Дар Толори конгресси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон бахшида ба 35-солагии рӯзномаҳои «Халқ сӯзи» ва «Народное слово» таҳти мавзӯи «Феномени «Халқ сӯзи» ва «Народное слово»: неруи ниҳодӣ ва мактаби меъёрҳои касбӣ дар журналистикаи миллӣ» конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки таҳти ҳамкории шӯроҳои Сенат ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Федератсияи иттифоқҳои касаба, Маркази таҳияи муҳтаво барои воситаҳои ахбори оммаи назди Маъмурияти Президент ва Донишгоҳи байналмилалии Нордик доир гардид, сенаторон, депутатҳо, намояндагони мақомоти идоракунии давлатӣ ва васоити ахбори умум, профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълими олӣ ва дигарон иштирок карданд.
Дар оғоз гуфта шуд, ки конфронс ба муносибати 35-умин солгарди таъсиси «Халқ сӯзи» ва «Народное слово» – нашрияҳои расмии шӯ-роҳои Сенат ва Палатаи қонунгузорӣ ташкил гардида, дар доираи он нақши ин рӯзномаҳо дар ташаккул ва рушди журналистикаи миллӣ аз лиҳози илмӣ, назарӣ ва амалӣ таҳлил мегардад, инчунин, таҷрибаи ғании таърихии онҳо, аҳаммияти институтсионалӣ ва масъулияти касбии нашрияҳои чопӣ дар фазои муосири расонаӣ муҳокима мешавад.
Дар идома зикр гашт, ки нашри ин рӯзномаҳо аз 1 январи соли 1991 оғоз ёфта, онҳо ҷиҳати инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии Ӯзбекистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи манбаъҳои бонуфузи иттилооти расмӣ ба шумор мераванд. Дар марҳилаҳои гуногуни рушди мамлакат ин рӯзномаҳо дар инъикоси равандҳои муҳими ҳаёти давлат ва ҷомеа, расонидани навгониҳои қо-нунгузорӣ ба доираи васеи ҷомеа, шарҳу тавзеҳи моҳияти ислоҳот ва рушди муколамаи иҷтимоӣ ҷойгоҳи хоси худро касб кардаанд.
Инчунин, дар доираи чорабинӣ масъалаҳои гуногуни соҳа низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, нақши институтсионалӣ ва рисолати таърихии «Халқ сӯзи» ва «Народное слово» дар низоми журналистикаи миллӣ, марҳилаҳои рушди журналистикаи парлумонӣ, таҷрибаи инъикоси раванди эҷодкории қонун ва механизмҳои мулоқот бо ҷомеа баррасӣ шуданд. Ба масъалаҳои стандартҳои касбӣ дар фаъолияти ҳайати таҳририя, одоби журналистӣ, беғаразӣ ва масъулият барои ахбор, аҳаммияти журналистикаи таҳлилӣ дар инъикоси ислоҳоти ҳаёти давлат ва ҷомеа, ҳамоҳангии матбуот бо расонаҳои рақамии муосир, тағйирёбии касби рӯзноманигорӣ дар замони зеҳни сунъӣ, эътимоднокии иттилоот ва саводи расонаӣ диққати махсус дода шуд.
Омода кардани кадрҳо, рушди анъанаи «Устод – шогирд» ва мактаби маҳорати касбӣ, инчунин шаклҳои нави ҳамкории нашрияҳои чопӣ, интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ муҳокима гардиданд.
Дар идома дар Қасри иттифоқҳои касаба ба ин муносибат шоми бошукӯҳи бадеӣ баргузор шуд.
Мухбири рӯзнома.