Олимони Донишгоҳи давлатии Тюмен дар ҳамкорӣ бо муҳаққиқони байналмилалӣ таъсири гармшавии глобалиро ба буғшавии оби уқёнусҳои ҷаҳон ва оқибатҳои эҳтимолии ин раванд меомӯзанд.
Маълумоти бадастовардаи олимони Донишгоҳи давлатии Тюмен дар ҳайати гурӯҳи байналмилалии муҳаққиқон барои муайян кардани тағйироти таркиби оби уқёнусҳо дар натиҷаи буғшавии бештар бар асари гармшавии глобалӣ мусоидат мекунад. Яке аз паёмадҳои эҳтимолии ин раванд метавонад ба вуҷуд омадани механизми иловагии танзими гармшавии оби баҳр бошад, ки ба таъсири мутақобилаи кристаллҳои намак ва нури офтоб вобаста аст. Дар ин бора сомонаи ria.ru бо такя ба маълумоти ширкати амрикоии Thermo хабар додааст.
Уқёнусҳо тақрибан 71 дарсади сатҳи Заминро фаро гирифта, 97–98 дарсади захираи умумии оби сайёраро дар бар мегиранд. Аммо шӯрии баланди оби онҳо имкон намедиҳад, ки он бевосита барои нӯшидан, кишоварзӣ ва саноат истифода шавад. Ҳамзамон, таркиби оби баҳру уқёнусҳо дар танзими бисёр равандҳои геодинамикӣ нақши муҳим дошта, ба ҳаёти организмҳои обӣ таъсир мерасонад.
«Буғшавии оби уқёнуси ҷаҳонӣ боиси зиёд шудани консентратсияи намак дар об мегардад ва ба тавозуни гармии тамоми сайёра таъсир мерасонад. Ҳангоми пайдо шудани кристаллҳои намак аз қатраҳои аэрозолӣ дар сатҳи оби шӯр онҳо нурҳои офтобро фаъолона мешикананд ва пароканда мекунанд. Ин метавонад боиси боз ҳам бештар ноустувор шудани ҳарорат гардад», — шарҳ додааст яке аз муаллифони таҳқиқот А. Федоретс.
Олимони Донишгоҳи давлатии Тюмен дар якҷоягӣ бо муҳаққиқони Институти механикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов ва Донишгоҳи Ариэли Исроил механизми буғшавии оби шӯрро дар ҳарорати баланд тавсиф кардаанд. Маълумоти нав на танҳо барои баланд бардоштани самаранокии технологияҳои тоза кардани намак аз об аҳамият дорад, балки имкон медиҳад, ки тағйироти таркиби оби уқёнуси ҷаҳонӣ дар шароити болоравии ҳарорати Замин беҳтар фаҳмида шаванд.
«Мо афтиши озоди қатраҳои тақрибан якхелаи маҳлули намакро, ки таркибаш ба оби баҳр наздик аст, дар муҳити ҳавои пешакӣ гармшуда мушоҳида кардем. Вақте ки ҳарорати муҳит тақрибан ба 60 дараҷа мерасад, об босуръат бухор шуда, дар сатҳи қатраҳо кристаллҳои намак пайдо мешаванд. Сипас намии боқимонда аз фосилаҳои байни онҳо берун фишурда мешавад», — гуфтааст Федоретс.
Ба гуфтаи олим, зарраҳои ковоки намак, ки дар қабати берунии худ сӯрохиҳо доранд, қаблан низ мушоҳида шуда буданд. Аммо дар ин таҷриба бори аввал тағйирёбии шадиди траекторияи ҳаракати поликристаллҳои намак ба қайд гирифта шуд. Ин ҳодиса дар натиҷаи ҷараёни буғи об ба вуҷуд омадааст, ки ҳангоми хушк шудани зарра аз он бо фишор берун мебарояд.
«Ин мушоҳида метавонад барои таҳияи усулҳои самараноки истифодаи оби баҳр ҷиҳати сохтани пардаҳои қатрагӣ, ки муҳити атрофро аз таъсири шуоъҳои гармии ҳангоми сӯхтор баамаломада муҳофизат мекунанд, замина фароҳам оварад», — афзудааст Федоретс.
Вай ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҳангоми истифодаи оби баҳр барои хомӯш кардани сӯхтор бояд гармии иловагие, ки дар ҷараёни кристаллшавии намак аз маҳлул хориҷ мешавад, ба назар гирифта шавад.