БА КОРМАНДОНИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Деҳқонон ва фермерони муҳтарам!
Ҳамаи шумо ва дар шахси шумо тамоми мардуми Ӯзбекистонро бо ҷашни хотирнишин – Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ муборакбод менамоям.
Тавре ки маълум аст, хоҷагии қишлоқ соҳаи аз ҳама қадима ва пойгоҳии иқтисодиёт ба шумор меравад ва ҳеҷ гоҳ аҳамияти худро гум намекунад. Деҳқонон ва фермерони моҳир, чорвопарварон ва пиллапарварони ботаҷриба, меҳробон ва ирригаторони тавоно, устодони ҳақиқии кори худ механизаторон ва агрономҳо, олимон ва мутахассисони ташаббускор, хулоса ҳамаи онҳое, ки дар рушди ин соҳаи муҳим саҳми бузург мегузоранд, дар ҷаҳон намояндагони касби пуршараф мебошанд.
Воқеан, ҳанӯз шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ таъкид карда буд, ки мардуме чун шумо меҳнатдӯст, ки дар ибтидои баҳор кишт карда, пояи фаровонӣ ва некӯҳолии мардумро фароҳам меоваранд, ба хонадони мо хурсандӣ меоваранд, сазовори эҳтироми бузургтарин мебошанд.
Бешубҳа, дар ин рӯзи хотирнишин мо меҳнати фидокоронаи шуморо махсус зикр менамоем, натиҷаҳои бадастомадаро ҳамаҷониба таҳлил мекунем ва вазифаҳоро барои оянда муайян месозем.
Аз ин хусус сухан оварда, пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки хоҷагии қишлоқ ҳар сол бино бар тағйироти азими иқлим ва мушкилоти экологии минтақаи мо ба санҷиш ва душвориҳои нав рӯ ба рӯ мешавад. Бо вуҷуди ин деҳқонон ва фермероне, ки бо ғами замин зисту зиндагӣ мекунанд, ҳатто дар чунин шароитҳои мураккабтарин ҳам тамоми дониш ва таҷрибаи худ, комёбиҳои илмро истифода бурда, ҳосили фаровон мерӯёнанд.
Намунаи равшани он ин аст, ки дар соли равон ба шарофати меҳнати фидокоронаи шумо 7 миллиону 130 ҳазор тонна ғалла, 2 миллиону 847 ҳазор тонна пахта, 19 ҳазору 600 тонна пилла, 21 миллион тонна маҳсулоти меваву сабзавот, 400 ҳазор тонна гандум парвариш карда шуд, 2 миллиону 600 ҳазор тонна гӯшт, 11 миллион тонна маҳсулоти ширӣ, 8,1 миллиард дона тухм истеҳсол гардид.
Ҳамаи мо хуб медонем, ки алҳол дар олам таъминот бо маҳсулоти бехатар, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза чӣ қадар рӯзмарра гардидааст.
Бинобар ҳамин ҳам мо ба бозсозӣ ва диверсификатсияи иқтисодиётамон, аз ҷумла соҳаи хоҷагии қишлоқ, парвариши зироатҳои хӯрокворӣ эътибори махсус медиҳем.
Аз ин нуқтаи назар бояд қайд кард, ки тӯли чаҳор соли охир дар 300 ҳазор гектар майдонҳои камҳосили пахта ва ғалла кишт ва парвариши маҳсулоти меваву сабзавот ва зироатҳои дигари хӯрокворӣ, аз ҷумла дар 32 ҳазор гектар боғҳои зудрас, дар 15 ҳазор гектар токзор, дар 2 ҳазор гектар гармхонаҳои замонавӣ, дар 114 ҳазор гектар сабзавот ва картошка, дар 72 ҳазор гектар рустаниҳои лӯбиёӣ ва равғанӣ, дар 52 ҳазор гектар зироати озуқаворӣ  ба роҳ монда шуд.
Бешубҳа, ҳамаи шумо аз хусуси ислоҳоти мунтазам, ки ба мақсади баланд бардоштани даромади деҳқонон аз ҳисоби истифодаи сарфакоронаи захираҳои обу замин, тезондани ҷорикунии равандҳои бозаргонӣ дар муносибати тарафайн бо субъектҳои хоҷагии қишлоқ, дастовардҳои пешқадами илму техника, рӯёндани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва содиротӣ хуб хабар доред.
Дар натиҷаи ин соли равон аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ 217 триллиону 700 миллиард сӯм фоида ба даст омад, ки нисбати соли гузашта 12 фоиз бештар мебошад.
Ба масъалаи ба соҳиби асосии худ додани замин, бахусус пурра гузаштан ба усули кластер ва низоми кооператсионӣ, ки тамоми силсилаи тиҷорати аграрӣ – аз парвариш то фурӯши маҳсулотро фаро мегирад, эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Дар мавсими кунунӣ 73 фоизи ҳосили пахта ба зиммаи кластерҳои пахтаву бофандагӣ рост омад, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Фарғона, Андиҷон, Хоразм, Намангон, Тошканд, Бухоро натиҷаҳои баланд ба даст омаданд, ки самаранокии низоми мазкурро дар амал собит менамояд.
Дар даҳҳо ноҳияҳо, аз ҷумла Ёзёвон, Қӯштеппа, Риштон, Тошлоқ, Ҷалолқудуқ, Қӯрғонтеппа, Пахтаобод, Амударё, Берунӣ, Элликқалъа, Хива, Хонқо, Янгибозор, Мингбулоқ, Поп, Чуст, Чирчиқи поён, Чиноз, Оққӯрғон, Қарокӯл, Олот, Вобкент, Дӯстлик ва Нарпай дар пояи низоми мазкур ҳосили фаровони пахта рӯёнида шуд.
Бо назардошти ин мо қарор додем, ки аз соли оянда 100 фоизи пахтаро бо усули кластер парвариш намоем. Баробари ин ташкил кардани кластерҳоро дар ғаллапарварӣ, меваву сабзавотпарварӣ, паррандапарварӣ, чорводорӣ, моҳидорӣ, пиллапарварӣ низ мустақимона идома медиҳем.
Дар ғаллапарварӣ бори аввал низоми рағбатноксозии парвариши ҳосили фаровон ҷорӣ гардид, ки натиҷаҳои худро дод. Ба шарофати чунин муносибати нав дар вилоятҳои Андиҷон, Фарғона, Қашқадарё, Тошканд ва Хоразм ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 65-67 сентнерро ташкил дод.
Аз ҳама муҳимаш, соли равон 3 миллиону 800 ҳазор тонна ғалла дар ихтиёри деҳқонон ва фермерон монд ва ман фикр мекунам, агар гӯем, ки ин комёбии аз ҳама муҳими мавсими анҷомёфта ба шумор меравад, дуруст аст.
Солҳои охир ислоҳоте, ки дар соҳаи парвариши меваву сабзавот татбиқ мегарданд, натиҷаҳои хуб медиҳанд. Соли равон 1,3 миллион тонна меваву сабзавот ба маблағи 1 миллиарду 100 миллион доллар содир карда шуд, ки, бешубҳа, барои рушди соҳа аҳамияти бузург дорад.
Масъалае, ки аллакай чандин сол боз деҳқонон ва фермерони моро ба ташвиш овардааст, ин таъмин кардани коркарди босифат ва ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ бидуни талафот ва вайроншавии онҳо расонда додани маҳсулоти меваву сабзавоти рӯёнидашуда аст. 
Соли равон ба вазифаи мазкур эътибори махсус дода шуд, барои ин мақсад 1 триллиону 37 миллиард сӯм сармояҳо ҷалб карда шуданд. Дар натиҷа 180 адад марказҳои замонавии коркард, нигаҳдорӣ ва расондадиҳии маҳсулоти меваву сабзавот бо иқтидори 254 ҳазор тонна бунёд гардиданд. Ба шарофати ин беш аз 54 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил ёфтанд.
Ҳоли ҳозир дар мамлакати мо 3 миллиону 500 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ коркард мешавад ва ба маблағи 350 миллион доллар маҳсулоти тайёр ба содирот мебарояд.
Мо дар назди худ мақсад гузоштем, ки соли оянда содироти маҳсулоти меваву сабзавотро то ба 2 миллиарду 500 миллион доллар, дар се соли наздиктарин бошад, ба 5 миллиард доллар расонем. Бо ин мақсад таҷрибаи пешқадами як қатор мамлакатҳо, аз ҷумла Испания, Нидерландия, Полша, Юнон, Туркия, Русия, Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Ветнам, Индонезия васеъ татбиқ карда мешаванд.
Дар натиҷаи азхуд кардани технологияҳои нав дар парвариши ашёи хоми бебаҳо – пилла бори аввал дар як сол чаҳор ҳосили пилла рӯёнида шуд. Минбаъд ният дорем ин таҷрибаи муфидро васеъ паҳн кунем.
Солҳои охир як қатор фармон ва қарорҳо бино бар ислоҳсозии соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла минбаъд такмил додани низоми идораи он қабул шуданд. Дар чорводорӣ низоми уфуқии идоракунӣ дар қисмати ҷумҳурӣ, вилоятҳо, ноҳияҳо ва хоҷагиҳои фермерӣ ҷорӣ гардид.
Дар мамлакат беш аз ҳазор маҷмӯъҳои бузурги чорвопарварӣ бинобар истеҳсоли маҳсулоти гӯшту шир ба истифода супурда шуданд. Соли равон 600 лоиҳаҳои мақсаднок ба маблағи 1,2 триллион сӯм татбиқ гардиданд. Ноҳияҳои Оҳангарон, Тахтакӯпир, Қӯнғирот, Бӯзатов, Мӯйноқ, ки барои инкишоф додани чорводорӣ шароитҳои мусоид доранд, ба самти мазкур махсусонида шуданд ва дар асоси усули кластер инкишоф меёбанд.
Дар натиҷаи барқарор намудани соҳаи моҳипарварӣ, ки тӯли 20 соли охир аз эътибор соқит  буд, дар 580 ҳазор гектар ҳавзҳои табиӣ ва 28 ҳазор гектар ҳавзҳои сунъӣ зиёда аз 200 ҳазор тонна моҳӣ парвариш карда шуд.
Боз як самти бартаринок занбӯриасалпарварӣ ба шумор меравад, ба Иттиҳодияи занбӯриасалпарварони Ӯзбекистон, ки ба мақсади рушди соҳа таъсис дода шуд, беш аз 14 ҳазор соҳибкорон аъзо шуданд, соли равон 19 ҳазор тонна асал истеҳсол гардид.
Тамоми харҷҳое, ки бо гузаронидани чорабиниҳои ирригатсиониву обёрӣ алоқаманданд, аз ҳисоби Буҷаи давлатӣ пурра сарпӯш карда мешаванд, ки барои деҳқонон ва фермерони мо дастгирии бузург буда, ба гирифтани ҳосили фаровон мусоидат менамояд.
Барои муттасил бо об таъмин кардани майдонҳои кишт баҳри обёрии соли равон аз Буҷаи давлатӣ дар ҳаҷми 1 триллиону 328 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2018-ум 1,8 баробар бештар мебошад, барои беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳои  обёришаванда 645 миллиард сӯм, яъне нисбат ба соли аввал 1,2 баробар бештар маблағ ҷудо гардид. Ғайр аз ин, аз ҳисоби маблағи идораҳои байналхалқии молиявӣ то охири сол 126,8 миллион доллар, ё худ дар муқоиса бо соли 2018-ум тақрибан 3 баробар зиёд маблағ аз худ карда хоҳад шуд.
Ҳадафҳои баланде, ки имрӯз барои ба давраи нави рушд баровардани Ӯзбекистон, ҳамчунин талаботи рӯзафзун дар тамоми олам ба маҳсулоти хӯрокворӣ мо дар назди худ гузоштаем, куллан ислоҳсозии соҳаи аграрӣ, васеъ ҷорӣ намудани механизмҳои  бозаргонӣ, бахусус технологияҳои инноватсионӣ ва сармояҳоро тақозо менамоянд.
Бо назардошти ин соли равон мо Консепсияи истифодаи самарабахши захираҳои замин ва обро дар хоҷагии қишлоқ ва Стратегияи оид ба рушди соҳаро дар 10 соли минбаъда қабул кардем.
Ҳангоме ки сухан дар бораи омилҳои комёбиҳои бадастомадаи соҳаи аграрӣ меравад, мо дар навбати аввал аз хусуси меҳнати фидокоронаи деҳқонону фермерон, тамоми кормандони соҳа ҳарф мезанем, бо ифтихор номи ҳамватанонеро, ки ҳаёти худро ба пешрафти соҳаи кишоварзӣ бахшидаанд, ба забон меоварем.
Ҳамзамон мехостам таъкид кунам, ки алҳол дар мамлакат ба беш аз 11 ҳазор хоҷагиҳои фермерӣ мутахассисони ҷавони то 30-сола ва ба 5600 хоҷагиҳои фермерӣ бонувон сарварӣ мекунанд. Ин, бидуни муболиға, сарвати бузурги мо, фонди воқеан тиллоии соҳаи хоҷагии қишлоқ ба шумор меравад.
Ҷорӣ кардани барномаҳои маҷмӯӣ, ки ба рушди устувори соҳа, таъмин кардани афзоиши ҳаҷм ва гуногунрангии маҳсулоти истеҳсолшуда дар пояи истифодаи технологияҳои замонавӣ ва зиёд кардани содирот вазифаҳои аввалиндараҷаи мо боқӣ мемонанд.
Мо эътибори худро ба ҳифз кардан ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин, бо техникаҳои зарурӣ таъмин сохтани соҳа, беҳтар намудани хидматрасонии техникӣ, такмил додани тайёркунӣ ва бозомӯзонии мутахассисоне, ки соҳиби дониш ва ихтисосҳои пешқадам мебошанд, пурзӯр менамоем.
Дар ин рӯзи хотирмон, ҳангоме ки мавсими деҳқонӣ анҷом меёбад ва натиҷаҳои сол ҷамъбаст мешаванд, бори дигар ба тамоми деҳотиён барои меҳнати пурсамар ва бовиҷдононаашон миннатдорӣ баён менамоям.
Бовар дорам, ки фермерони дар санҷишҳои душвори ҳаётӣ обутобёфта, устувор ва фидокор, тамоми кормандони хоҷагии қишлоқ донишу таҷриба, нирӯ ва ғайрат, кулли имкониятҳои худро барои иҷрои вазифаҳои бағоят масъуле, ки дар назди мо истодаанд, баланд бардоштани некӯҳолии халқ, таъмин сохтани амнияти хӯроквории мамлакат равона мекунанд. 
Деҳқонон ва фермерони азиз!
Кормандони муҳтарами хоҷагии қишлоқ!
Бори дигар шуморо бо ҷашни кунунӣ аз таҳти дил муборакбод менамоям ва орзуҳои беҳтарину самимитарини худро изҳор медорам.
Ба ҳамаи шумо саломатии мустаҳкам, бахту саодати оилавӣ ва дар кори масъулу шарафмандатон комёбиҳои бузург, ба оилаҳоятон оромиву осудагӣ ва фаровонӣ орзу менамоям.

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: