ёвари ҳокими ноҳия муаррифӣ кард. – Мо метавонем муроҷиаткунандагонро бевосита ба шуъбаи дахлдор пайваст намоем, то онҳо мушкили худро ба масъули соҳа баён кунанд. Ҳатто имконият дорем, ки суҳбати онҳоро бо ҳокими ноҳия ташкил намоем.

Ин ҷавоб нишон медиҳад, ки ҳангоми роҳандозии дурусти кор, «Телефони боварӣ» метавонад воқеан, ба воситаи муфиди иртиботи шаҳрвандон бо мақомоти маҳаллӣ табдил ёбад. Мутаассифона, вазъ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят чунин нест.

Дар сомонаҳои ҳокимиятҳои ноҳияҳои Олот, Вобкент, Ромитан, Бухоро, Ҷондор, Қарокӯл, Қаровулбозор ва Когон рақами «Телефони боварӣ» вуҷуд надорад. Кӯшишҳои мо барои алоқа бо рақамҳои бахши «Ҳамаи рақамҳо», инчунин, бо «Телефони боварӣ»-и ҳокимияти вилояти Бухоро (+99865 222-22-22), шаҳрҳои Бухоро (+99865 221-00-81), Когон (+99865 524-77-33) ва ноҳияи Шофиркон (+99865 502-20-04) низ бенатиҷа монданд.

Зимни занг ба рақамҳои бахши «Ҳамаи рақамҳо»-и ҳокимиятҳои Қарокӯл, Қаровулбозор ва Когон садои ошно “мужда” дод, ки «Рақам бинобар напардохтани ҳаққи хидматрасонӣ хомӯш карда шудааст!»

Вақте ба «Телефони боварӣ»-и ноҳияи Пешкӯ (+99865 353-16-31) бори аввал (12 октябр) занг задем, аз гӯшии он низ чунин овоз ба гӯш расид. Аммо зимни санҷишҳои такрорӣ ( 21 ва 27 октябр), бо вуҷуди фаъол гардидани телефон ва даъватҳои пайиҳам, касе ба он ҷавоб надод.

Аз натиҷаи пайгириҳо аён мегардад, ки агар шаҳрванд бо ягон мушкил ё масъала ба «Телефони боварӣ»-и ҳокимиятҳои маҳаллӣ занг занад, тамос гирифтани ӯ осон нахоҳад буд. Чунки ё рақами телефонро намеёбад ё касе ба занг ҷавоб намедиҳад, ё ки телефон бинобар напардохтани ҳаққи хидматрасонӣ аз кор мондааст, ё ин ки умуман вуҷуд надорад...

Илова бар ин, ҳангоми занг ба «Телефони боварӣ»-и чанд ҳокимияти шаҳру ноҳияи вилоятҳо боз як камбудии ҷиддӣ – нодуруст сабт шудани рақамҳои телефон ба чашм расид. Аз ҷумла, «Телефони боварӣ»-и ҳокимиятҳои шаҳрҳои Каттақӯрғон (+998366 456-10-01), Қаршӣ (+998975 223-02-39), Ҷиззах (+9980372 222-40-10), ноҳияи Яккабоғ (+99897 558-25-917)... бо як рақами изофӣ ғалат сабт шудаанд.


Саволи барҳақ: масъулони ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо то куҷо аз коршоямии «Телефони боварӣ» ва дурустии маълумоти сомонаҳои худ огоҳанд? Оё тарзу тартиби корбарии онҳо санҷида мешавад? Умуман, фаъолияти «Телефони боварӣ»-и мақомот ва муассисаҳои гуногунро кадом ташкилот назорат мекунад? Дар мақолаи навбатӣ ба ин саволҳо посух хоҳем ҷуст.
 

3. «ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ» ЗЕРИ НАЗОРАТ АСТ, АММО...

Дар ҷараёни ҷамъоварии маълумот барои мақола дар бораи фаъолияти телефонҳои эътимодноки ҳокимиятҳои давлатии мамлакат ба «Телефони боварӣ»-и 80 шаҳру ноҳияи панҷ вилоят – Самарқанд, Фарғона, Қашқадарё, Андиҷон ва Бухоро, ки дар сомонаи Портали ҳукуматӣ – www.gov.uz сабт шудаанд, дар вақту соатҳои гуногун занг задем.

Натиҷаҳо, яъне бурду бохти фаъолияти онҳоро дар мақолаҳои «Телефони боварӣ» боваринок аст?!» («Овози тоҷик», № 85, 24 октябри соли 2026) ва «Аз зангҳои беҷавоб то маълумоти нодуруст» («Овози тоҷик», № 86, 28 октябри соли 2026) баррасӣ намуда, дар охир саволе ба миён гузоштем, ки фаъолияти «Телефони боварӣ»-и мақомот ва муассисаҳои гуногунро кадом ташкилот назорат мекунад? Дар ин мақола ба ин масъала таваққуф кардем. 

«Муштарии махфӣ барои арзёбии сифати хидматрасонӣ»

Мувофиқи банди 5-уми Фармони Президент аз 27 ноябри соли 2023 «Дар бораи чораҳои такмили минбаъдаи сохтори мубориза бо коррупсия, инчунин, баланд бардоштани самарадории низоми назорати ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо», дар назди Агентии мубориза алайҳи коррупсия вазифа гузошта шудааст, ки бо мақсади арзёбии сатҳи самарадории низоми бозхӯрди мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо чорабиниҳои «Муштарии махфӣ барои арзёбии сифати хидматрасонӣ»-ро ташкил ва баргузор намояд.

Тибқи Фармон чорабинии мазкур бо мақсади санҷидани фаъолияти доимии телефонҳои боварӣ (Call-марказҳо)-и мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин рақамҳои телефони сомонаҳои расмии онҳо, самарадории мубодилаи маълумот ва мавҷудияти алоқаи дубора гузаронида мешавад ва раванди мазкур таҳти назорати агентӣ қарор мегирад.

Бино ба маълумоти Хидмати матбуоти агентӣ тавассути чунин чорабиниҳо сатҳи самарадории низоми бозхӯрд, сари вақт ҷавоб додан ба зангҳои телефонӣ, фароҳам будани имконияти ирсоли ариза, пешниҳод ва шикоятҳо тавассути рақамҳои тамос, инчунин ҷорӣ гардидани механизми пешниҳоди тавзеҳот ва машваратҳои ҳуқуқӣ ба муроҷиаткунандагон арзёбӣ мешавад.

– Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳои «Муштарии махфӣ барои арзёбии сифати хидматрасонӣ» каналҳои тамоси сомонаҳои расмии 39 мақомоти давлатӣ ва ташкилот мавриди омӯзиш қарор гирифтанд, – мегӯяд роҳбари Хидмати матбуоти Агентии мубориза алайҳи коррупсия – мушовир оид ба забони давлатӣ Шерзод Сафаров. – Аз рӯйи натиҷаҳои омӯзиш, дар 31 ташкилот (79,5 фоиз) камбудӣ ба назар нарасид. Аммо дар 8 ташкилот (20,5 фоиз) мавҷудияти мушкилоти гуногун муайян гардид. Дар доираи мониторинги нақшавӣ бошад, фаъолияти телефонҳои боварӣ, Call-марказ ва дигар рақамҳои тамоси сомонаҳои расмии 24 ташкилоти марказӣ ва 15 ҳокимияти маҳаллии вилояти Намангон тавассути санҷишҳои амалӣ тафтиш карда шуд.

Бино ба таъкиди масъули соҳа, дар ҷараёни озмоишҳо дар як вазорат, се агентӣ ва чор ҳокимият камбудиҳо ошкор гардидаанд. Аз шумораи умумии ташкилотҳое, ки мушкил муайян шудааст, ҳафттоаш (87,5 фоиз) ба агентӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ рост меояд.

Зангҳое, ки 14 ва 20 май ба телефони боварӣ ва рақами дигари Вазорати фарҳанг амалӣ гардиданд, пас аз 2 дақиқаю 34 сония қатъ шуданд. Ҳангоми зангҳои санҷишӣ ба Агентии хадамоти гидрометеорологӣ алоқа пас аз 1 дақиқаю 33 сония қатъ гардида, барои ирсоли муроҷиат низ имкон вуҷуд надошт. Ҳангоми тамос бо телефони боварии Агентии рушди соҳаи тиб ва дорусозӣ занг пас аз 1 дақиқаю 37 сония қатъ гардид. Дар Агентии васеъсозии ҷангалҳо ва минтақаҳои сабз, мубориза бо биёбоншавӣ натиҷаи мусбат қайд шуд.

– «Телефони боварӣ»-и сомонаи ҳокимияти вилояти Намангон масдуд (блок) шудааст ва ба рақами кӯтоҳи 1056 низ касе ҷавоб надод, – идома медиҳад Шерзод Сафаров. – Дар телефонҳои боварӣ ва дигар рақамҳои ҳокимияти ноҳияҳои Чуст, Намангон ва Намангони Нав низ камбудиҳо ошкор гардиданд. Аз ҷумла, зангҳои пайваста ба ҳокимияти ноҳияи Чуст беҷавоб монданд. Рақаме, ки дар сомонаи ҳокимияти ноҳияи Намангон сабт шудааст, дар система вуҷуд надорад. Дар ноҳияи Намангони Нав бошад, истифодаи хидматрасонӣ имконнопазир аст.

Аз ҳашт ташкилоти дорои камбудӣ дар «Телефони боварӣ»-и ҳафт ташкилот (87,5 фоиз) камбудӣ мушоҳида шуд. Аз ин рӯ, дар Агентии хадамоти гидрометеорологӣ ва ҳокимиятҳои ноҳияҳои Чуст, Намангон ва Намангони Нав таъминсозии имконияти қабули муроҷиатҳо ва гузаронидани санҷиши такрорӣ аҳамияти махсус дорад.

Ба ҷойи хулоса

13 марти соли ҷорӣ таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев оид ба такмили тартиби кор бо муроҷиатҳои аҳолӣ, ба зинаи нав бардоштани фаъолияти Қабулхонаҳои халқӣ ва таҳлили амиқи афкори ҷамъиятӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардида буд. Зимни он таъкид шуд, ки шиори «Маро зарур аст, ки мушкилоти ҳар як инсон ва хонадонро донам ва сари вақт кумак расонам» бояд ба қоидаи асосии фаъолияти ҳар як ҳокими ноҳия, шаҳр ва вилоят, инчунин вазирон, роҳбарони ташкилотҳои минтақавӣ табдил ёбад.

Албатта, дар давраи сипаришуда баргузории қабулҳои сайёри ҳокимон, мулоқоти роҳбарон бо аҳолӣ ва вохӯриҳои ошкоро нисбат ба пеш фаъолтар шуданд. Аммо дар ин миён фаъолияти бемайлони «Телефони боварӣ» низ аҳамияти вижа дорад. Он бояд пули мустаҳками байни шаҳрванд ва ҳокимият, воситаи воқеии ҳалли мушкилот ва омили таҳкими боварии мардум ба мақомоти маҳаллӣ бошад, на рақаме танҳо барои «зеб»-и сомона. Аз маълумоти мақомоти масъул бармеояд, ки бо вуҷуди пайгирӣ ва назорати доимӣ, фаъолияти телефонҳои боварӣ ҳанӯз ҳам аз камбудиҳо орӣ нестанд. Пас, вақти он расидааст, ки аз назорату санҷишҳои маъмулӣ ба иқдомҳои мушаххасу натиҷаовар гузарем. Албатта, дар ин раванд пурзӯр кардани масъулияти шахсони дахлдор барои фаъолияти ғайриқаноатбахш ва корношоямии «Телефони боварӣ», роҳандозии назорати мунтазам ва санҷишҳои ногаҳонӣ муҳим аст. Ҳамзамон, истифодаи технологияҳои рақамӣ, сабти автоматии зангҳо, назорати фаврии дастрасии хатҳои тамос, арзёбии мунтазами сифати хидматрасонӣ, муҳимтар аз ҳама, татбиқи чораҳои қатъии ҷавобгарӣ нисбат ба масъулони бемасъулият метавонанд ба ҳалли мушкил мусоидат кунанд.

Зеро занги беҷавоб ва бепарвоӣ ба муроҷиат, на танҳо эътимоди шаҳрвандонро ба маълумоти сомона ва фаъолияти ҳокимият, балки боварии онҳоро ба давлат низ то ҷое коста мегардонад. Аз ин рӯ, санҷиши мунтазами корбарии рақамҳо, назорати посухгӯии масъулон ва бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби ҳокимиятҳо хеле муҳим аст.

Набояд фаромӯш кард, ки дар паси ҳар муроҷиат мумкин аст мушкили як инсон, оромии як хонадон ва гоҳе сарнавишти чандин нафар ниҳон бошад. Бетаваҷҷуҳӣ ба он, дар асл, беэътиборӣ ба мушкили одамон аст. Дар мамлакати мо, ки арҷгузорӣ ба қадри инсон дар меҳвари тамоми ислоҳот қарор дорад, чунин муносибат ба фаъолияти «Телефони боварӣ» наметавонад қобили қабул бошад.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

мухбири «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: