Шурӯъ ба барпои боз як корхонаи нав
Бинобар маълумоти корхонаи давлатӣ-унитарии «Ӯзтрансйӯлқурилиш» дар таъмини бехатарии роҳ чорабиниҳои нав андешида шуда, минбаъд дар канори ҷодаҳо ҷойи панҷараҳои филизиро панҷараҳои пломерӣ-пластмассавӣ иваз менамоянд.
Аз ин гуна тавораҳо, ки вақти бархӯрд ба онҳо мошинҳо камтар зарар мебинанд, алъон дар Аврупо, як қатор кишварҳои қитъаи Амрико ва Осиё истифода мекунанд. Барои дар Ӯзбекистон истеҳсол намудани маҳсулоти полимерӣ Куриёи Ҷанубӣ 2 млн. доллар сармоя ҷудо кард. Арзиши умумии корхонае, ки сохтмонаш оғоз меёбад, 35 млн. доллари амрикоист. Молҳои зарурӣ аз Куриё оварда мешавад, маҳсулоти боқимонда дар кишварамон ҳаст.
Корҳо дар чаҳор самт: сохтани монеаҳо, баровардани маҳсулоти рангубор, истеҳсоли семент ва барпои роҳҳо амалӣ гардонда мешаванд. Техника ва мутахассисон аз Украина ҷалб мешаванд. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон заводи семент бунёд мегардад, ки соле 1,5 млн. тонна маҳсулот мебарорад. Завод 60 гектар майдонро фаро гирифта, 400 ҷойи нави корӣ офарида мешавад. Лоиҳа нафақат дар таъмини бехатарии роҳ, инчунин ба пешрафти иқтисодиамон ҳисса мегузорад.
Видеоконфронс дар Суди олӣ
Дар Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади дастгирии шавқу рағбат ва ташаббусҳои ҷавонони фаъол, кушодани дари имкониятҳои нав ба онҳо дар шакли видеоконфронс чорабинӣ баргузор гардид.
Дар он баробари намояндагони созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ бештар аз 1,5 ҳазор ҷавонон иштирокдори воқеӣ ва ғоибона буданд, ки ба риштаҳои судию ҳуқуқӣ алоқаманданд.
Аз рӯйи иҷрои вазифаҳое, ки роҳбари давлати мо аснои вохӯрӣ бо як гурӯҳ ҷавонон 27 декабри соли 2019 ба миён гузошт, фикру мулоҳизаҳо баён шуданд. Таъкид гардид, ки баробари пешравиҳо дар фаъолияти ҷавонон норасоиҳо низ мавҷуданд, ҳуқуқшиносҳои ҷавон дар татбиқи қонун ва баррасии қарорҳое, ки ба соҳа мутааллиқанд, на ҳамеша муташаккил мебошанд. Дар сохтори судию ҳуқуқӣ ташкил карда шудани гурӯҳҳои пешбар ва гирди он муттаҳид сохтани ҳуқуқшиносҳои ҷавон ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Мавҷи илҳоми донишҷӯён
Ҷавононе, ки баробари риштаҳои филологӣ ва журналистӣ дар бахшҳои гуногуни муассисаҳои таълими олӣ таълим гирифта, ба адабиёт ва эҷоди бадеӣ шавқ доранд, хеле зиёданд.
Як гурӯҳ донишҷӯёни Институти ирригатсия ва муҳандисии механизатсияи хоҷагии кишоварзии Тошканд ба мактаби эҷодии ба номи Абдулло Қодирӣ саёҳат ташкил карда ва ба фаъолияти он аз наздик шинос шуданд. Маълум гашт, ки ҷавонон дар риштаи техникаи хоҷагии кишоварзию об таҳсил кунанд ҳам, аз адабиёт ва фарҳанг ба хубӣ огоҳанд. Ин дар мушоира, ки қалбашонро ба ҷӯш овард, дигарбора исботи худ ёфт. Маълум гашт эҷодкорони донишкада маҷмӯаи шеърие бо унвони «Мавҷҳои илҳом» омода кардаанд.
М. ШОДИЕВ.