(Ҳикоя)
Муҳаммад ШОДӢ
(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
Дар кушода ва се-чаҳор мардҳои тануманд зада даромаданд:
– Хӯҷаин, чӣ гап? Чӣ кор мекунад ана ин...
Ин гуфтанд ва сӯи Санавбар як-ду қадам монданд.
– Истед, – гуфт Мансур, ки бо каф бари рӯи шаттахӯрдаашро медошт. – Равед, дафъ шавед.
Мардҳо ҳайрон.
– Ман чӣ гуфтам? Дафъ шав ҳамет! Баро!
Ба якдигар нигоҳкунон мардҳо берун баромаданд.
– Гӯш кунед, – гуфт бо овози паст Мансур. – Чӣ қадар хоҳед... медиҳам.
– Пул?
– Бо як... изтироби шадид баромада буд Суман. Намехостам дар вазъе, ки дорад, мошин ронад, аммо гӯш накард. Ба чунин ҳол гирифториашро сабабгор – ман. Маро низ, бовар кунед, виҷдон азоб медод. Чӣ илоҷ, кори шуданӣ шуд. Ҳоли худаш хуб аст? Чӣ қадар хоҳед, медиҳам.
– Шонздаҳ сол пеш ҳам болохонадор буданд ваъдаҳо: хонаи алоҳида, мошини замонавӣ. Акнун ба ӯ пул ё молатон не, худатон даркор, – гуфт бо нармӣ Санавбар. – Мегиред.
– Мегирам?
– Чилу чор сол дошт Суман, лекин хеле ҷавон метофт. Нозанин буд ва шумо – вола ба вай. Ишқи нахустин, агар рост бошад! Аммо акнун ӯ куллан дигар: ногиро, хеста наметавонад. Рӯй пурожанг. Мӯйҳо сап-сафед. Канӣ он Сумани моҳчеҳра? Барои ҳамин... рад мекунед. Дар сиҳатӣ, дар зебоӣ маъқул, баъде ба чунин ҳол афтод, номақбул? Намегиред?
– Наметавонам.
– Қавл чӣ мешавад? Қавл чӣ мешавад, ҳой мард? Не, мегиред. Нагиред – ҳабс мешавед. Хонавайрон мешавед. Мегӯед пул медиҳам ва халос мешавам? Ҳой, миллиардҳои шумо намерасанд. Медонед, вай чӣ қадар азоби рӯҳӣ кашид? Ҳа-а, як чизро нагуфтаам. Аниқтараш, як шартро:
Баъде хонадор шудед, рӯи каф бардошта ва ҳамон «дӯст медорам»-ро канда намекунед. Ба хориҷ мебаред, лозим шавад. Аз паи табобат мешавед.
– Ана ин гап – гапи охиринатон ба ман маъқул. Барои табобат ман тайёр. Аммо...
– Мегиред. Мегиред!
Ҷо ба ҷо шах шуда монда буд Мансур. Санавбар давом намуд:
– Ман рафтам. Ба шумо оиди кай ва дар куҷо вохӯрдан хабар медиҳам. Худро тайёр кунед. Тавре тайёр кунед, ки бовар дошта бошед меҳратон ба вай ҳамон-ҳамон, яъне ҳанӯз дӯст медоред.
***
Палонҷҳо паҳлӯи ҳам нишастаанд.
– Лозим буд? Ҳамин лозим буд?
– Лозим буд. Лозим буд!
– Лекин ман... – даст ба китфи Санавбар гузошт Суман, – худро сабук ҳис мекунам.
– Чӣ хел хуб!
– Санге фишор меовард ба рӯи дилам. Он санг нест.
– Чӣ хел хуб!!! – Суманро оғӯш кард Санавбар.– Бовар кун, сиҳат мешавӣ.
– Бовар мекунам, бовар мекунам.
– Мехезӣ ва аз дасти якдигар дошта, кӯча мебароем. Хиёбонҳоро давр мезанем.
– Ҳама ҳавас мекунанд ба палонҷҳо.
– Худо хоҳад, Худо хоҳад.
– Аммо дар чӣ ҳол бошад ана он...
– Мансур? Вай ҳам фикр кунад. Як фикр кунад!
***
Дунё пеши назараш дарҳам-барҳам, дар кӯчаи сарбастаи андешаҳои мағшуш саргумии худ ҳис мекард Мансур ва чӣ кор карданашро намедонист. «Чӣ мешавад? Чӣ кор мекунам?!»
***
– Ассалому алайкум нанеҷонҳо, – Марғубаю Дилдора даромада омаданд. Онҳо ва нанеҷонҳо ҳамоғӯшанд.
– Ман шастсола не, ман сисола, – бо ханда гуфт Суман.
Лаб ва рӯи Санавбар низ пур аз ханда:
– Ман бистсола!
Духтарҳо гул-гул мешукуфанд.