Дар назарсанҷии умумиҷумҳуриявӣ, ки 73 литсейи академии 14 минтақаи Ӯзбекистонро фаро гирифт, 24 ҳазору 557 хонанда ва 2 ҳазору 520 омӯзгор иштирок карданд.
Иштирокчиён сифати дарсҳо, шароити таълим ва сатҳи омодагӣ ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олиро арзёбӣ намуданд.
Тибқи натиҷаҳои назарсанҷӣ, аз рӯйи аксари 24 нишондиҳандаи асосӣ ҳиссаи баҳои мусбат аз 75 то 90 фоизро ташкил додааст.
Литсейҳои пешсаф аз рӯйи сифати таълим ва раванди таълим:
- Литсейи академии №2-и Донишгоҳи давлатии техникии Қаршӣ – 96,4 хол;
- Литсейи академии Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ ва агротехнологияҳои Тирмиз – 93,2 хол;
- Литсейи академии «International Finance» – 92,1 хол.
Ҳамзамон, дар назарсанҷӣ як қатор мушкилот низ ошкор шудаанд:
- 41,2 фоизи хонандагон инфрасохтори варзишӣ ва 41,4 фоизи онҳо шароити синфхонаҳо ва маиширо манфӣ арзёбӣ кардаанд;
- машғулиятҳои амалӣ ва лабораторӣ на дар ҳамаи литсейҳо ба таври кофӣ ба роҳ монда шудаанд;
- ҳар чаҳорумин хонанда (25,4 фоиз) изҳор доштааст, ки барои дохил шудан ба донишгоҳ ба омодагии иловагӣ ниёз дорад;
- 25 фоизи омӯзгорон сарбории кориро зиёд арзёбӣ карда, 43,9 фоизи онҳо гуфтаанд, ки ба барномаҳои байналмилалии такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта нашудаанд.
Самтҳои дорои нишондиҳандаҳои баланд:
- китобҳои дарсӣ ва захираҳои китобхона – 83 фоиз;
- шароити истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва интернет – 75 фоиз.