Президент аз рӯйи омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар Бухоро ҷамъомад гузаронд

  • Президент аз рӯйи омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар Бухоро ҷамъомад гузаронд
  • Президент аз рӯйи омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар Бухоро ҷамъомад гузаронд
  • Президент аз рӯйи омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар Бухоро ҷамъомад гузаронд
  • Президент аз рӯйи омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар Бухоро ҷамъомад гузаронд
  • Президент аз рӯйи омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар Бухоро ҷамъомад гузаронд
  • Президент аз рӯйи омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар Бухоро ҷамъомад гузаронд
  • Президент аз рӯйи омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар Бухоро ҷамъомад гузаронд

Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ, ки дар шаҳри Бухоро ба нақша гирифта шудаанд, ҷамъомад гузаронд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки чорабиниҳои минбаъда дар баробари муаррифии мероси ғании таърихӣ ва иқтидори кунунии Бухоро, бояд барои рушди вилоят низ хидмат намоянд. Барои ин корҳои омодагӣ танҳо бо маконҳои баргузории чорабиниҳо маҳдуд нашуда, рушди маҷмӯии инфрасохтори нақлиёт, хидматрасонӣ, амният ва шаҳр зарур мебошад.

Дар ҷамъомад масъалаҳои дар сатҳи баланд ташкил намудани мулоқотҳои сатҳи олӣ ва чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Ба ҳар як вазорату идора супориш шуд, ки бо ҳамкорони хориҷӣ аз рӯйи самти фаъолияти худ барои баргузории музокироти судманд омодагӣ бинанд, натиҷаҳои амалии ислоҳотро дар мамлакат муаррифӣ кунанд ва ташаббусҳои нави муштаракро таҳия намоянд.

Ба масъалаи таъмини амнияти ҷамъиятӣ диққати махсус дода шуд. Нақшаҳои роҳандозии фаъолияти марказҳои муосири идоракунии вазъият дар Бухоро, назорати вазъи ҷойҳои ҷамъиятӣ ва иншооти сайёҳӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, танзими ҳаракати нақлиёт ва мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ баррасӣ шуданд. Зарурати тақвияти ҳамкории нозирони профилактика ва «ҳафтгона»-и маҳалла дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар маҳаллаҳо таъкид гардид.

Президент таъкид кард, ки меҳмоне, ки ба Бухоро меояд, пеш аз ҳама ба вазъи фурудгоҳ, вокзал ва роҳҳо эътибор медиҳад. Аз ин рӯ, масъалаҳои сохтмони фурудгоҳи нави байналмилалӣ бо арзиши 300 миллион доллар, бунёди роҳи пайвасткунандаи он бо шаҳр ба масофаи 23,5 километр ва кабудизоркунии канори роҳ баррасӣ шуданд. Бобати обод кардани атрофи истгоҳҳои роҳи оҳан, таваққуфгоҳҳо, беҳтар кардани равшанидиҳӣ, хидматрасонӣ ва ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ супоришҳо дода шуданд. Барои пайваст намудани шаҳру ноҳияҳо бо истгоҳҳои роҳи оҳан ҷалби 120 автобуси иловагӣ муайян гардид.

Ба масъалаи васеъ кардани минтақаҳои сабз бо назардошти шароити иқлимии Бухоро, шинонидани дарахту буттаҳо ва ҳамзамон ташкили низомҳои обёриву заҳбурӣ барои нигоҳубини онҳо низ диққати махсус дода шуд.

Таъкид гардид, ки аз чорабиниҳои байналмилалӣ бояд барои густариши сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ низ самаранок истифода бурд. Пешниҳодҳо ҷиҳати ноил шудан ба созишҳои амалӣ бо шарикони хориҷӣ дар соҳаҳои ҳамкории саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд, нақлиёту логистика ва содирот баррасӣ шуданд. Инчунин, лоиҳаҳои энергетикаи барқароршаванда ва рушди инфрасохтори интиқолу захираи неруи барқ дар вилоят мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар баробари муаррифии бештари мероси таърихию фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии Бухоро, бевосита бо фаъолияти корхонаҳои муосир, кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва соҳаи хидматрасонии минтақа шинос кардани меҳмонон муҳим арзёбӣ гардид. Вазифа гузошта шуд, ки натиҷаҳои корҳо дар самтҳои таъмини шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани даромади мардум, ҳифзи тандурустӣ ва тағйирот дар соҳаи фарҳанг низ дар амал нишон дода шаванд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ҳар як иншооти дар раванди омодагӣ бунёдшаванда ва ҳар як низоме, ки ҷорӣ мегардад, бояд баъд аз анҷоми чорабиниҳо низ ба бухороиён хизмат кунад. Ба масъулон супориш шуд, ки ба маҳалҳо рафта, рафти корҳоро шахсан омӯзанд, мушкилотро дар ҷойи худ ҳал намоянд ва иҷрои ҳамаи вазифаҳоро ба таври қатъӣ ҳамоҳанг созанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: