Икат: аз ҳунари миллӣ то эътирофи байналмилалӣ

Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» дар доираи лоиҳаи «Ikat Connection», ки бо дастгирии молиявии Бунёди байналмилалии ALIPH ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешавад, бо мақсади баррасии масъалаҳои ҷорӣ намудани стандартҳои миллии сифат ва нишонаҳои сифат барои маҳсулоти икати Ӯзбекистон нишасти матбуотӣ баргузор кард.

Роҳбари лоиҳаҳо ва коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи саноати эҷодии Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Аврупо Надежда Здравкова дар бораи стандартҳои ҷории сифат ва ба чор категория ҷудо шудани матоъҳои икат маълумот дод.

– Икат як навъи матои нақшдор аст, ки бо истифода аз усули махсуси ранг кардани риштаҳо пеш аз бофтан истеҳсол мешавад. Он аз ҷумлаи матоъҳои дастбофти анъанавӣ буда, дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Тақсимбандии он ба категорияҳо бо назардошти технологияи истеҳсол, ашёи хоми истифодашуда, тарзи рангубор ва дигар меъёрҳои сифат сурат мегирад, – афзуд Н. Здравкова.

Ба гуфтаи коршинос, барои ин матоъҳо чор навъи тамғаи сифат – тиллоӣ, нуқрагӣ, сабз ва кабуд пешбинӣ шудааст. Тамғаи тиллоӣ ба матоъҳое дода мешавад, ки сад дарсад аз абрешими холис дастӣ бофта шуда, бо рангҳои табиӣ ранг шудаанд. Тамғаи нуқрагӣ ба матоъҳои дастбофте дода мешавад, ки аз абрешими табиӣ ва нахҳои пахта омода гардида, бо рангҳои табиӣ рангубор шудаанд. Тамғаи сабз ба матоъҳое дода мешавад, ки дар истеҳсоли онҳо рангҳо ва нахҳои табиӣ ё кимиёвӣ истифода шудаанд. Матоъҳои икате, ки бо истифода аз технологияҳои мошинӣ истеҳсол мешаванд, соҳиби тамғаи кабуд мегарданд. Дар ҳамаи категорияҳо устувории ранг нисбат ба шустани дастӣ яке аз меъёрҳои муҳими арзёбии сифат ба ҳисоб меравад.

Рангҳои тамғаҳои сифат бо назардошти рангҳои Парчами давлатӣ – кабуд, сафед ва сабз интихоб шуда, бо рангҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ пурра гардидаанд. Ин низом ба истеъмолкунандагон имкон медиҳад, ки таркиб, усули истеҳсол ва хусусиятҳои сифатии матоъҳоро аз ҳам фарқ кунанд ва ҳангоми харид интихоби дуруст дошта бошанд.

Аъзои Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» метавонанд соле як маротиба барои гирифтани тамғаи сифат ройгон муроҷиат намоянд. Барои ин онҳо бояд намунаи матоъро ҳамроҳ бо маълумот дар бораи номи ҳунарманд ё бофанда, маҳалли истеҳсоли маҳсулот, номи нақш, соли офариниш, ранг ва ашёи хоми истифодашуда пешниҳод кунанд.

Танҳо пас аз омӯзиш ва арзёбии намунаҳои пешниҳодшуда ба ҳунармандоне, ки маҳсулоташон ба талаботи категорияи дахлдор ҷавобгӯ аст, нишони рақамии сифат, нишони рақамии дорои маълумоти маҳсулот ва шаҳодатномаи сифат тақдим мегардад.

Ин ташаббус ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии ҳунармандӣ, муаррифии васеи хусусият ва сифати хоси икатҳои Ӯзбекистон, баланд бардоштани нуфузи маҳсулоти миллӣ дар бозори ҷаҳонӣ, инчунин, такмили донишу маҳорати истеҳсолкунандагони ҷавон нигаронида шудааст.

Гулҷаҳон КАБИРОВА,

хабарнигори

«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: