Президент Шавкат Мирзиёев дар доираи сафар ба вилояти Бухоро дар маросими ба истифода супоридани иншооти нав ва оғози сохтмони лоиҳаҳои ояндадор иштирок намуд.
Бухоро дар тӯли асрҳо маркази илму фан, фарҳанг ва ҳунармандӣ мебошад. Имрӯз анъанаҳои созандагӣ, ки аз ниёгон мерос мондааст, дар рушди истеҳсолоти муосир, соҳибкорӣ ва сайёҳӣ идома меёбанд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки дар нӯҳ соли охир ба вилоят 9,5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, беш аз 6 ҳазор иқтидори нави истеҳсолӣ ва 120 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шудааст. Ин натиҷаҳо дар афзоиши шуғл ва даромади аҳолӣ, инчунин ба бозорҳои нав баромадани корхонаҳои маҳаллӣ таҷассум меёбанд.
– Бухорои имрӯза аз таърихи бузурги худ бо суръат ба давраи нави рушд ва лоиҳаҳои азим рӯ меорад, – гуфт Президенти мамлакат.
Дар бахшҳои нафту кимиё, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмон, мошинсозӣ, энергетика, саноати кӯҳкорӣ, дорусозӣ, технологияи рақамӣ, логистика, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, сохтмони манзил, инфрасохтор, хидматрасонӣ ва сайёҳӣ барномаи иборат аз 145 лоиҳа бо арзиши умумии 7,8 миллиард доллар таҳия шудааст. Аз ин шумора 55 лоиҳа ба маблағи 654 миллион доллар ба истифода дода шуда, сохтмони боз 90 лоиҳаи дигар бо арзиши 7,1 миллиард доллар оғоз мегардад.
Дар татбиқсозии лоиҳаҳо сармоягузорони ИМА, Канада, Олмон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Чин, Ветнам, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Русия ва Ҳиндустон, Бонки рушди Осиё, Бонки сармоягузориҳои инфрасохтории Осиё, инчунин соҳибкорони маҳаллӣ иштирок мекунанд.
Дар натиҷаи татбиқсозии онҳо таъсиси беш аз 14 ҳазор ҷойи корӣ, фароҳам овардани имконият барои ҳамасола истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 22 триллион сӯм ва содирот ба маблағи 510 миллион доллар дар назар аст.
– Як мақсад дорем: истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ки дар бозорҳои хориҷӣ талабот зиёд аст, – гуфт Сарвари давлат.
Дар соҳаи энергетикаи вилоят низ иқтидорҳои бузург бунёд мешаванд. Солҳои охир ба соҳаи энергетикаи «сабз» 2 миллиард доллар ҷалб гардида, неругоҳҳои барқи бодӣ бо иқтидори 1 ҳазор мегаватт, неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 750 мегаватт, инчунин низомҳои захираи энергия бо иқтидори 63 мегаватт ба кор шурӯъ карданд. Ҳамчунин, 601 километр шабакаи магистралии неруи барқ кашида шуд.
Дар Ғиждувон бо ширкати «ACWA» сохтмони неругоҳи барқи бодии «Бош-2» бо иқтидори 300 мегаватт, дар Ҷондор бо иштироки ширкати «Toyota Corporation» ва дар Пешкӯ бо ширкати «Sinoma» сохтмони неругоҳҳои барқи бодӣ бо иқтидори умумии 1 ҳазор мегаватт идома дорад. Ҳамчунин, бо шарикони чинӣ дар ноҳияи Когон татбиқсозии лоиҳаи истеҳсоли неруи барқ аз партовҳои маишӣ ба маблағи 165 миллион доллар ва бо ширкати «Leman»-и Олмон роҳандозии лоиҳаи 150 миллион долларӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти устувори пойгоҳҳои обкашии канали «Ому-Бухоро» ба нақша гирифта шудааст.
Бо такя ба таҷрибаи вилоят дар соҳаи пахтакорӣ кластерҳои муосири нассоҷӣ рушд меёбанд. Дар шаҳри Бухоро маҷмааи нассоҷӣ бо бренди «Kurt Baver» сохта мешавад, ки соле 62 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол хоҳад кард. Дар Ромитан бо иштироки сармоягузорони чинӣ кластери пахтатозакунӣ ва нассоҷӣ бо арзиши 400 миллион доллар таъсис дода мешавад. Дар доираи ин лоиҳаҳо ташаббуси азхуд кардани 9 ҳазор гектар замин низ пешниҳод шудааст. Дар натиҷа, ба 65 дарсад расонидани ҳиссаи маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд ва фароҳам овардани имконияти содирот ба маблағи иловагии 100 миллион доллар дар назар аст.
Сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими рушди Бухоро ба шумор меравад.
– Ҳамоҳангии ёдгориҳои қадима, мероси фарҳангӣ ва инфрасохтори замонавӣ Бухороро ба макони дӯстдоштаи сайёҳон табдил медиҳад. Маркази сайёҳии Бухоро, ки чорабинии имрӯзаи мо мегузарад ва аз нав сохта мешавад, ба ҳамин мақсади нек хизмат мекунад, – гуфт Сарвари давлат.
Дар марказ боғи фарҳангиву этнографии «Бухорои абадӣ», толори намоишгоҳ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, маконҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ сохта мешаванд. Инчунин, дар шаҳри Бухоро таъсиси меҳмонхонаҳо таҳти брендҳои байналмилалии «Indigo», «Holiday Inn» ва «Hilton» ба нақша гирифта шудааст.
– Умуман, дар Бухоро татбиқи 19 лоиҳаи бузургро ба маблағи 3 миллиард доллар оғоз мекунем. Агар ин корҳоро бонизом ташкил намоем, танҳо дар Бухоро содироти хизматрасониҳои сайёҳиро ба маблағи 5 миллиард доллар таъмин хоҳем кард, – гуфт Президент.
Дар панҷ соли оянда бо оби нӯшиданӣ пурра таъмин намудани аҳолии вилояти Бухоро ва бо шабакаҳои корезӣ фаро гирифтани шаҳрҳои калону марказҳои ноҳияҳо чун ҳадаф муайян гардидааст. Бо ҳамкорони байналмилалӣ ду лоиҳаи бузург бо арзиши умумии 633 миллион доллар оғоз гардидааст. Дар натиҷаи татбиқсозии онҳо таъминоти оби 2 миллион нафар беҳтар гардида, 781 ҳазор нафар бори аввал бо оби нӯшиданӣ таъмин мешаванд.
Инчунин, ҳафт лоиҳаи роҳсозӣ бо арзиши 565 миллион доллар амалӣ мегардад, ки ба се баробар зиёд кардани иқтидори транзитии вилоят нигаронида шудаанд.
Президенти мамлакат бо пахши тугмаи рамзӣ иншооти навро ба истифода дода, ба сохтмони лоиҳаҳои ояндадор оғоз бахшид. Ҳамчунин, бо сармоягузорони хориҷӣ мулоқот кард.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат гузоришҳои масъулонро оид ба омодагии ҳамаҷонибаи инфрасохтори Бухоро ба ҳамоишҳое, ки баргузории онҳо дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, шунида, супоришҳои дахлдор дод.
Сарвари давлат дар ҳамин ҷо ҳамчунин ахбороти масъулонро роҷеъ ба омодасозии ҳамаҷонибаи инфрасохтори Бухоро ба ҳамоишҳое, ки баргузории онҳо дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, шунида, супоришҳои дахлдор дод.