Ба кӯдакон то чӣ андоза истеъмоли шириниҳоро маҳдуд кардан лозим аст?

Чаро манъи қатъии шириниҳо хоҳиши кӯдакро ба онҳо бештар мекунад?

Волидон аксар вақт бо фарзандони худ дар мавриди истеъмоли шириниҳо баҳс мекунанд ва ҳатто баъзан хӯрдани онҳоро комилан манъ месозанд. Аммо таҳқиқот нишон медиҳанд, ки ҳар қадар маҳдудият сахттар бошад, хоҳиши кӯдак ба маҳсулоти манъшуда ҳамон қадар бештар мешавад. Баръакс, агар ба кӯдак то андозае озодӣ дода шавад, ӯ тадриҷан эҳсоси гуруснагӣ ва сериро беҳтар дарк мекунад. Ин бошад, барои ташаккули муносибати солим ба ғизо мусоидат менамояд.
Бисёриҳо маҳсулоти ғизоиро ба ду гурӯҳ — «фоидаовар» ва «зараровар» ҷудо мекунанд. Аммо чунин тақсимбандӣ бештар ба баҳогузории ахлоқӣ монанд аст, на ба воқеияти ғизошиносӣ. Вақте ки маҳсулот ҳамеша аз рӯйи фоидаву зарараш арзёбӣ мешавад, интихоби ғизо дигар на аз рӯйи завқу хоҳиш, балки бо маҳдуд кардани худ сурат мегирад. Инчунин, дар кӯдак эҳсоси гунаҳкорӣ нисбат ба истеъмоли баъзе маҳсулот пайдо шуда метавонад.
Вақте ки ба кӯдак ошкоро хӯрдани шириниҳоро манъ мекунанд, ӯ маҳдудиятро равшан дарк менамояд. Аммо агар волидон умуман ширинӣ нахаранд, ин маҳдудият шакли пинҳонӣ мегирад. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки манъҳои қатъӣ метавонанд шавқи кӯдакро ба «меваи мамнуъ» бештар созанд. Дар натиҷа, ӯ ба шириниҳо аз ҳад зиёд майл пайдо мекунад ва ҳангоми дастрасӣ ба онҳо ҳатто эҳсоси сериро нодида мегирад.
Барои пешгирии чунин ҳолат муносибати бетарафона ба ғизо ва дуруст тақсим кардани масъулияти ғизодиҳӣ муҳим аст. Яъне волидон муайян мекунанд, ки ба кӯдак чӣ хӯрок ва кай пешниҳод шавад, аммо худи кӯдак тасмим мегирад, ки чӣ қадар бихӯрад. Шириниҳо набояд ҳамчун мукофот барои рафтори хуб дода шаванд, балки метавонанд як ҷузъи одии ғизои ҳаррӯза бошанд.
Ба кӯдакон хусусиятҳои маҳсулоти ғизоиро низ бо забони сода фаҳмондан беҳтар аст. Масалан, метавон гуфт, ки як навъи ғизо барои давидан неру мебахшад, навъи дигар бошад, ба рушди мушакҳо мусоидат мекунад.
Олимон ҳамчунин барои волидон чанд тавсияи амалӣ пешниҳод кардаанд:
— Кӯдаконро ба тартиб додани менюи хӯрок ва хариди маҳсулоти ғизоӣ ҷалб кунед.
— Ҳангоми хӯрок хӯрдани онҳо пайваста ба интихоби ғизояшон баҳо надиҳед. Ҳатто аз ҳад зиёд таъриф кардани брокколи метавонад дар зеҳни кӯдак тасаввури бартарии баъзе маҳсулотро нисбат ба дигарон ба вуҷуд орад.
— Пеш аз ҳама, муносибати худатонро ба ғизо бозбинӣ кунед, зеро кӯдакон рафтори волидонро бодиққат мушоҳида карда, аз онҳо ибрат мегиранд.
— Баъзан, масалан, дар рӯзҳои ид, ба кӯдак иҷозат диҳед, ки аз меъёри маъмулӣ бештар ширинӣ бихӯрад.

Ба таъкиди олимон, як шом бештар ширинӣ хӯрдани кӯдак ба саломатии ӯ таъсири ҳалкунанда намерасонад. Баръакс, суҳбати орому самимӣ дар бораи эҳсоси худ ва муносибат ба ғизо метавонад назар ба манъу маҳдудиятҳои қатъӣ таъсири бештар дошта бошад, менависад Science.mail.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: