(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
Мулло харро чун ҳамеша дар санглохе баста, бел дар даст ба боғи себзор фаромад. Алафи байни дарахтонро ду рӯз пеш хишова карда буданд ва ҳоло заминаш обутоб ёфта буд. Қатори ҷамоат ба нарм сохтани таги дарахтон пардохт. Аммо тамоми рӯз аз китобҳои гӯрондааш фикр карда, дилаш ғарқоби хун бел мезаду бел мезад... Баъзан рафтори коғазпечи Шукруллоҳ ба хотираш омада, аз шубҳаву гумонҳо хаёлаш раҳгум мезад.
Ҳоло рӯз гашт мекард. Аз қибла дар домани осмон як пора абрро пешандоз намуда анбӯҳи абрҳои сиёҳ нишастаанд ва рӯйи офтоби бегоҳонро оҳиста мепӯшонданд. Аҳли ҷамоат ягон-ягон дар тараддуди баргаштан ба деҳа ҳастанд: улави худро ҷул мезананд, алафи даравидаашонро банд мекунанд...
Аз пайраҳаи миёни ангурзор ва себзор ду аспакӣ намудор гаштанд. Башитоб меомаданд онҳо.
– Раис.., – гуфт кадомие дар банди ҳаяҷон.
Ва он нафароне, ки мехостанд алафашонро бубанданд, зуд аз кор даст кашида, арғамчинҳоро ғундоштанд.
Савораҳо наздик расиданд. Милтиқдор буданд онҳо, ба саломи колхозчиҳо эътиборе ҳам надода, бо нигоҳ касеро ҷуставу ниҳоят ҳадафро пайдо карда, аспҳояшонро ба ҷониби вай ронданд.
Мулло Абдуллоҳ дар як пора замини санглох ба дуруст кардани афзори маркабаш машғул буд. Меҳмонҳои силоҳдор дар назди Мулло қарор гирифтанд. Яке аз онҳо коғазеро бароварда бо абрӯвони гиреҳхӯрда исму насаби Мулло Абдуллоҳро хонд.
– Бале, ин ман, – дасташ дар гардани хар музтар ҷавоб дод Мулло.
– Бо мо меравӣ! Мана коғази ҳукумат,– ҳамон варақи бамӯҳрро алвонҷ дода, амр кард саворае, ки рутбаи баландаш аз се ситораи ҷилодори сари китфаш маълум буд. Аспҳои ҷавмаст дар таки рони низомиён беқарор ёл меафшонданд, сум мекӯфтанд, зуд-зуд нафас гирифта, даҳанаи оҳаниро мехоиданд ва дар ҷойи худ давр мезаданд.
– Ман? Барои чӣ? – даступо хӯрда пурсид Мулло.
– Инро дар идора мефаҳмӣ! Ҳоло зудтар пеш даро.
Як нафари малламӯйи онҳо милтиқашро аз сари китф фароварда, ба ҳар эҳтимол омода шуд.
Мулло Абдуллоҳ дар бари маркаб ба сутуни ноҷунбоне мубаддал гашта буд. Сад фикру хаёл аз сараш тирвор мегузаштанд, дилаш ноором метапид. Гоҳ Бибиотунаш пеши назар меомад, гоҳе сурати ду писараки навгулаш... Онҳо ҳанӯз аз ин гапҳо бехабаранд.
– Чаро ходаи гӯр барин рост меистӣ? Пеш даро! – арбада кард савораи туфангаш омода.
Бо ҳамин сурати завҷаву ду кӯдакаш мавҷзанон аз пеши назари Мулло дур гаштанд. Колхозчиҳо ҷамъ омада, ба саворони чун балои осмонӣ пайдошуда ҳайрон менигаристанд.
– Мулло чӣ айб доранд, ки мебаредаш? – пурсид ниҳоят кадом як баҷуръате.
– Мулло буданаш кифоят! – гуфт ба заҳрханд савораи дигар, ки акнун дар нӯки ангуштон папирос гирифта буд ва дуди сафедчаи он печон ба ҳаво мехест. – Ин хел каждумон дар ҷомеаи мо лозим нестанд!
– Ту ҳамин хел инсони мӯътабарро каждум мехонӣ?
– Корат набошад, беҳтараш аз пайи бечорагии худат бош! – гуфт саворӣ ба сӯйи соҳиби садо сахт карда. – Ҳукумати коргару деҳқонон хуб медонад: кӣ бегуноҳ асту кӣ то баногӯш дар баҳри бадкирдориҳо ғӯтавар!
Деҳқонон ба ҷунбиш омаданд. Яке ба дигаре менигарист. Аз нигоҳи ҳамдигар рамз бурда, фаҳмидан мехостанд, ки муқобилат кунанд, ё итоат... Охир ин гургон беҳтаринеро аз байни онҳо мерабуданд! Дар чашмони аксар ноаён об менишаст.
– Мана боз як далел ба шумо – мебинед Мулло хари худро дар куҷо бастааст? Санглохи мутлақо бегиёҳ! Аз рӯзе, ки коргари колхоз аст, кораш ҳамин. Рост мегӯям?
– Мулло Абдуллоҳ одами худотарс, оқилу доно, бар замми ин ҳалолкору ҳалолхӯранд! Намехоҳанд ба мулки ҷамоат зиён расад, – шунида шуд аз байни мардум.
– Шумо-чӣ? – ба харҳои боқии колхозчиҳо бо нӯки тозиёна ишора карда, гуфт аспакии папироскаш. – Мулки ҷамоатро пос намедоред? Ба мулки колхоз хиёнат мекунед? Улави шумо бемалол алафи ҷамоатро мехӯранд ва шумо ҳама бепарвоед!
Меҳнаткашон сар ба зер афканданд.
– Не! Ин муллои худотарси шумо мулки колхоз, ҳукумати коргару деҳқон, давлати шӯравиро ҳаром меҳисобад. Ҳатто раво намебинад, ки ҳамин ҷонвар, – акнун ба хари аз кори дунё бехабар ишора мекунад ӯ, – майли хотир аз алафи худодода шикам сер кунад. Агар ин шахс дили каҷ намедошт, магар чунин амалро раво медид? Пас душман дар байни шумо кист? – ба ҷамоаи сархам рӯ овард вай ва аз нӯки папиросаш як қуллоб дуд ба шуш кашидаву қаноатманд боз берун оварда, дар ҳоле ки ҷирани маст дар таки ронаш беқарорӣ мекард:
– Ана ҳамин одами ба рӯяш ниқобкашида! – ба саволи худ фавран ҷавоб дод вай ва:
– Пеш даро, мулло! – гуфт тозиёнаашро бозӣ доронда.
Ин дам аз куҷое Яъқуб расида омадаву тунд ба аспакӣ наздик шудан мехост, ки тозиёнаи марди малламӯй ба сари китфаш фаромад. Вай нолон худро ақиб гирифт. Дубора ба ҳаракат афтода буд, ки аспакӣ зуд мили туфангашро ба ҳаво гардонда, тир кушод.
Ҷамоат карахт шуд.
Мулло Абдуллоҳ бо ишораи даст ҳамаро ором карда:
– Ба хонаҳоятон баргардед, бародарон. Ту ҳам Яъқубҷон... Ба адолати ҳукумати Шӯро бовар кунед. Ғам махӯред. Ҳамин ки мӯйро аз хамир ҷудо карда, ба бегуноҳии ман иқрор шуданд, ҷавоб медиҳанд. Бепарво бошед, саҳар иншоаллоҳ дар қатори ҳама ба кори ҷамоат меоям.
Мулло Абдуллоҳ вақте ки саллаи худро дуруст карда, миёнбандро аз болои ҷелак бастан мехост, чашмаш ба Шукруллоҳ афтод, ки дар як гӯшаи дуртар аз издиҳоми деҳқонон пушт ба танаи дарахти себ дода ба қибла назар мекард. Нигоҳаш сард ва ба ғалаёни абрҳои сиёҳ васл шуда буд ...
“Ана кирми дарахти мо кӣ будааст! Ана мулӯҳи касиф дар байни мо кӣ будааст!” – бо таассуф гумонҳои худро хулоса кард Мулло Абдуллоҳ ва дар лавҳи хаёл сурати манфури Шукруллоҳ пеш-пеши ду савораи милтиқдор ғамгин ба роҳ даромад. Вай ҳис менамуд, ки аз ин доми бало наҷот ёфтан амри муҳол аст, аммо боз ҳам ба адолати ҳукумат умедвор буд. Охир, ҳамеша аз тариқи ҳалол хӯрдану ҳалол зистан гом бардошта, шогирдонашро дар ҳамин роҳ тарбият менамуд. Пас, бегуноҳе аст ӯ! Иншоаллоҳ нуқсе аз аъмолаш наёфта, ба хона ҷавоб хоҳанд дод...
***
Мулло Абдуллоҳ Тӯразода, чуноне ки чашм дошт, дубора ба зодгоҳ барнагашт. Парҳезгориаш оқибат ба сари ӯ об рехта буд. Дар қатори чандин мардони худотарс бо ҳукми Суди сегона ба Сибир сургун шуда, дар сармои туфкуну яхкуни он макон билохир ҷон ба ҷонофарин супурд. Бибиотуни меҳрубони вай дар гирудори ҳаёти бешафқат писари калонӣ – Иброҳимро аз даст дода, Аҳмади худро ба дандон газида, калон кард. Имрӯз вай олими номбардорест!