«Кондитсионери сабз»: растаниҳои хонагӣ ҳавои хонаро чӣ гуна тағйир медиҳанд?

Олимон муайян карданд, ки растаниҳои хонагӣ метавонанд сифати ҳаворо беҳтар ва ҳарорати дохили хонаро паст кунанд.

Ба чунин хулоса гурӯҳи байналмилалии иборат аз 35 мутахассис таҳти роҳбарии олимони Маркази ҷаҳонии таҳқиқоти ҳавои тоза дар назди Донишгоҳи Суррейи Британияи Кабир омадааст. Муҳаққиқон натиҷаҳои як қатор таҳқиқоти илмиро аз саросари ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор дода, баррасии худро дар маҷаллаи «Eco-Environment and Health» нашр кардаанд.
Олимон ба хулоса омаданд, ки ҳатто растаниҳои одии хонагӣ дар кӯзаҳо ва деворҳои сабзи зинда метавонанд барои тоза кардани ҳаво аз пайвастагиҳои органикии зудбухоршаванда мусоидат кунанд. Ин гуна газҳо аз ашёву маводи рӯзгор, аз ҷумла рангҳо, мебел ва воситаҳои кимиёвии маишӣ хориҷ мешаванд. Аммо системаҳои махсусе, ки дар онҳо ҳаво тавассути растаниҳо ва субстрати парвариши онҳо маҷбуран гузаронида мешавад, дар шароити назоратшаванда самаранокии бештар нишон додаанд.
Илова бар ин, кабудизоркунии дохили бино метавонад ҳарорати ҳаворо дар наздикии растаниҳо тақрибан аз 0,5 то 4,5 дараҷа паст кунад. Ин имкон медиҳад, ки муҳити дохили хона роҳаттар гардад ва истифодаи кондитсионерҳо кам карда шавад.
Бо вуҷуди ин, самаранокии кабудизоркунӣ аз омилҳои гуногун, аз ҷумла тарзи шамолдиҳӣ, равшанӣ, навъи растаниҳо ва хусусиятҳои системаҳои истифодашаванда вобаста аст. Аз ин рӯ, муайян кардани он ки кадом усул барои шароити мушаххаси ҳар як бино мувофиқтар аст, аҳамияти калон дорад.
Муаллифони таҳқиқот ҳамзамон таъкид мекунанд, ки далелҳои илмии мавҷуда ҳанӯз кофӣ нестанд. Зеро қисми зиёди таҳқиқот на дар шароити воқеии зиндагӣ, балки дар озмоишгоҳҳо гузаронида шудаанд. Олимон аз камераҳои хурди озмоишӣ истифода бурда, таъсири растаниҳоро дар муддати кӯтоҳ мушоҳида кардаанд. Чунин таҷрибаҳо на ҳамеша имкон медиҳанд муайян карда шавад, ки растаниҳо дар хонаҳо ва идораҳои муқаррарӣ то чӣ андоза метавонанд ифлосшавии ҳаворо коҳиш диҳанд ва самаранокии онҳо бо гузашти вақт чӣ гуна тағйир меёбад.
Муҳаққиқон ҳамчунин зарурати омӯзиши амиқтари таъсири шароити беруна ва тағйирёбии иқлимро ба кабудизоркунии дохили бино таъкид кардаанд. Ин масъала махсусан дар рӯзҳои гармои шадид ва намнокии баланди ҳаво муҳим аст. Зеро дар сурати дуруст назорат нашудани сатҳи намӣ эҳтимоли пайдоиши конденсат ва қолаб зиёд мешавад.
Олимон пешниҳод мекунанд, ки барои арзёбии дақиқтари таъсири растаниҳои хонагӣ ба иқлими дохили бино дар шароити гуногун мушоҳидаҳои амалӣ бо ҳисобу китобҳои математикӣ якҷоя карда шаванд. Ба андешаи онҳо, чунин равиш дар оянда барои муайян кардани роҳҳои самараноки истифодаи растаниҳо ҳангоми тарҳрезӣ ва истифодаи биноҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи дигари олимон кӯшиш доранд роҳи «тарҷумаи забони растаниҳо ба забони инсон»-ро пайдо кунанд, менависад vokrugsveta.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: