Панҷ кишвар низоми пардохти QR-ро ҳамоҳанг месозанд

Бонкҳои миллии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақшаи муштараки рушди низоми пардохтро таҳия кардаанд.

Ҷаласаи чоруми бахшида ба баррасии ин масъала дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Иштирокдорони ҷаласа пешниҳоди Қазоқистонро оид ба муттаҳидсозии низомҳои миллии пардохт тавассути QR  дастгирӣ карданд.
Қарор аст, то охири сол механизми дахлдор таҳия гардад. Дар сурати татбиқи он, сокинони ин панҷ кишвар метавонанд бо истифода аз замимаи мобилии бонки худ дар хориҷи кишвар барои хариди мол ва хизматрасониҳо пардохт кунанд, инчунин байни ҳамдигар маблағро фавран интиқол диҳанд.

С. Раҳимов, ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: