Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон:

РӮҲИ БУЗУРГИ ДӮСТӢ АБАДЗИНДА АСТ

Дар Кохи анҷуманҳои байналхалқии «Ӯзбекистон» маросими пӯшидашавии расмии 
Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон баргузор гардид.
Робитаҳои маданӣ-маърифатӣ, гуманитарӣ, сиёсӣ ва илмие, ки дар доираи Соли Ӯзбекистон дар Қазоқистон оғоз ёфтанд, ба чорабиниҳое, ки ба муносибати  Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон ба амал омаданд, пайваст гардиданд. Ин тадбирҳо ду халқ, халқҳои яктану якҷоншудаи моро боз ҳам наздик намуданд. Чорабиниҳо дар роҳи мақсадҳои муштараки мустаҳкамсозӣ ва эъзози дӯстии байни халқҳоямон хидмат намуданд.
Баргузории Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон аз пурзӯр шудани муносибатҳои шарикии стратегӣ, боварӣ ва дастгирии якдигар дарак дод. Он дӯстии абадию самимӣ, қаробати маданӣ ва маънавии байни халқҳоямонро нишон дод.
Дар доираи Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон  дар соҳаҳои сайёҳӣ, маданӣ-гуманитарӣ ва иқтисод бисёр тадбирҳо, вохӯриҳои маърифатӣ, ҷашнвораҳои гуногун ва шабҳои эҷодӣ доир гардиданд. Ташрифҳои байниякдигарии миёни намояндагони санъати ду мамлакат ба амал омаданд.
Дар ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшӣ, ки дар Тирмиз баргузор шуд, Улҷан Бойбӯсинова иштирок ва мукофоти Гран-приро ба даст овард. Дар музейи давлатии  санъати Ӯзбекистон намоиши «Дашти бузург: таърих ва маданият»-и Қазоқистон, бизнес-форуми VI Ӯзбекистон – Қазоқистон рӯи кор омад, ки дар он наздик 220 нафар соҳибкорон иштирок намуданд.
Намоиши китоби «Қазоқистон – Ӯзбекистон: паҳлӯҳои нави ҳамкорӣ», рӯзҳои таълими Қазоқистон, консерти театри давлатии рақси «Салтанат»-и Қазоқистон дар Театри калони давлатии академии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ ва спектакле, ки аз ҷониби ҷамоаи театри «Астана опера» гузошта шуд, рӯикороии  рӯзҳои кинои Қазоқистон дар шаҳри Тошканд таҳти ҳамкории АМ «Ӯзбеккино ва ҶС «Қазоқфилм» таваҷҷӯҳи умумро ба худ кашид.
Дар давоми сол сафарҳои эҷодии театрҳои қазоқ ба Ӯзбекистон ташкил карда шуд. Дар Театри академӣ-драмавии миллии ӯзбек спектакли «Абай» ба саҳна гузошта шуд, намоиши спектаклҳои театри қазоқ ба номи И. Омаров, ки дар вилояти Қӯстоной фаъолият дорад, бо номҳои «Хан Кене» ва «Айман – Шолпан» ба вуқӯъ пайваст.
Дар ҷашнвораи мусиқии байналхалқии фолклорӣ, ки дар шаҳри  Марғилон ба амал омад, ҷамоаи «Астар»-и Қазоқистон иштирок намуда, дар номгӯи «Барои тараннуми урфу одатҳои фаромӯшшудаистодаи аҷдод» аз сафи ғолибон ҷой гирифт, ки ин низ аз чорабиниҳои муҳим ва фаромӯшнопазир ба шумор меравад.
Имрӯзҳо ҳамкорӣ дар сохтори таълими олии байни мамлакатҳоямон ба асосҳои мустаҳкам молик мебошад. Дар мактабҳои мамлакатамон забони қазоқӣ омӯзонда мешавад, дар муассисаҳои таълими олӣ оиди фанҳои забони қазоқӣ, математика, физика ва фанҳои дигар кадрҳо омода карда мешаванд. Дар асоси як қатор лоиҳаҳо ҳамкорӣ боз ҳам густариш меёбад.
Дар мамлакатамон кушодашавии Маркази адабиёт ва маданияти Қазоқистон бошад ифодаи ҳамкории мустаҳкам аст.
Дар Ӯзбекистон ба Соли Қазоқистон тайёрии калон дида шуд. Ба вакилони соҳаҳои гуногуни ду мамлакат барои ба роҳ гузоштани робитаҳои ба ҷонибҳо манфиатнок, табодули дониш ва таҷриба роҳи нав кушода шуд.
Ҳар як лоиҳа, ҳар як қадами нав, ки дар доираи Соли Қазоқистон ба амал бароварда шуд, дар таҳкими муносибатҳои бисёрҷанба аҳамияти беқиёсро молик гардид.
...Дар чорабинии тантанавӣ ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов ва вазири маданият ва спорти Ҷумҳурии Қазоқистон Ақтутӣ Раимқулова ба сухан баромаданд.
Азиз Абдуҳакимов бо мақсади мустаҳкамсозии муносибатҳои дӯстона байни мамлакатҳоямон ба амал баровардани чораҳои самаранокро қайд намуд. Таъкид сохт дар роҳи таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ низ қадамҳои муҳим гузошта мешаванд. 
– Маданиятамон ягона аст, – гуфт вазири маданият ва спорти Ҷумҳурии Қазоқистон Ақтутӣ Раимқулова. – Мо халқи ӯзбекро додару бародар, дӯсту ёр мешуморем. Васеъ қайд карда шудани Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон маданияти байни ду халқ, ҳамкориҳои иҷтимоию гуманитариро аз ҷиҳати сифат ба давраи нав баровард. Чорабинии фарҳангии зиёд, сафарҳои эҷодии устодони санъат ва ҷамоаҳои театрии ду мамлакат ташкил карда шуданд. Ҳамкории бисёрҷанба мустаҳкам гардида, дӯстиамон минбаъд ҳам давом мекунад.
Чорабинӣ бо барномаи калони консертӣ ҷамъбаст ёфт.

Барно МЕЛИҚУЛОВА, 
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: