Муолиҷаи озах (севол, бородавка)
Пиёзро бо намак кӯфта, ба рӯйи озах гузоред. Пухтаи сирпиёзи тару тозаро бандед. Ҳар рӯз чанд маротиба бо дамкарда ё ҷӯшоби явшон (шувоқ) пок карда истед. Ба севолҳои хурд оби қоқу (момоқаймоқ) молед, онро нест хоҳад кард.
Ҳангоми сӯхтан аз оҳаки тез
Ҳангоми сӯхтан аз оҳаки тез, пӯстро бо об шустан мумкин нест. Зеро ҳангоми ба ҳам омехтани оҳак ва об гармӣ ҷудо шуда, ҷароҳати сӯхтаро вазнинтар мекунад. Аввал оҳаки ҷойи сӯхтаро бо матои тоза хуб пок мекунанд, баъд бо оби равон мешӯянд ё равғани растанӣ мерезанд. Ҷойи сӯхта бо докаи тамизшуда баста мешавад.
Барои тоза кардани испурч (талоқ)
Агар ҳамарӯза ба миқдори 0,2 грамм заъфарон истеъмол намоед, он испурчро дар сатҳи олӣ тоза мекунад.
Ҳангоми варами испурч
Дамкардаи барги зирк ҳангоми варами испурч, инчунин дар бемориҳои ҷигар истифода мешавад.
Ҳангоми кирм задани бадан (миаз)
Кокутӣ (кийикӯти)-и хушкро кӯфта, ба ҷойи кирмзада пошанд, кирмҳоро нобуд мекунад.
Ҳангоми берун баромадани ноф
Райҳони кӯҳиро кӯфта, бо равғани зайтун ва зира омехта банданд, ба нофе, ки берун баромадааст, фоида мерасонад ва боди даруни узвро кам мекунад.
Ҳангоми шукуфа (темиратки)
Ибни Сино хокистари сирпиёзро бо асал омехта, барои шукуфа марҳам тайёр кардааст.
Ҳангоми бемориҳои пӯст
Шарбат ва марҳами сабр (алоэ) бемориҳои шадид ва музмини пӯстро табобат мекунад. Захм, ҷароҳат ва сӯхтаҳоро бартараф намуда, пӯстро ба ҳолати пешинааш бармегардонад.
Ҳангоми доғҳои сафеди пӯст
Тухми навро шикаста, пӯсташро ношуста 3 дақиқа меҷӯшонанд. Сипас, хунук карда, бо оби зарф ҷойҳоеро, ки доғи сафед доранд, пок мекунанд. Баъд аз 10–15 дақиқа шуста, бо дастмол пок намекунанд. Муолиҷа то аз байн рафтани доғҳо такрор карда мешавад.
Ҳангоми сӯхтани пӯст
Тухми бодиринг дарунро мулоим мекунад, ранг ва равшании рӯйро нигоҳ медорад, инчунин ҳангоми сӯхтани пӯст ва варамҳо кӯмак мерасонад.
Барои нигоҳубини пӯст
Ба зарфи 4–8 литра оби ҷӯш андохта, ба даруни он решаи хушки гиёҳи нардсунбул (валериана)-ро дар халтача мегузоранд: барои калонсолон 100 грамм, барои кӯдакон 50 грамм. Онро 30 дақиқа меҷӯшонанд, сипас зарфро аз оташ гирифта, 1 соат дам медиҳанд. Баъдан ҷӯшобро ба ваннаи пуроб мерезанд ва ҳарорати обро ба 36,6–37 дараҷа мерасонанд. Сипас, 15–30 дақиқа ванна қабул мекунанд. Ин барои кӯдакон ва ҳам калонсолон фоидаовар аст. Хориши пӯстро рафъ мекунад, пӯстро мулоим месозад ва равғанҳои зиёдатии сӯрохиҳои пӯстро хориҷ менамояд.
(Давом дорад).
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
А. РӮЗИМАТОВ.