Дар Чин зеҳни сунъӣ пешгӯии ҳодисаҳои хатарноки обу ҳаворо меомӯзад

Чин моделҳои нави зеҳни сунъиро муаррифӣ кард, ки барои пешгӯии ҳодисаҳои хатарноки обу ҳаво, аз ҷумла тӯфон, раъду барқ ва боришоти шадид пешбинӣ шудаанд.

Яке аз ин низомҳо имкон медиҳад, ки аҳолӣ дар бораи номусоидии обу ҳаво то чор соат пеш огоҳ карда шавад.
Технологияҳои нав дар конфронси корбарони маълумоти моҳвораҳои сунъӣ, ки дар шаҳри Чаншаи музофоти Ҳунан баргузор шуд, муаррифӣ гардиданд. Онҳо дар асоси маълумоти моҳвораҳои метеорологии «Фэнъюн»-и Чин таҳия шудаанд, хабар медиҳад Kazinform.
Яке аз низомҳои пешниҳодшуда барои таҳлили тӯфонҳо пешбинӣ шудааст. Он ҷойгиршавӣ, сохтор, шиддат ва тағйироти тӯфонро ба таври худкор муайян мекунад. Модели зеҳни сунъӣ ҳафт хусусияти тайфунро таҳлил намуда, натиҷаҳоро ҳар 15 дақиқа нав мекунад. Ҳамзамон, хулосаи таҳлилро дар шакли матн ҳамагӣ дар 27 сония омода месозад.
Низоми дуюм барои пешгӯии кӯтоҳмуддати ҳодисаҳои шадиди конвективии обу ҳаво, аз ҷумла раъду барқ, шамоли сахт ва боронҳои селосо пешбинӣ шудааст.
Барои ин низом аз маълумоти мушоҳидавии пайвастаи моҳвораи «Фэнъюн-4» дар давоми ду соати охир истифода мешавад. Зеҳни сунъӣ тағйироти минбаъдаи абрҳоро таҳлил карда, минтақаҳоеро муайян мекунад, ки дар онҳо эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои хатарноки обу ҳаво вуҷуд дорад. Ба ин тартиб, имкони огоҳ кардани аҳолӣ аз хатари эҳтимолӣ то чор соат пеш фароҳам меояд.
Ба иттилои Идораи метеорологии Чин, технологияҳои нав самаранокии назорати моҳвораӣ ва низоми огоҳсозии пешакӣ аз тайфунҳо ва дигар ҳодисаҳои хатарноки табииро баланд мебардоранд.
Моҳвораҳои «Фэнъюн» ҷузъи низоми миллии мушоҳидаҳои метеорологии Чин ба шумор мераванд. Айни замон дар мадор 10 моҳвораи ин силсила фаъолият мекунад. Маълумоти бадастомадаи онҳо барои 141 кишвар ва минтақа дастрас аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: