Ҷоми Осиё-2027 ба соли 2028 мавқуф гузошта шуд

Мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба футбол, ки қарор буд соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор шавад, ба муҳлати дигар гузаронида шуд. Акнун он аз 23 декабри соли 2027 то 21 январи соли 2028 баргузор мегардад.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) хабар медиҳад, ки чунин қарор пас аз машварат бо кумитаи тадорукоти мусобиқа, Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ ва кумитаи маҳаллии ташкилӣ қабул шудааст.
Қаблан баргузории мусобиқа аз 7 январ то 5 феврали соли 2027 ба нақша гирифта шуда буд.
Сабаби тағйир додани муҳлати баргузории мусобиқа вазъи минтақа ва ҳолатҳои фавқулодаи марбут ба он, аз ҷумла мушкилоти ҷиддии логистикӣ ва халалдор шудани рафтуомад арзёбӣ мешавад.
Ба таъкиди AFC, бинобар ба миён омадани шароити фавқулода, баргузории мусобиқа дар муҳлати қаблан муайяншуда ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Аз ин рӯ, тағйир додани санаи он ба манфиати дастаҳои иштирокчӣ, ҳайати расмӣ, мухлисон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дониста мешавад.
Санаҳои нави баргузории мусобиқаро Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) бояд тасдиқ кунад.
AFC талошҳои Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ ва кумитаи маҳаллии тадорукотро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқа ва фароҳам овардани шароити муносиб барои футболбозону мухлисони осиёӣ қадрдонӣ кардааст.
Конфедератсия ҳамчунин изҳор доштааст, ки ҳамкориҳоро бо федератсияҳои футболи кишварҳои иштирокчӣ, сарпарастон, шарикони пахши телевизионӣ ва тиҷоратӣ дар самти омодагӣ ва баргузории мусобиқа идома медиҳад.
Маълумоти иловагӣ дар бораи мусобиқа тавассути расонаҳо ва шабакаҳои расмии AFC нашр хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: