Ҳукуматҳо ҳамеша талош меварзанд, ки тамоми соҳаҳои иқтисодиётро дар қаламрави худ тараққӣ диҳанд ва аз баракоти онҳо шароити зисти мардумро беҳбуд бахшанд, суботро дар хоки худ таъмин созанд, истиқлоли худро ҳифз кунанд.
Иқтисодиёти пешрафта на танҳо ҳаёти мардумро обод мекунад, балки як нишондоди умдаи муайян сохтани мавқеи давлатҳо низ ба шумор меравад. Рушди иқтисодӣ нерӯи дифоии ҳар гуна кишварҳои дурандешро боло бурда, вайро аз ҳама гуна хавфу хатар ҳимоят мекунад. Аммо вобастагии иқтисодӣ зербиноҳои истиқлоли давлатро суст ва орзуҳои дерини мардумро дар роҳи расидан ба озодии комил таҳти суол қарор медиҳад.
Хоса, Ӯзбекистон солҳои охир ба истеҳсоли «нерӯи сабз» бештар тамаркуз гирифта, дар ин роҳ маблағи зиёде харҷ месозад. Ватани мо ба истеҳсоли «нерӯи сабз» мувофиқ буда, дар амал татбиқ намудани ҳар гуна лоиҳа аз фоида дур нахоҳад монд. Бо истифода аз нерӯи шамол, офтоб ва об истеҳсоли нерӯи барқ ба ҳукми анъана даромада, ба дурнамои ояндаи рушди иқтисодии кишвари мо таъкид мекунанд. Бо нишондоди роҳбари хирадманд ва дурандеши ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла, дар вилояти Қашқадарё низ коргоҳҳои муқтадири истеҳсоли нерӯи барқ бунёд меёбанд, ки маҳсули онҳо аз нигоҳи экологӣ тоза буда, ба муҳити зист таҳдиде надоранд. Бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва маболиғи буҷаи кишвар сохта шудани нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва офтобию шамолӣ ниёзи коргоҳҳои калони истеҳсолиро, ки сол аз сол шумораашон меафзоянд ва талаботи рӯзафзуни мардумро ба нерӯи барқ бароварда месозанд.
Дар соҳилҳои дарёи Оқсуи ноҳияи Шаҳрисабз, ки аз самти деҳаи Ғелон ба обанбори Ҳисорак ҷорист, чандин нерӯгоҳи барқии обӣ сохта шудаанд, ки имрӯзҳо ба истиқлоли энергетикии кишварамон ҳиссаи муносиб мегузоранд. Президент Шавкат Мирзиёев ҳини сафари кории худ ба вилояти Қашқадарё дар расми кушоиши НБО-и «Работ», «Чаппасув» ва «Тамшуш» ширкат варзид ва ин коргоҳҳоро дар рушди иқтисодиёти минтақа ва беҳтар шудани шароити зисти мардуми он омили муҳиме хонд. Ин коргоҳҳо аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго» сохта шуда, ба истеҳсоли 24 МВТ нерӯи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза қодир ҳастанд. НБО-и «Работ», «Чаппасув» ва «Тамшуш» дар асоси технологияҳои замони муосир бунёд ёфта, тамоми сол фаъол хоҳанд монд. Аммо фаслҳои баҳору тобистон нерӯи истеҳсолии онҳо афзуда, ба халқу давлат бештар хидмат хоҳанд кард. Ин НБО-ҳои нав дар як сол ба ҳисоби миёна 105,1 миллион квт. соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд. Назар ба ҳисоби мутахассисони соҳа, барои истеҳсоли ҳамин миқдор нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳое, ки бо гази табиию ангишт кор мекунанд, 31,5 миллион мукаабметр газ ва ҳудуди 50 ҳазор тонна ангишт лозим аст. Аммо зиёни онҳоро ба муҳити зист ва табиат набояд фаромӯш сохт. Нерӯи барқи сабзе, ки НБО-и «Работ», «Чаппасув» ва «Тамшуш» истеҳсол мекунанд, имкон медиҳад, ки 44 ҳазор хонадон бо нерӯи барқ таъмин гарданд.
Дар истеҳсоли нерӯи барқи сабз Ӯзбекистон беш аз пеш ҳавасманд аст ва ояндаи дурахшони ин соҳаро дар бунёди коргоҳҳои тавлидгари барқ, ки аз нерӯи об, офтоб ва шамол бархурдоранд, мебинад.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.