Меҳргон ҷашни дӯстӣ шуд

  • Меҳргон ҷашни дӯстӣ шуд
  • Меҳргон ҷашни дӯстӣ шуд

Саҳни мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯка намуди идона дошт. Ду тарафи роҳ, ки аз саҳни мактаб то роҳи калони маркази деҳа мебарояд, бо ҳар гуна овезаву гулҳо оро дода шуда буд. Аз тарафи рости саҳна дар сояи дарахтони зардолу шогирдони мактаб – рассомони ҷавон сурат мекашиданд. Дар тарафи чапи саҳна бошад, чанд нафар шатранҷбозӣ мекарданд.

Атрофи саҳнаро катҳо бо дасторхонҳои пур аз нозу неъмат ҳусн мебахшиданд. Хонандагону омӯзгорон меҳмононро интизор буданд, зеро ҷашни «Меҳргон» таҷлил мешуд.

Меҳмонон бо сардории раиси Маркази миллии тоҷикони вилояти Тошканд Саврон Мирзоев ташриф оварданд. Муовини ҳоким, раиси занону духтарон Зиёда Маннобова, раиси маҳала ва меҳмонон аз ноҳияи Масчоҳи Тоҷикистон низ расида омаданд. Дар чорабинӣ аз мактабҳои гирду атроф низ хонандагони миллатҳои гуногун ҳузур доштанд. Тадбир бо баромадҳои консертиву театрии шогирдону намоиши либосу рақсҳои миллӣ басо рангину ҷаззоб гузашт.

Хонандагони мактабҳои қирғизӣ, қазоқӣ, туркманӣ ва русӣ ҷашнвораро ба ҷашни дӯстӣ табдил доданд. Як ҷиҳати фарқкунандаи ҷашн аз солҳои гузашта он буд, ки байни падару модарони хонандагон таҳти шиори «Волидайни китобхон» озмун гузаронида шуд.

Саволу ҷавоби хаттӣ бинобар қиссаи «Марги судхӯр»-и Устод Садриддин Айнӣ, аз ёд гуфтани шеър дар ҳаҷми на камтар аз 20 мисраъ (аз устод Лоиқ Шералӣ) шартҳои озмун буд.

8 нафар волидайни аз 40 то 60-сола сабқат карданд.
Иштирокдорон барои ин  3 шабонарӯз вақт доштанд. Натиҷаи озмун ҳайратовар буд. Ҷойи якумро Фотима Боева бо 28 хол соҳиб гардид. Ҷойи дуюм ба Сабзпарӣ Сулаймонова бо 18 хол насиб кард ва ҷойи сеюмро Одинамоҳ Қурбонова бо 16 хол ишғол намуд.

Ба ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии маъмурияти мактаб тақдим гардид.

Дар ҷашнвора ҳамчунин  байни хонандагони мактабҳои 9-уму 43-юм ва меҳмонон бозии «Заковат» ба амал омад. Дар он  ҷамоаи «Зарафшон»-и мактаби 9-ум пирӯз шуд.

Ғайр аз ин миёни хонандагони синфҳои 8-11-уми мактаби мизбон таҳти шиори «Оши палави беҳтарин» озмуни палавпазӣ ба роҳ монда шуд ва синфи 8-ум ҷойи аввал, синфи 9-ум мақоми дуюм ва синфи 11 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Ба ҳамаи онҳо низ ифтихорномаву туҳфаҳо пешкаш гардиданд.

Меҳмонон-ҳофизони но-ҳияи Масчоҳи Тоҷикистон Самадҷон ва Сафарбой бо сурудҳои ҷозибадори худ ба ҷашн ҳусни хос бахшиданд ва ба меҳру мамнунияти тамошобинон мушарраф гардидаанд.

Ҷашни «Меҳргон» то шом давом кард.

Сулаймон Содиқ,
омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи

вилояти Тошканд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: