Дар Чин дарозтарин хатти ҳалқавии метро ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Уҳани Чин хатти 12-уми метро ба истифода дода шуд, ки дарозтарин хатти ҳалқавии метро дар ин кишвар ба шумор меравад.

Дарозии ин хатти метро 59,9 километрро ташкил дода, аз ҳудуди ҳафт ноҳияи шаҳри Уҳан мегузарад. Он ҳамчунин бо 18 хатти мавҷуда ва дар ҳоли тарҳрезишавандаи метро пайваст мешавад. Поездҳо масири пурраи онро тақрибан дар 96 дақиқа тай мекунанд, хабар медиҳад  Kazinform.
Бо ифтитоҳи хатти нав дарозии умумии шабакаи метрои Уҳан аз 581 километр гузашт. Ин масофа тақрибан ба дарозии роҳи автомобилгарди байни Берлин ва Мюнхен ё Рим ва Милан баробар аст.
Хатти нави метро ду маротиба аз зери дарёи Янтзӣ ва як маротиба аз зери дарёи Ханзян мегузарад. Яке аз нақбҳои зериобии он, ки дарозиаш тақрибан 4 километр аст, дар умқи 71,4-метрии зери маҷрои дарёи Янтзӣ сохта шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: