Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо дар бораи бистарӣ шудани 20 нафар кӯдак ва ҳамроҳони онҳо, ки аз Қазоқистон ба Ӯзбекистон омада буданд, паҳн гардид.
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон дар робита ба ин ҳодиса маълумоти расмӣ пешниҳод кард.
Тавре муайян шудааст, 1 ноябри соли ҷорӣ иштирокчиёни мусобиқаи футбол, ки аз Қазоқистон ба Ӯзбекистон омада буданд, дар яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт барои наҳорӣ тухми нимпухта ва ҳасиб истеъмол кардаанд. Пас аз ин, дар 13 нафари онҳо нишонаҳои беморӣ, аз ҷумла қайкунӣ, дарунравӣ, дарди шикам ва баланд шудани ҳарорати бадан мушоҳида шудааст.
Баъдан, онҳо тавассути ёрии таъҷилии тиббӣ ба Маркази ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи илмию амалии тиббии эпидемиология, микробиология, бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ интиқол дода шудаанд. Пас аз расонидани ёрии аввалияи тиббӣ беморон ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии №5 гузаронида шудаанд. Рӯзҳои 2–3 ноябр боз ҳафт нафар бо нишонаҳои монанд ба ин муассиса муроҷиат кардаанд.
Дар натиҷаи муоинаҳои тиббӣ ба ҳамаи 20 нафар ташхиси пешакии «дарунравии шадид» гузошта шуда, табобати онҳо мутобиқи стандартҳои муқарраршуда оғоз гардидааст.
Тибқи иттилои вазорат, айни замон ду нафар аз беморхона ҷавоб дода шудаанд. Вазъи саломатии 18 нафари боқимонда устувор ва қаноатбахш арзёбӣ гардида, ҳеҷ кадоме аз онҳо дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ нест. Беморон таҳти назорати табибони соҳибтаҷриба қарор дошта, барои табобати онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳоло мутахассисон аз боқимондаҳои маҳсулоти ғизоии истеъмолшуда барои гузаронидани таҳлилҳои лабораторӣ намуна гирифтаанд. Корҳои санҷишӣ идома дошта, ваъда дода шудааст, ки аз натиҷаҳои он маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.