ШОДРӮЗ

(Ҳикоя)

Муҳаммад ШОДӢ

(Давомаш. 
Аввалаш дар шумораҳои гузашта).

Суман бо як ҳол мехобид. Симои ғамандуди ӯ дид ва дарди сӯзноке дар меҳроби қалб эҳсос намуд. Соате пеш, асное телефонӣ муборакбод месохт, кайфияти хуб дошт Суман, вале ҳоло...
Парӯ шуд Санавбар ва Суманро бо эҳтиёт оғӯш кард, бӯсид. Чанд сония, бе он ки чизе гӯянд, шах шуданд. Ду дил беовоз гирист.
Санавбар, ниҳоят, даҳон кушод:
– Ба ту чӣ шуд? Кӣ хафа кард?
Суман нигоҳи хаста ба дар дӯхт, ба набераҳо, ки об дар чашм, ларзноку пуризтироб ҷонибаш дида дӯхта буданд. Табассуми ҳазин гирди лабонаш нақш баст:
– Бачаяком, шуморо тарсондам?
– Нанеҷон, – гуфтанд баробар духтарҳо ва гиристанд.
– Гузашт, ҳамааш гузашт. Ташвиш накашед, ҳамааш... хуб. Ман бо Санавбарҷон мехобам.
Ин гуфт ва:
– Мехобӣ, а? – пурсид аз Санавбар.
– Ҳа, мемонам, – ҷавоб дод палонҷ.
Духтарон ба ҳарду хоби хуш хоста, аз дар баромаданд. Танҳо монданд ва Суман сабаби ба чунин ҳол афтодани худ баён сохт.
– Чӣ тавр ба ҷазаба афтодам, намедонам. Ҳарду бача тарсид. Духтарчаҳоро тарсондам!
– Ифлос, падарлаънат, разил! – Санавбар, нигоҳи чашмони пур аз ғазабаш беқарор, аз ҷо хест:
– Ҳозир меравам ва...
Ба соати девор нигарист: дувоздаҳ.
– Куҷо? – пурсид Суман, – дар ин нисфишабӣ ба куҷо?
– Телефони шоирро гӯ.
– Чӣ кор мекунӣ?
– Телефони ана вай... нобакорро мепурсам.
– Лозим нест. Акнун чӣ фоида?
– Шонздаҳ сол боз ҳамин дард, ҳамин ҳақорат, ҳамин... ҷароҳатро пинҳон дошта омадӣ дар дил? Офарин-э!
– Чӣ тавр мегуфтам?
– Ба ман ҳам, а? Ақаллан ба ман? Гумон доштам миёни мо сир нест. Хато мекардаам. Ту..., – коҳишомез ба Суман нигарист Санавбар.
– Санавбарҷон, илтимос, вазнин шав.
– Шонздаҳ сол... Лекин ман шонздаҳ дақиқа ҳам тоқат намекунам. Наметавонам!
ххх
Санавбар ба Ҷиззах рафт, хонаи Мансурро ёфт. Ана, рӯбарӯ нишастаанд.
– Меҳри шумо ба Суман ҳамон-ҳамон, яъне... ҳанӯз дӯст медоред?
– Шумо... чӣ гуфта истодаед? – ранг аз рӯйи Мансур парид.
– Вай шонздаҳ сол боз шуморо мунтазир.
– Мунтазир? – Мансур ҳангу манг.
– На рафтед, на одам фиристодед. Маҷбур шудам оям бо ҳамин тани касал. Рангу рӯям мебинед? Беморам. Табобат гирифта истодаам. Лекин... омадам.
– Нағз кардед. Аммо... гапҳои ғалатӣ мезанед. Кас нафаҳмад. Шармандагӣ. Дар воқеъ, кӣ мешавед ба ӯ? Шумо кӣ?
Санавбар теғкашон ба соҳибхона нигарист:
– Корат чӣ ба кӣ будани ман? Ту... чӣ кор кардани худро медонӣ? Панҷоҳсолагӣ. Меҳмонхонаи «Ҳумо». Ва баъде ҳама рафтанд, дар ҳуҷраи хилват, изҳори дил: «Медонед шуморо кай боз дӯст медорам? Бе шумо наметавонам. Аз никоҳ мегузарем. Зани дуюм мешавед, аммо... муҳаббати аввал. Шумо муҳаббати аввали ман, Суман!»
Гуфтӣ ё нагуфтӣ? Ҳамин тавр гуфта будӣ ё не?
– Дар хотир надорам, – гуфт Мансур.
– Тавре мекунам... ба хотир орӣ, иқрор шавӣ ва... ҳарчанд дер аст, гуноҳи худ шӯӣ.
– Чӣ тавр?
– Мегирӣ. Ба занӣ мегирӣ Суманро. Аммо пинҳонӣ не, ошкоро. Занатро талоқ медиҳӣ ва қонунан хонадор мешавӣ ба Суман.
– Шумо... чӣ гапҳо мегӯед? – Мансур хандид. 
Суман ҷиддӣ аст:
– Наханд, гиря кун. Хайр, майлаш. Ин корҳо шаванд, аз болоят ханданд, баъд гиря мекунӣ.
– Ман чор фарзанд дорам. Як олам набера. Ба шасту шаш даромадам.
– Мегӯӣ, ман... ҷавон не? Дар панҷоҳсолагӣ ҳам ҷавон набудӣ. Зан доштӣ, набераҳо доштӣ. Вақте ба Суман дил кушодӣ, инро хотиррасон кард ё накард? Ёдат овард, аммо аҳамият надодӣ. «Дӯст медорам, дӯст медорам!» гуфтӣ ба такрор. Дили бечораро гургҳо медаранд. Ду духтари қадрас ба роҳаш нигарон. Бевақт мешавад. Хестанист, аммо ту... Ба «кола»-аш, номаълум чӣ рехтӣ?
 Чӣ рехтӣ, ки маст шуд, худро гум кард. Бардоштӣ, хобондӣ болои диван. Чун ба худ омад ва чашм кушод, бари ту мехобид: мӯйҳо парешон, нимбараҳна. Чӣ кор кардӣ?!
– Маст будам, – сар хам намуд Мансур. – Чӣ корҳо шуданд, ростӣ намедонам.
– Акнун... ҳушёр шудӣ? Акнун... медонӣ? Не, ҳарчанд шонздаҳ сол шудааст, ҳанӯз мастӣ. Ҳанӯз... намедонӣ?
– Сахт таҳдид кардед, хоҳарҷон, – тамасхур нақш баст дар нигоҳи Мансур. – Аз доира баромадед. Кӣ будани маро медонед?
– Медонам. Лекин ту кӣ будани маро намедонӣ!
– Як ишора мекунам... гум мешавӣ. Ҳеҷ кас намеёбад.
– Ростӣ? –  Санавбар қоҳ-қоҳзанон хандид. Ва гуфт: – Канӣ, ҷеғ зан. Каллабурҳои зархарид, аздусар, бисёр. Пул, ки ҳаст, ҳама чиз дар ихтиёр. Сагу сагбачаҳо... Ҳой, саг. Саги пир, мешунавӣ? Саг!!! – Санавбар хест ва ҳамин ки Мансур низ аз ҷой хест, кашидаю кушода ба рӯяш тарсакӣ фуровард.

(Давом дорад).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: