МУШОИРАИ НАВРӮЗӢ

Малик КАБИРОВ

Малик КАБИРОВ

Сад гилеми махмалин дорад баҳор

Аз ниёзи моҳи ҳут дар дил алам дорад баҳор,
Шикваҳо аз ғам ба Наврӯзи Аҷам дорад баҳор.
Баҳри истиқболи Наврӯз аз адам омад хабар,
Сад гилеми махмалин андар ҳарам дорад баҳор.
Аз ҷафои фасли дай фарсуда буд дар ҳар қадам,
Нозу истиғно ба пайғоми карам дорад баҳор.
Мӯйи мушкинаш муанбар, рӯйи моҳаш гулфишон,
Бо лаби лаъли шакархо як санам дорад баҳор.
Бар ниёзи нозанинон, ғамзаи ширини гул,
Дар таҳаммул чун дили булбул қалам дорад баҳор.
Абри найсон, наргиси хандон, гули садбарги тар,
Хоки зархези Ватан зери қадам дорад баҳор.
Оламам бедор шуд аз ҳиммати боди сабо,
Ҷон, биё, паймонаи ҷонро рақам дорад баҳор.
  
Олам муаттар шуд

Наврӯз шуд тарфи чаманҳо лолаву гул ҷо гирифт,
Омад баҳори хуррамӣ бар деҳи мо маъво гирифт.
Аз бӯйи гулҳои чаман олам муаттар шуд ҳаме,
Бингар насими гул ҳисори анбари соро гирифт.
Ҷоно, табиат аз дами хоби гарон бедор шуд,
Майлони дасти ишқи бобо домани момо гирифт.
Аз боди озорӣ шукуфта орази раънои гул,
Васфи гули рухро навои булбули шайдо гирифт.
Бар наргиси шаҳло кашида сурма дилбар к-аз фараш,
Бо сӯзи дил ҳар ошиқи рӯ домани саҳро гирифт.
Эй нозанинам, бо сафои зеби авроқи гулат,
Алҳол авҷи оташи ишқи дилам боло гирифт.
Дар мазраи Наврӯз нахли булвафо сабзидааст,
Мори ҷафои он санамро аз дили хоро гирифт.

ХУСРАВ                                                                                   
Бо кӯлвори сабз

Инак, баҳор мерасад бо кӯлвори сабз,
Дар зеҳни хок медавад аз нав мадори сабз.

Ҳоло табиате, ки мо муштоқ будаем,
Аз баҳри дил кушода медорад канори сабз.

Деҳқон ба кишт меравад, испору ҷуфти ӯ
Ин хок нарм мекунад бо иқтидори сабз.

То ки ба қуллаи баланди орзу расем,
Ҳар дам баҳор медиҳад моро фишори сабз.

Аз дидаи хазон бувад ҳар лаҳзаи ту дур,
Чун барг орзу намоям рӯзгори сабз.

Бингар, табиат аз сари нав мешавад ҷавон,
Килк ибтидо кунад каломи навбаҳори сабз.

То ки расам ба дарки он маънои ҷовидон,
Ҳар вожа мебарад ба дӯши хеш бори сабз.

Инак, биё, ба ҳурмати ҳар лола дам занем,
Аз матни куллиёти дил, аз нангу ори сабз.
                
Хандида меояд 
баҳор

Бо чеҳраи зебои худ хандида меояд баҳор,
Бар зеҳну бар андешаву бар дида меояд баҳор.

Аз қалбҳои ошиқон занги кудурат мебарад,
Бар бӯйи санҷид ин замон ғарқида меояд баҳор.

Аз илтифоти осмон он гуна дилхуш мешавад,
Ҳатто, ки ишқи тозае варзида меояд баҳор.

Зебоии ҳар лаҳзаро, ҳам файзи себи субҳро
Дар кӯлвори пургули худ чида меояд баҳор.

Дорад ба қалби ман тамос, оҳанги сайёдӣ кунад,
Девони борон дар бағал, болида меояд баҳор.

Як лаҳза борон медиҳад, як лаҳза хуршед оварад,
Зеро ки набзи хокро санҷида меояд баҳор.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: