Олимон имкони дар кайҳон ҷойгир кардани сипари махсуси офтобиро меомӯзанд, ки метавонад ҳарорати миёнаи Заминро то 1 дараҷаи Селсий коҳиш диҳад.
Тибқи ин консепсия, дар байни Замин ва Офтоб ҳазорҳо моҳвораи сунъии инъикоскунанда ё абрҳои зарраҳо ҷойгир карда мешаванд. Онҳо бояд қисми ками нурҳои Офтобро бозтоб дода, раванди гармшавии сайёраро суст кунанд.
Дар гузориши нави созмони ғайритиҷоратии Planetary Sunshade Institute гуфта мешавад, ки дар сурати таҳияи технологияҳои зарурӣ барои сохтани мушакҳои пуриқтидор, татбиқи чунин низом метавонад дар давоми 20–40 соли оянда оғоз шавад.
Бо афзоиши ҳарорати ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ ба ин идея низ бештар мегардад. Моҳи август роҳбари ширкати SpaceX Илон Маск дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд, ки моҳвораҳои сунъӣ метавонанд миқдори нури Офтобро, ки ба Замин мерасад, кам карда, барои ҳалли мушкили гармшавии глобалӣ мусоидат кунанд.
Бо вуҷуди ин, олимон ҳанӯз дар мавриди самаранокӣ ва имкони амалии татбиқи чунин технология ба хулосаи ягона нарасидаанд.
Дар гузорише, ки бо дастгирии гранти 400 ҳазор фунт стерлингии Агентии таҳқиқоти пешрафта ва ихтирооти Британияи Кабир (Advanced Research and Invention Agency) таҳия шудааст, шаш тарҳи эҳтимолии сипари офтобӣ барои ҷойгиркунӣ дар кайҳон баррасӣ гардидааст. Муаллифони таҳқиқот ҳисоб кардаанд, ки боздоштани тақрибан як фоизи нури Офтоб, ки ба Замин мерасад, метавонад ҳарорати миёнаи сайёраро як дараҷа поин барад, хабар медиҳад Kazinform.
Яке аз пешниҳодҳо ҷойгир кардани 5 000 моҳвораи бузурги мадорӣ мебошад, ки диаметри ҳар кадоми онҳо тақрибан 40 километрро ташкил медиҳад. Барои сохтани чунин низом тақрибан 70 миллион тонна мавод лозим мешавад. Ин нишондиҳанда тақрибан 1 500 маротиба бештар аз массаи умумии тамоми объектҳое мебошад, ки то имрӯз ба кайҳон бароварда шудаанд.
Барои бунёди ин низом бояд ҷузъҳои моҳвораҳо аз Замин ба кайҳон интиқол дода шуда, дар он ҷо васл карда шаванд. Муаллифони гузориш барои коҳиш додани хароҷоти нақлиётӣ истифодаи маводеро пешниҳод мекунанд, ки аз Моҳ истихроҷ карда мешаванд.
Варианти дигар ҷойгир кардани абри чанги инъикоскунанда ё зарраҳои махсус дар байни Замин ва Офтоб аст. Ин усул метавонад нисбат ба низоми моҳвораҳо садҳо маротиба камтар мавод талаб кунад. Аммо муҳаққиқон ҳанӯз онро як консепсияи фарзиявӣ медонанд, ки имкони татбиқи амалии он исбот нашудааст.
Пешниҳод мешавад, ки ҳар ду низом дар масофаи тақрибан ду миллион километр аз Замин ҷойгир карда шаванд. Дар чунин мавқеъ онҳо метавонанд ба расидани як қисми нурҳои Офтоб ба сайёра монеъ шаванд.
Дар баробари ин, татбиқи технология бо як қатор хатарҳо низ алоқаманд аст. Парвози ҳазорҳо мушак метавонад боиси ифлосшавии муҳити зист гардад. Таъсири дарозмуддати сипарҳои офтобии кайҳонӣ низ ҳанӯз маълум нест. Мунаққидон ҳушдор медиҳанд, ки афзалият додан ба чунин лоиҳаҳо метавонад таваҷҷуҳи ҳукуматҳоро аз коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, ки сабаби асосии гармшавии глобалӣ мебошанд, дур созад.
Арзиши лоиҳа низ монеаи ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Дар гузориш таъкид шудааст, ки барои муайян кардани хароҷоти дақиқ ҳанӯз маълумоти кофӣ вуҷуд надорад. Дар ҳамин ҳол, муҳандиси Донишгоҳи Ноттингем Шантал Каппеллетти тахмин мекунад, ки арзиши сохтани чунин сипари азими офтобӣ метавонад ба даҳҳо триллион доллар расад.