«Саҳмгузори ояндаи дурахшони кишвар бошам»

  • «Саҳмгузори ояндаи дурахшони кишвар бошам»
  • «Саҳмгузори ояндаи дурахшони кишвар бошам»

«Ҷавонон дигар китоб намехонанд». Ин суханро бисёр мешунавем. Аммо оё воқеан чунин аст? Бесабаб нест, ки ин мавзӯъро ба миён мегузорам, зеро имрӯз ба ҳар мағозаи китобе, ки ворид шавед, онро пуродам мебинед. Одамон вобаста ба имконияту хоҳиши худ китоб мехаранд.

Имрӯз ҷавононе низ кам нестанд, ки барои бо адабиёти зарурӣ таъмин намудани китобхонон камар бастаанд. Яке аз чунин ҷавонони ғайратманд Ҷаҳонгир Бафоеви бухороӣ мебошад, ки дар байни мардум ҳамчун тарғибгари маънавият шинохта шудааст. Ӯ 30 июни соли ҷорӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон аз ҷониби роҳбари давлат бо медали «Kelajak bunyodkori» сарфароз гардонида шуд.

– Ҷавонони имрӯзаро «китоб намехонанд» гӯем иштибоҳ мешавад, – мегӯяд Ҷаҳонгир, – баръакс, сол аз сол китобхонӣ дар байни хурду калон рушд карда истодааст. Сабаби ин таваҷҷуҳи Президент ба китоб ва мутолиаи китоб мебошад. Аз ҷумла, пас аз эълон шудани озмуни «Китобхони ҷавон» соли 2017, дар кишвари мо шумораи китобхонон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Агар то соли 2017 дар Ӯзбекистон беш аз 100 корхонаи табъу нашр фаъолият дошта бошанд, ҳоло шумораи онҳо аз 600 адад гузаштааст.

– Ҷаҳонгир, овони бачагӣ, инчунин солҳои таҳсил дар мактаб, муносибати шумо ба китоб чӣ гуна буд? Дар бораи муҳите, ки дар он ба воя расидаед, нақл мекардед.

– Муҳити китобдӯстӣ ба ман бегона нест, чунки дар оилаи мо ҳама китобро дӯст медоштанд. Падар ва бобоёни ман натанҳо бо савдои китоб, балки бо китобхонӣ низ бештар машғул мешуданд. Бобову бибӣ ва падари ман дар давраи шӯравӣ дар мағозаҳои китобфурӯшӣ фурӯшанда буданд. Ман низ яке аз идомадиҳандаи ин анъана ҳастам, аммо самти тарҷума ва нашри китоб, яъне шуғли соҳаи нашриёт аз ман оғоз ёфт. Имрӯз, вақте китобҳои нашркардаамонро ба даст мегирам, дар баробари меҳнати худ идомаи ҳамин анъанаи оилавиамонро низ эҳсос мекунам.

Ҳарчанд ҷавонам, талхиҳои зиндагиро чашидаам, барои рафъи мушкилоти моддии рӯзгор солҳои зиёд дар хориҷи кишвар заҳмат кашидаам.

Он солҳо ба худ қавл дода будам: ба Бухоро бармегардам ва бо фаъолияте машғул мешавам, ки ба ҷомеа фоида расонам ва аз ман номи нек ва арзандае боқӣ монад. Ҳамин ният маро ба нашри китоб овард. Пас аз баргаштан ба зодгоҳ ин соҳаро амиқтар омӯхтам ва аз соли 2023 ба ин кор шурӯъ кардам. Ман бовар дорам, ки дар китобфурӯшӣ ва нашри китоб баракат ҳаст. Зеро ин кор ҳамеша имкони ба одамон расондани дониш ва некиро дорад. Китобе, ки шумо омода кардаед, ба фарзанди касе дониш медиҳад, ба каси дигар барои шинохтани худ кумак мерасонад ва барои шахси сеюм дар лаҳзаи душвор тасаллӣ мебахшад...

Пас аз нашри китобҳои хубамон, китобхонҳо занг зада, изҳори сипос мекунанд. Вақте он миннатдории самимонаро мешунавед, моҳияти меҳнати кардаатонро боз ҳам амиқтар дарк менамоед. Ин ба ман неру мебахшад ва водор мекунад китоби навбатиро боз ҳам пухтатару зеботар омода созам.

– Аз нав нашр шудани асарҳои хуб боиси хушҳолист, аммо дар онҳо хатоҳои им-лоӣ ва услубӣ бисёранд. Барои пешгирӣ аз чунин камбудиҳо нашриётҳо бояд чӣ кор кунанд?

– Ин эроди шумо бисёр бамаврид аст. Хонандаи ҷавоне, ки нав ба мутолиа оғоз кардааст, метавонад калимаи ғалатро низ дуруст пиндорад. Бинобар ин, масъулияти нашриёт бо чопи китоб ба анҷом намерасад. Ба назари ман, дар нашри китоб ҳамкории муҳаррир, муҳаррири адабӣ ва мусаҳҳеҳон зарур аст. Пас аз саҳифабандӣ низ матн ҳатман бояд аз нав санҷида шавад: баъзан маҳз дар ҳамин марҳила ба матни дуруст хато ворид мегардад.

Ҳангоми нашри такрорӣ низ фиристодани китоби қаблӣ ба чопхона бе ягон бозбинӣ кофӣ нест. Камбудиҳое, ки китобхонҳо гуфтаанд, бояд ҷамъоварӣ, санҷида ва ислоҳ карда шаванд. Аз хонандае, ки дар бораи хато хабар медиҳад, бояд сипосгузор буд, зеро ӯ ба нашриёт барои беҳтар кардани кораш кумак мекунад.

Ман нисбат ба нашриёти худам низ ҳамин талабро мегузорам. Ба ҷойи ваъдаи «Дар китобҳои мо хато намешавад», муҳимтар он аст, ки низоми ошкор ва ислоҳ кардани хатоҳо тақвият ёбад.

– Ҳамчун шахсе, ки бо китоб бештар сару кор дорад, ба волидони ҷавон чӣ маслиҳат дода метавонед, то шавқу ҳаваси фарзандашонро ба китобхонӣ бештар гардонанд?

– Дар ин бобат дар он ақидаам, ки шавқу рағбати кӯдак ба китоб танҳо бо насиҳат бобати китобхонӣ пайдо намешавад. Ба ӯ китоби ҷолиби мувофиқи синну солаш лозим мешавад. Агар кӯдак китобхониро вазифаи маҷбурӣ шуморад, кӯшиш мекунад онро ҳарчи зудтар хонаду ба анҷом расонад, аммо вақте аз китоб барои худ чизи навро кашф кунад, аз паи ҷустуҷӯйи китоби навбатӣ мешавад.

– Бо корҳои неки худ мавриди таваҷҷуҳи роҳбари давлатамон қарор гирифта, бо медали «Kelajak bunyodkori» сарфароз гардидед. Ин саодати бузург аст, ҳамин тавр не? Барои сазовор шудан ба эътимоди эшон боз чӣ ҳадафҳои олӣ доред?

— Ростӣ, ин мукофоти ғайричашмдошт барои ман бахту шарафи бузург гардид. Хусусан вақте давраҳои душвори зиндагӣ дар хориҷи кишварро ба ёд меорам, қадри ин эътирофро боз ҳам амиқтар эҳсос мекунам. Дар ин роҳ саҳми меҳнати ҷамоаи ман низ бузург аст.

Мукофот дар баробари шодӣ ба ман масъулият низ бахшид. Мехоҳам эътимоди зоҳиршударо бо корҳои нав, китобҳои босифат ва фоидае, ки ба ҷомеа мерасонем, сафед кунам.

То имрӯз беш аз сад номгӯ китоб нашр кардем. Тарҷумаи қариб 120 китоби дигар низ омода аст. Ният дорем, аз соли 2027 таҳти бренди «Bukhara books» ҳар моҳ камаш 7 номгӯй китоби нав нашр кунем. Барои ин, албатта, корҳои таҳрир ва омодасозӣ ба нашрро низ бояд дар сатҳи муносиб ба роҳ монем.

 Ҳадафи дигар, муаррифии адабиёти классикӣ ба ҷаҳониён аст. Бо ҳамин ният дар Англия ширкати «Bukhara books LTD»-ро таъсис додем. Ҳоло мунтазири иҷозатномаҳои зарурӣ барои воридот ва содирот ҳастем. Пас аз гирифтани онҳо, мехоҳем китобҳоро барои нашр омода карда, фурӯши онҳоро дар ин давлат ба роҳ монем. Мехоҳам хонандаи хориҷӣ ватанамонро тавассути китобҳо низ бишносад.

Ҳадафи асосии мо аз таъсиси «Bukhara books» танҳо китобфурӯшӣ набуда, балки фароҳам овардани муҳити китобхонӣ мебошад. Барои ман он чиз муҳим аст, ки хонанда ба китобхона боз баргашта, аз пайи ҷустуҷӯйи китобҳои нав шавад, атрофиёнро низ ба китобхонӣ ташвиқ намояд.

Мусоҳиб Набия Нодирова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: