Манбаи даромад

Дар мамлакатамон афзоиши даромади аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини устувори бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян шудааст.

Дар ин робита, ба ҷорӣ намудани равишҳои замонавӣ дар соҳаи чорводорӣ, васеъ кардани занҷири истеҳсолот ва рушди чорводорӣ дар хонаводаҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Маҷмааи замонавии чорводорӣ, ки аз ҷониби ҶММ »Чортоқ ҳалол чорвачилик» дар ноҳияи Чортоқ таъсис дода шудааст, ифодаи амалии ин вазифаҳо мебошад.
Маҷмаа, ки бо харҷи қариб 3 миллиард сӯм сохта шудааст, имкони нигоҳдории 700 сар чорвои калонро дорад.
Қобили зикр аст, ки чорво аз Чин ворид ва ба чорводорони маҳаллӣ мувофиқи тартиби муқарраршуда расонида мешавад. Моҳи гузашта аз Чин 650 сар чорвои зотӣ ворид карда шуд. Имрӯзҳо боз 600 сар чорвои зотӣ ба ноҳия расонида мешавад.
Ҳамин тариқ як системаи муттаҳиди логистикӣ ташаккул меёбад, ки равандҳоро аз воридоти чорво то қабул, нигоҳдорӣ, нигоҳубин ва расонидани он ба чорводорон фаро мегирад.
Ин ба чорводорӣ имкон медиҳад, ки аз як фаъолияти одии иқтисодӣ ба як занҷири истеҳсолии замонавӣ ва пайваста табдил ёбад. Муҳимтар аз ҳама, ворид шудани чорвои зотӣ ба чорводории маҳаллӣ ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт, васеъ кардани манбаъҳои даромад барои хонаводаҳо ва устувор кардани таъминоти маҳсулот дар бозори дохилӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи лоиҳа 15 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Чунин лоиҳаҳо дар бахши чорводорӣ натиҷаи амалии имкониятҳое мебошанд, ки давлат барои субъектҳои соҳибкорӣ фароҳам овардааст.
 
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: