Дарахтон шуши табиии шаҳр ба ҳисоб мераванд. Онҳо яке аз омилҳои муҳими экологӣ буда, муҳити зистро аз таъсири гармии тобистон ва ҳавои сарди тирамоҳ ҳифз мекунанд. Аммо тағйироти табиӣ метавонанд ба фаъолияти муътадили онҳо таъсири манфӣ расонанд.
Масалан, айни замон дар кишвари мо ҳавои гарми тирамоҳӣ ҳукмфармост. Ин ҳолат, бахусус дар шаҳрҳое чун Андиҷон, ки ҳаракати нақлиёт дар онҳо зиёд аст, боиси бад шудани вазъи экологӣ мегардад. Дар натиҷаи хушк будани ҳаво чангу ғубор ба вуҷуд омада, барги дарахтонро мепӯшонад. Ин бошад, ба коҳиши раванди тавлиди оксиген ва фотосинтез таъсир мерасонад. Дар натиҷа, на танҳо бемориҳои мавсимӣ, балки дигар бемориҳои роҳҳои нафас низ метавонанд бештар паҳн шаванд.
Бо ин сабаб, дар шаҳри Андиҷон корҳои шустани дарахтон ба роҳ монда шуданд. Барои ин тамоми техникаву воситаҳои махсусгардонидашудаи обпошӣ сафарбар гардидаанд.
— Гарм ва хушк омадани фасли тирамоҳ боиси кам шудани намии дарахтон, бармаҳал хушк шудани баргҳо ва то 17–30 фоиз суст гардидани раванди фотосинтез мешавад, — мегӯяд корманди Сарраёсати экология ва тағйирёбии иқлими вилояти Андиҷон Лочинбек Исомуддинов. — Тавассути шустани дарахтон метавон аз 23 то 45 фоизи чангу ғубори дар баргҳо ҷамъшударо бартараф кард. Дар натиҷа, баргҳо нури офтобро беҳтар ҷаббида, аз ба ҳаво паҳн шудани чангу дигар моддаҳои зараровар пешгирӣ мешавад. Ҳамзамон, мубодилаи газҳо беҳтар мегардад. Ҳамаи ин на танҳо ба нафъи табиат, балки ба саломатии инсон низ таъсири мусбат мерасонад.
Одатан, дар фасли тирамоҳ дарахтон ба мавсими зимистон омодагӣ мебинанд. Аммо гармии ҳаво метавонад онҳоро дар баробари сардиҳои дарпешистода осебпазир созад. Тадбирҳое, ки дар шаҳри Андиҷон амалӣ мешаванд, ҳамчунин барои нигоҳ доштани мувозинати табиӣ мусоидат хоҳанд кард.
Саминҷон ҲУСАНОВ,
«Халқ сўзи».