Дар Ӯзбекистон барои радарҳои сайёр гузоштани аломатҳои махсус дигар ҳатмӣ нест

Ҳукумати Ӯзбекистон талаботи ҳатмии насби аломати роҳии «Радар»-ро дар ҷойи истифодаи радарҳои сайёр бекор кард.

Минбаъд ин талабот танҳо ба радарҳои доимӣ, ки суръати ҳаракати воситаҳои нақлиётро назорат мекунанд, дахл хоҳад дошт. Ҳадаф аз ин тағйирот коҳиш додани шумораи қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ арзёбӣ мешавад.
Қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 октябр қабул шудааст. Тибқи он, талаботи мавҷудияти аломати роҳии «Радар» ҳангоми истифодаи радарҳои сайёр бекор карда шуд. Ин талабот қаблан дар асоси қарори «Дар бораи фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои аҳолӣ ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёт» ҷорӣ гардида, аз 1 сентябри соли 2025 мавриди амал қарор гирифта буд.
Аз ин пас, аломати «Радар» танҳо дар назди радарҳои доимии назорати суръати ҳаракат насб карда мешавад.
Ҳамзамон, ба Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ меъёре илова гардид, ки тибқи он аломати мазкур бояд дар масофаи на камтар аз 250 ва на бештар аз 500 метр аз радар ҷойгир карда шавад.
Ҳадафи тағйироти мазкур такмили истифодаи воситаҳои аксбардорӣ ва сабти видеоии қоидавайронкуниҳо ва дар ин замина коҳиш додани шумораи қонуншиканиҳо дар роҳҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи ҳамин санад, акнун набастани камарбанди бехатарӣ низ метавонад тавассути камераҳои насбкардаи соҳибкорон сабт карда шавад.
Илова бар ин, нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ минбаъд набояд убури хатти яклухти роҳро дар масофаи то 50 метр аз чорроҳа ва то 20 метр аз ҷойи гардиши ақиб ҳамчун қоидавайронкунӣ сабт кунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: