ё чӣ гуна як маслиҳати табиб ба таҷрибаи фаромӯшнашаванда табдил ёфт
Дар ҳаёти имрӯза барқарор кардани масуният (қобилияти муқобилат карда тавонистани организм ба бемориҳои сирояткунанда) кори осон нест. Ғизое, ки мо истеъмол мекунем, на ҳамеша арзиши табиӣ ва ғизоии пешинаро дорад. Тарзи истеҳсолу коркарди маҳсулот, тағйири одатҳои ғизоӣ ва кам шудани таваҷҷуҳ ба ғизои солим низ ба саломатии инсон таъсир мерасонад. Заиф шудани муқовимати организм, камхунӣ, норасоии баъзе витаминҳо ва минералҳо, хастагии доимӣ – инҳо мушкилоте ҳастанд, ки имрӯз дар зиндагии бисёр одамон ба назар мерасанд.
Баъзан фикр мекунам, ки мо дар ҷустуҷӯйи дору ва воситаҳои гуногуни давоӣ барои нигоҳ доштани саломатӣ, шояд ба баъзе маҳсулоти одии ғизоӣ, ки пешиниён аз хусусияти онҳо огоҳ буданд, камтар таваҷҷуҳ мекунем. Албатта, ҳар салоҳдиди мардумиро, бе далели илмӣ, дуруст шуморидан нашояд. Имрӯз тиб бар асоси таҳқиқот ва далел амал мекунад ва ин меъёр бояд ҳамеша дар ҷойи аввал бошад. Аммо баъзе таҷрибаҳои ғизоӣ, ки аз насл ба насл гузаштаанд, низ метавонанд моро водор созанд, ки ба арзиши ғизоии маҳсулоти табиӣ аз дидгоҳи дигар назар кунем.
Аз кӯдакӣ орзу доштам табиб шавам. Орзуи пӯшидани хилъати сафед, дарди касеро сабук кардан дар дилам ҷой гирифта буд. Аммо қисмат роҳи дигареро дар пеш гузошт. Бе сарпаноҳи падар, мушкилоти рӯзгор, шароити деҳот ва имкониятҳои маҳдуди таҳсил барои духтарон дар он замон боис шуданд, ки орзуи кӯдакиам амалӣ нашавад.
Бо вуҷуди ин, таҳсилро идома додам. Филолог шудам. Муддате омӯзгор будам. Баъдан рӯзноманигориро интихоб намудам.
Бо вуҷуди ин, тиб маро ба олами худ мекашад. Тақдир маро ба соҳаи тиб аз роҳи дигар ворид кард, ки ба бемории фарзанд иртибот дорад.
Вақте фарзанди инсон бемор мешавад, модар дигар орому қарорашро гум мекунад. Ба дунболи табиб мегардад, китоб мехонад, маълумот ҷамъ мекунад, натиҷаҳои таҳлилиро пайгирӣ мекунад. Ман низ дар чунин вазъ қарор гирифтам. Барои бемории фарзанд ва муолиҷа ба табибони гуногун муроҷиат кардам. Аммо ҳолати фарзанд рӯз аз рӯз вазнинтар мешуд. Иммунитеташ хеле заиф гардида, нишонаҳои камхунӣ ва заъфи шадид пайдо мешуданд. Ҳар рӯзи беморӣ барои ман як рӯзи пур аз изтироб буд.
То рӯзе расид, ки табибон фарзанди маро дар ҳолати вазнин аз беморхона ба ихтиёрам доданд.
Ва аз табибон суханеро шунидам, ки барои ҳар як модар шунидани он басе гарон аст: «Акнун танҳо аз Худо мадад пурсед...»
Аммо, ба ҳар ҳол, инсон дар чунин лаҳзаҳо даст ба охирин риштаи умед мебарад.
Дар ҳамин рӯзҳои пурдард табиби соҳибтаҷриба Гулойим Айҷановаи шодравон, ки табиби дараҷаи олӣ буду дар яке аз поликлиникаҳои давлатии шаҳри Тошканд кор мекард, ба ман тавсияи ғайриоддӣ дод.
Ӯ гуфт:«Ба фарзандат забони говро пухта деҳ. Дар он моддаҳое ҳастанд, ки ба қувват гирифтани организм кумак мекунанд. Беҳтараш ҳар бор як забонро пурра истеъмол кунад».
Ростӣ, имрӯз ҳам агар ин воқеаро ба касе нақл кунам, шояд тааҷҷуб кунад. Аммо он рӯз барои ман дигар чиз муҳим набуд. Мани модар мехостам василаеро, ки эҳтимоли ба фарзандам кумак кардан дошт, санҷам.
Фарзандам тадриҷан қувват гирифт. Ранги рӯяш барқарор шуд, иштиҳо пайдо кард, ҳолати умумияш беҳтар шуд. Иммунитет ва нишондиҳандаҳои хунаш низ барқарор шуданд.
Табибоне, ки гуфта буданд: «Танҳо аз Худо мадад пурсед», баъд аз дидани ӯ, дар ҳайрат монданд. Барои ман ин ҳолат бозгашти умед буд.
Шояд нафаре гӯяд: «Аз куҷо донистӣ, ки маҳз забони гов чунин таъсир кардааст?» Ростӣ, ман низ имрӯз ба ин савол бо эҳтиёт муносибат мекунам. Зеро баъдтар, вақте ба масъала аз нигоҳи илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудам, фаҳмидам, ки як тағйироти мусбатро наметавон танҳо ба як восита нисбат дод. Дар барқароршавии инсон омилҳои зиёде: табобат, ғизо, нигоҳубин, вазъи умумии организм ва бисёр чизҳои дигар метавонанд нақше дошта бошанд.
Аммо як чиз барои ман равшан аст: дар он давраи душвор истеъмоли забони гов ба беҳтар шудани ҳолати фарзандам мусоидат кардааст. Камина наметавонам онро ҳамчун далели илмӣ барои дигарон пешниҳод кунам, аммо наметавонам таҷрибаи зиндагии худро низ инкор намоям.
Ҳамин воқеа маро водор намуд, ки дар бораи арзиши ғизоии забони гов маълумоти бештар пайдо кунам.
Аз нигоҳи ғизошиносон, забони гов маҳсулоти серғизо, дорои сафеда, оҳан, витамини В12 ва як қатор микроэлементҳо будааст. Витамини В12 барои ташаккули ҳуҷайраҳои хун ва фаъолияти дурусти низоми асаб аҳамияти калон доштааст. Оҳан низ барои тавлиди гемоглобин зарур аст. Руҳ ва селен бошанд, дар фаъолияти муътадили низоми масуният нақш доранд.
Бино ба натиҷагириҳои мутахассисон агар инсон ба рӯйхати хӯрданиҳои худ маҳсулоти дорои чунин моддаҳои ғизоиро ворид кунад, ба нигоҳ доштани саломатӣ ва таъмини эҳтиёти ғизоии организм муяссар мегардидааст.
Баъзан мо ғизоро, сарфи назар аз таъкиди падари табибони дунё – Ибни Сино, ки гуфтааст: «Давои инсон бояд ғизо, ғизои инсон даво бошад» танҳо барои сер шудан истеъмол менамоем. Ҳол он ки ғизо барои организм манбаи сафеда, витамин, минерал ва дигар моддаҳои зарурӣ низ ҳаст. Агар ғизо номутавозин бошад, организм низ метавонад аз баъзе моддаҳои муҳим маҳрум гардад.
Масъалаи камхунӣ метавонад ба заъф, хастагӣ ва паст шудани қобилияти меҳнат оварда расонад. Вақте инсон аз норасоии баъзе моддаҳои ғизоӣ ранҷ мекашад, табиист, ки бояд ба ғизои дуруст рӯ оварад. Аммо ин маънои онро надорад, ки забони гов ё ягон маҳсулоти дигар метавонад ҷойи табобати тиббиро гирад.
Шояд бисёр тавсияҳои аз насл ба насл гузашта имрӯз ба таҳқиқоти ҷиддӣ ниёз доранд. Ва дар баъзеи онҳо донишҳои одии ғизоӣ пинҳон бошанд, ки гузаштагони мо бино ба таҷриба дарк карда буданд. Аммо фарқ миёни таҷриба ва далели илмӣ вуҷуд дорад.
Баъд аз он ки фарзандам он рӯз рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, сухани пурҳикмати донишманде ба ёдам расид, ки фармудааст: «Умед баъзан аз ҷое пайдо мешавад, ки мо интизораш нестем».
Дилнозаи ДОНИЁР,
«Овози тоҷик».