Президент Шавкат Мирзиёев ба заводи коркарди нафти Бухоро, воқеъ дар ноҳияи Қоровулбозор ташриф оварда, бо лоиҳаи навсозии корхона шинос шуд.
Завод яке аз корхонаҳои бузурги истеҳсолкунандаи маҳсулоти сӯзишвории мамлакат мебошад. Дар ин ҷо беш аз 3 ҳазору 200 нафар мутахассис фаъолият доранд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 12,1 триллион сӯм 1 миллиону 360 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ истеҳсол карда шуд. Ҳаҷми содироти маҳсулот ва хидматрасонӣ 99,5 миллион долларро ташкил дод. То анҷоми сол ба 116 миллион доллар расонидани ин нишондиҳанда пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи навсозӣ, ки ба сарвари давлат муаррифӣ гардид, дар баробари зиёд кардани ҳаҷми коркарди ашёи хом, ба васеъ намудани имкониятҳои истеҳсоли бензини дорои октани баланд нигаронида шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 328 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар доираи он насби таҷҳизоти гидротозакунии нафта ва изомеризатсия пешбинӣ шудааст. Дар раванди гидротозакунӣ миқдори сулфур ва дигар омехтаҳои таркиби ашёи хом кам карда мешавад. Изомеризатсия бошад,барои баланд бардоштани октани бензин, ки аз фраксияҳои сабук ҳосил мешаванд, имкон медиҳад. Ин равандҳо барои зиёд кардани истеҳсоли бензини тамғаҳои АИ-92 ва АИ-95, ки ба талаботи стандарти Евро-5 ҷавобгӯянд, аҳамияти калон доранд.
Ҳамчунин, лоиҳа такмили равандҳои ҷудокунии ашёи хом ба фраксияҳо ва коркарди амиқи пасмондаҳои вазнинро дар бар мегирад. Дар натиҷа иқтидори солонаи коркарди нафти завод боз 2,5 миллион тонна афзуда, тавоноии умумӣ ба 5 миллион тонна мерасад. Афзудани ҳаҷми коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр барои таҳкими таъминоти бозори дохилӣ ва афзудани содирот имкон медиҳад.
Президент аз рӯйи дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои навсозӣ, ҳамоҳанг сохтани таҷҳизоти нав бо равандҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, инчунин, таъмини фаъолияти устувори корхона дастурҳо дода, бо намояндагони ширкатҳои хориҷӣ, ки дар татбиқсозии лоиҳа иштирок доранд, мулоқот кард.