Бахше аз ислоҳоти васеъмиқёс ба рушди соҳаи энергетикаи обӣ, азхудкунии иқтидори назарраси энергетикии захираҳои обӣ, таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир тааллуқ дорад. Дар ин раванд ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» дар таҳкими амнияти энергетикӣ ва рушди иқтисодиёти «сабз» саҳми арзанда мегузорад.
Бо шарофати ташаббусҳои стратегӣ ва ислоҳоти пайдарпай, ки солҳои охир ба рушди соҳа равона гардидаанд, энергетикаи обии миллӣ ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид шуд. Аз ҷумла, шумораи неругоҳҳои барқи обӣ дар кишвар аз 36-то ба 106 адад расида, иқтидори умумии муқарраршудаи соҳа ба 2,5 ГВт баробар гардид. Дар натиҷаи азхудкунии иқтидори энергетикии дарёҳо ва каналҳо, сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ имкониятҳои соҳа боз ҳам васеъ мегарданд.
Конфронси матбуотӣ дар мавзӯи «ҶС «Ӯзбекгидроэнерго»: ислоҳоте, ки дар соҳа амалӣ мегарданд, натиҷаҳои бадастомада ва дурнамои рушди энергетикаи обӣ» маҳз дар ҳамин мавзӯъ баргузор гардид.
– Моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ барои ҷамъият давраи нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолӣ ва дастовардҳои муҳими таърихӣ гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ 6 642,7 млн кВт·соат неруи барқ истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон, нақшаи нӯҳмоҳа бори аввал дар таърихи ҷамъият ба андозаи 120 фоиз иҷро гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124 фоизро ташкил дод. Арзиши неруи барқи истеҳсолшуда ба 3 трлн сӯм расид. Муҳимтар аз ҳама, бори аввал дар таърихамон ҳаҷми шабонарӯзии истеҳсоли неруи барқ аз 50 млн кВт·соат зиёд гардид, – гуфт муовини аввали раиси ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» Фаррух Нуруллоев.
Фаъолияти сармоягузорӣ низ ба яке аз омилҳои муҳими рушди соҳа табдил ёфтааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи умумии 151,9 млн доллари ИМА сармоягузорӣ аз худ карда шуд, ки 110 фоизи нақшаи муқарраршударо ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 48,7 млн доллар ба сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ рост омада, нақшаи ин самт 141 фоиз иҷро гардид. Илова бар ин, аз ҳисоби маблағи ҷамъият 103,2 млн доллар сармоягузорӣ равона карда шуд. Ин маблағҳо барои сохтмони иншооти нави энергетикӣ, васеъ намудани иқтидорҳои мавҷуда ва навсозии инфрасохтори соҳа хизмат мекунанд.
Дар доираи барномаи маҳаллисозӣ аз рӯйи ҳашт лоиҳа ба маблағи 177,2 млрд сӯм маҳсулот истеҳсол гардида, нақша 125 фоиз иҷро шуд. Ҳамзамон, дар натиҷаи беҳсозии хароҷоти истеҳсолӣ ва идоракунӣ, инчунин тақвияти принсипҳои сарфакорӣ, хароҷот ба маблағи 156,4 млрд сӯм кам карда шуд. Ин барои таҳкими иқтидори саноати ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва таъмини устувории молиявӣ аҳамияти муҳим дорад.
Энергетикаи обии муосирро бе технологияҳои рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, дар «Ӯзбекгидроэнерго» ба ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ, табдили рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, такмили равандҳои идоракунӣ ва таҳкими амнияти киберӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Рушди минбаъдаи энергетикаи обӣ бо технологияҳои муосир, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтидори кадрҳои баландихтисос робитаи ногусастанӣ дорад. Бо ин мақсад робитаҳои илмӣ ва амалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии шарик тақвият ёфта, низоми таҳсилоти дуалӣ рушд дода мешавад. Ҳамзамон, ба ҳамгироии донишҳои назариявии ҷавонон бо таҷрибаи амалӣ бевосита дар истеҳсолот аҳамияти махсус дода мешавад.
Ба равандҳои лоиҳакашии иншооти ояндадори энергетикаи обӣ ширкатҳои пешбари Туркия, Эрон ва Русия, инчунин коршиносон ва мутахассисони соҳавӣ ҷалб карда мешаванд. Ба шарофати ин таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ҳамаҷониба омӯхта шуда, хулосаҳои муосири муҳандисӣ ва равишҳои инноватсионӣ марҳила ба марҳила дар таҷрибаи ватании энергетикаи обӣ ҷорӣ мегарданд.
Илова бар ин, ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешбари Чин ва Ҷумҳурии Куриё дар самтҳои табодули таҷриба, азхудкунии гидроагрегатҳои муосир ва таҷҳизоти инноватсионӣ, инчунин автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ васеъ мегардад.
Ҳавасмандии муассисаҳои молиявии ИМА, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия ва Чин ба маблағгузории мустақими лоиҳаҳои ҷамъият аз болоравии нуфузи соҳа дар бозори байналмилалии сармоягузорӣ шаҳодат медиҳад.
Т. Мирҳаёев.
Аксбардор: Р. Галиев.