ОБУНА – 2020

«ОВОЗИ ТОҶИК» – ОВОЗИ ШУМО!

Ба «Овози тоҷик» – рӯзномаи 95-солаи ягонаи тоҷикии ҷумҳуриявӣ барои соли оянда обуна давом дорад. Тартиби расмӣ кардани он дар сартосари ҳудуди Ӯзбекистон як хел аст ва аз солҳои пешин фарқ намекунад. Агар то ба охир расидани мавсими обуна барои соли 2020 он сари вақт расмӣ кунонида шавад, рӯзномаро тамоми сол дастрас хоҳед кард.
Ҳоло тамоми шуъбаҳои алоқа, ширкатҳои хусусӣ ва агентиҳои махсусе, ки бо рӯзнома дар ин бобат қарордод доранд,  бо нархҳои гуногун ҳуқуқи обуна карданро соҳибанд.
Шитобед, то аз «Овози тоҷик» бебаҳра намонед!


ВОҚЕАН ОВОЗИ МОСТ!

Деҳаи хушҳавои Оҳалик дар оғӯши дараи қаторкӯҳҳои Зарафшон воқеъ аст. Қариб тамоми аҳолӣ ба забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Аз ҳамин сабаб фарзандони деҳа дар мактаб ба забони тоҷикӣ таълиму тарбия мегиранд. Боиси ифтихор аст, ки дар ин манзил Шодон Ҳаниф барин нависанда таваллуд ёфта, ба адабиёти муосири тоҷик бо асарҳои хубаш саҳми арзанда гузоштааст. Бояд таъкид намуд, ки дар мактаб обуна, алалхусус ба “Овози тоҷик” муташаккилона давом дорад. Соли гузашта қариб 30 нафар ба ин рӯзнома  обуна шуда буданд. Имсол ҳам ният дорем, ба рӯзнома обуна шавем. Зеро «Овози тоҷик» овози мост.
 
Исмоил ҶАББОРОВ,
директори мактаби рақами 30-юми деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: