Аз 31 октябр то 13 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Дакар, пойтахти Сенегал, Бозиҳои IV тобистонаи олимпии наврасон баргузор мешаванд.
Дар ин мусобиқа ҳайати Ӯзбекистон бо иштироки 19 варзишгар дар 11 намуди варзиш ҳунарнамоӣ мекунад. Айни замон варзишгарони кишвар ба марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба сабқатҳо расидаанд.
Дар Бозиҳои мазкур варзишгарони Ӯзбекистон дар риштаҳои зерин рақобат хоҳанд кард:
Бокс:
– Иброҳим Шокирҷонов (вазни то 65 кг);
– Сабрина Чакомонова (вазни то 54 кг);
– Рушанабону Исоева (вазни то 60 кг).
Ҷудо:
– Ҷӯрабек Эшпӯлатов (вазни то 100 кг).
Таэквондо WT:
– Асадбек Самандаров (вазни то 55 кг).
Шиноварӣ:
– Муҳаммадисмоил Раҳмонов (50, 100 ва 200 метр бо усули брасс);
– Паризод Абдукаримова (50 метр бо усули озод, 50 ва 100 метр бо усули пуштнокӣ).
Шамшербозӣ:
– Наргиза Утебаева (сабля, рақобати инфиродӣ).
Камонварӣ:
– Бекзод Бобораҷабов (рақобати инфиродӣ).
Гимнастикаи варзишӣ:
– Ярослава Чернобровкина (бисёрҳарбаи инфиродӣ).
Варзиши сабук:
– Паризода Талабова (найзапартоӣ);
– Шодиёна Раҳмонова (давидан ба масофаи 400 метр бо монеаҳо);
– Насимахон Маъмирова (давидан ба масофаи 2000 метр бо монеаҳо);
– Нигинабону Раҷабова (давидан ба масофаи 100 метр бо монеаҳо);
– Шаҳзодбек Холмуродов (сеҷаҳиш);
– Мунаввар Холтураева (давидан ба масофаи 1500 метр).
Ушу:
– Гулираъно Холмӯминова (таолу).
Триатлон:
– Абилайхон Ӯринбосаров (рақобати инфиродӣ).
Велосипедронии шоҳроҳӣ:
– Гулҳаё Сатторова (пойгаи гурӯҳӣ ва пойга бо сабқати вақт).