Дар Ӯзбекистон тартиби арзёбӣ ва ҷуброни зарари ба аҳолӣ дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти техногенӣ расонидашуда муайян гардид. Тибқи он, ба аъзои оилаи шаҳрвандони ҳалокшуда ва ҳамчунин ба шахсони ҷароҳатбардошта кумаки якдафъаинаи молиявӣ пардохт мешавад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 ноябри соли 2026, таҳти рақами 606, Низом «Дар бораи тартиби арзёбӣ ва ҷуброни зарари ба аҳолӣ дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти техногенӣ расонидашуда» тасдиқ гардид.
Тибқи Низом, ба ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти техногенӣ садама ва фалокатҳои нақлиётӣ, ҳодисаҳо дар иншооти дорои хатари кимиёвӣ, сӯхтор ва таркиш, садамаҳо дар низомҳои энергетикӣ ва коммуналӣ, инчунин ногаҳон вайрон шудани конструксияҳои биноҳо дохил мешаванд.
Дар қарор пешбинӣ шудааст, ки ба аъзои оилаи шаҳрвандони дар натиҷаи чунин ҳодисаҳо ҳалокшуда ба ҳар як узви оила ҳиссаи баробар аз маблағи то 500 баробари нишондиҳандаи базавии ҳисоб (МҲБ) ҳамчун кумаки якдафъаина пардохт карда мешавад.
Ба шаҳрвандони ҷароҳатбардошта бошад, вобаста ба дараҷаи вазнинии ҷароҳат маблағҳои зерин ҷудо мегарданд:
- барои ҷароҳатҳои вазнин — то 200 баробари МҲБ;
- барои ҷароҳатҳои миёна — то 150 баробари МҲБ;
- барои ҷароҳатҳои сабук — то 100 баробари МҲБ.
Шахсони зарардида бояд дар давоми 30 рӯз аз рӯзи рух додани ҳолати фавқулода аризаи шакли муқарраршударо пур карда, ба комиссияи дахлдор пешниҳод намоянд.
Кумаки молиявӣ дар асоси қарорҳои Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд пардохт карда мешавад.
Дар Низом ду ҳолати ҷуброни зарар пешбинӣ шудааст. Дар ҳолати аввал, то замони аз ҷониби суд муайян гардидани шахсони гунаҳкор, маблағи ҷуброн ба зарардидагон аз ҳисоби маблағҳои фонд пардохт мешавад. Дар ҳолати дуюм, агар шахси ҳуқуқӣ ё шахси мансабдори гунаҳкор зарари расонидашударо дар муҳлати муқарраршуда пурра ҷуброн карда натавонад, пардохтҳо тавассути фонд амалӣ мегарданд.
Ин маблағҳо аз ҳисоби Фонди ҷуброни зарари ба аҳолӣ дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти техногенӣ расонидашуда, ки дар назди ҳокимияти ноҳия ё шаҳри дахлдор таъсис дода мешавад, пардохт хоҳанд шуд.
Ҳамин тариқ, тартиби нав механизми расонидани кумаки молиявӣ ба аҳолии зарардида ва ҷуброни хисороти дар натиҷаи садамаю фалокатҳои техногенӣ баамаломадаро муайян мекунад.