Дар чор сатр
Дар чор сатр
Наврӯзи нави ҷаҳон муборак бошад,
Лабханди гули ҷавон муборак бошад.
Дар пайравии хониши мурғони чаман,
Гулбонгзании ҷон муборак бошад.
***
Дар арш чу баҳр абри гардун ҷорист,
Дар шоҳраги лолаи тар хун ҷорист.
Шодоб зи муждаи баҳору Наврӯз,
Дарёи дилам чу рӯди Сайҳун ҷорист.
***
Наврӯз расиду бар ҳама рӯз омад,
Нураш ба ҷаҳони тира пирӯз омад.
Бо сӯзани барқу риштаборони баҳор,
Ин чевари пурҳунар чакандӯз омад.
***
Наврӯз савори аспи бод омадааст,
Бедордилу чеҳракушод омадааст.
Гул рӯяду сабза аз дами ӯ, на-на,
Исонафасе хурраму шод омадааст.
***
Ба ҳар сӯ бингарам, рӯйи ту пайдост,
Нигоҳу чашму абрӯйи ту пайдост.
Раҳам гар бигзарад аз боғу гулшан,
Зи гулҳои чаман бӯйи ту пайдост.
***
Чу мурғе, ки раҳо аз банд гардад,
Туро бинам дилам хурсанд гардад.
Чаро нешат надонам нӯши ҷон аст,
Ба комам заҳр резӣ, қанд гардад.
***
Муҳаббатро забон ҳасту баён нест,
Аз он хушсӯзтар оташ ба ҷон нест.
Гунаҳ бошад гар ишқу дӯстдорӣ,
Гунаҳкоре чу мо дар ду ҷаҳон нест.
***
Шафтолуи пушти панҷара гул кардаст,
Дашту даману кӯҳу дара гул кардаст.
Дар байни рама чу хирмани гул гӯӣ,
Печида ба ҳам мӯйи бара гул кардаст.
***
Наврӯз расад, деҳаи худ ёд кунам,
Дилро ба хаёли кӯдакӣ шод кунам.
Дар дашти фароху сабзи Сайҳун дар тохт,
То шом талошу баҳс бо бод кунам.
***
Бо омади Наврӯз ҷавон шуд ин дил,
Бар олами кӯдакӣ равон шуд ин дил.
Ҳарчанд бигуфтам, ки надав, меафтӣ,
Бар даст гирифта по давон шуд ин дил.
Муҳаммад ШОДӢ
Гулафшон
Баҳорон асту хандонанд гулҳо,
Чу табъи мо шукуфонанд гулҳо.
Ду-се моҳи баҳори умркӯтоҳ,
Шукуфон даври худ ронанд гулҳо.
***
Биё, Наврӯз, дунёҳо дигар соз,
Хурӯшу ҷӯши дарёҳо дигар соз.
Шукуфон ин гули саҳроии ман,
Шукуфоии саҳроҳо дигар соз.
***
Табиат, ин қадар хушманзарӣ ту,
Ба гулҳо ҳамбару ҳамбистарӣ ту.
Наям ин ҷо, гумоне дар биҳиштам –
Маро аз ман куҷоҳо мебарӣ ту...
***
Баҳорон, аз ту ин сабзу тариҳо,
Раҳоварди ту ҳусну дилбариҳо.
Ту нозӣ бо гулу себаргаҳоят,
Ҳаменозанд бо ту гулпариҳо.
***
Назар дӯзанд бар мо лолазорон,
Нигар, сӯзанд бар мо лолазорон.
Чу мо чун арғувонҳоянд дилхун,
Ҷигарсӯзанд бар мо лолазорон!
***
Ба боғи умри мо нашъунумӯ деҳ,
Гули уммеди моро рангу бӯ деҳ.
Сари болои мо то сабз бошад,
Худоё, рӯи гарму оби рӯ деҳ.
***
Дилам хоҳад, ки эй абри баҳорӣ,
Ба болои сари мо нарм борӣ.
Баҳорон пеши рӯ то сабз монанд,
Намоӣ боғи дилро обёрӣ.
***
Нигар эй дил, шукуфоист дар ҷон,
Баҳорон пеши рӯву сабз ҳар ҷон.
Арӯси навбаҳорон аст мамнун,
Ки оби дидаи абр аст марҷон!
***
Зи гул омӯз расми дилкушоӣ,
Зи гул омӯз расми дилрабоӣ.
Дили худ во намояд, чун шукуфад,
Зи гул омӯз расми дилнамоӣ!
***
Баҳорон ҷилваи гулҳост зебо,
Баҳороғӯш манзилҳост зебо.
Зи хушгӯии мурғони саҳархез,
Табассум бар лаби дилҳост зебо.
БИЁ, НАВРӮЗИ
ХУҶАСТАПАЙ, ХУШ ОМАДӢ!
Биё, Наврӯзи оламафрӯз, хуш омадӣ!
Туро, туи хуҷастапайро пазмон шудам. Медонӣ, туро бори нахуст дар деҳаи кӯҳиям – Эҷи биҳиштосо, ки дар шаддаи қаторкӯҳи Нурато ба назарам мисли ёқут метобад, пешвоз гирифтаам. Чӣ завқе дошт он истиқбол! Бо омадани ту деҳа аз хоби зимистон бедор мешуд, пур аз савту садо мегардид. Ҳаёҳу ва ғиреви бачаҳо зиёд мешуд. Суруди “Баҳор омад” дар паси гӯшҳо танин меандохт. Он ҳама завқро ту дар дили мо ҷо карда будӣ. Бо омадани ту майсаҳо аз замин рӯида ба гилеми сабзи густурда монанд мешуданд, гоҳо вақти пудиначинӣ рӯйи майсаҳоят ғел мезадем, аз гулу алафҳоят гултоқӣ бофта ба сар мегузоштем, бойчечак, қоқу, гули хуршед нахустин гулҳои ту буданд... Наврӯз, эй пайки баҳор! Ту бо худ селаи мурғони баҳориро меовардӣ, хониши кабкат ҳуши моро мерабуд, парасту дар айвони хонаамон лона мегузошт. Момоям парастуи туро мурғи биҳиштӣ мегуфт, вақте ба даҳони чӯҷаҳояш ризқашонро медод, вай мегуфт: шумо ҳам чӯҷачаҳои ман ва падару модари худ ҳастед. Бо ин сухани ӯ меҳрамон ба ӯ ва падару модарамон зиёд мешуд. Мо хурдсолон ба кабку парасту ва мусичаи ту дил баста будем.
Наврӯз! Бо омадани ту рӯзу шаб баробар мешуд, чашмаҳо чашм мекушоданд, рӯди деҳа ба хониш медаромад. Гулҳои рӯёндаи ту чӣ қадар зебо буданд, гулпаракҳоят зеботар аз онҳо. Мо, духтарон аз паси гулпаракҳо бо завқи беандоза медавидем, вале дошта наметавонистем...
Момоям зери партави офтоби заррини ту нишаста кашидаву қуроқдӯзӣ мекард, кашидаҳояш сурати майсаву гулҳои туро доштанд. Ба мо дӯхтан меомӯхт. Пичакҳои алафине, ки модарам аз гиёҳҳои ту омода мекард, хеле гуворо буданд. Тамъи онҳо дар даҳонам мондааст. Дунёи гирдгардон, имрӯз фарзандону набераҳоям дархост менамоянд, ки аз гиёҳҳо барояшон пичак пазам...
Ёд дорам, модарон ба истиқболи ту гандум рӯёнда бо ниятҳои нек дар дегҳои калон то субҳ сурудхонон суманаки хушрангу ширадор мепухтанд. Мо, духтарон дар пайравии онҳо мерақсидем. Момои Ойбӣ таъкид мекард: ҳангоми кофтан нияти нек кунед, ки бабахту батахт хоҳед шуд. Наврӯз, ту ба хонадонҳо нуру сафо, ба дилҳо меҳру вафо меовардӣ. Мардум ба истиқболи ту бо ниятҳои нек либоси нав ба бар мекард, хона метаконд, рӯ ба покию покшавӣ мениҳод, ба якдигар дӯстӣ меварзид...Наврӯз, ту ба тану дилҳо мадору зӯри тоза мебахшӣ. Бо омаданат байни писарону мардони ҷавон сабқату зӯрозмоиҳо сурат мегирифт, писарон бодпарак мепаронданд, бод онро ба баландиҳои осмон мебурд. Тамошои ин манзара ба пиру ҷавон завқ мебахшид.
Наврӯз, ту сарчашмаи зебоиҳо. Аз нафаси ҷонбахшат дарахтони бодому зардолу ғарқи гул мешаванд, дарахтони дигар муғҷа баста барг мебароранд. Шукуфаҳои онҳо ба чашмҳо нур, ба дилҳо сурур мебахшанд... Манзараҳои нотакрори ту манбаи илҳоми шоирону рассомон ва нависандагонанд. Онҳо дар пайравӣ ба офаридаҳои ту ба даст қалам мегиранд.
Наврӯз, ҳар боре, ки ту меоӣ ин сатрҳои шоир беихтиёр ба ёд мерасад:
Магар бошад кабӯтарвор рӯзе,
Кушоям бол, сӯйи ту занам пар.
Падарҷон, ҳавлиатро ёд кардам,
Куҷоӣ хонаи лоини модар...
Наврӯзи хуҷастапай ва хуҷастафол, биё, хуш омадӣ! Туро мисли пештара дар деҳ ва давраҳои хурд пешвоз намегиранд. Зеро ба номи қадимиат – “Наврӯзи олам” сазовор гаштаӣ. Туро имрӯз дар сартосари олам таҷлил менамоянд. Зеро ту ҷашни нуру сафо, меҳр, сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии инсонҳоӣ.
Саодат РӮЗИЕВА.
ПАЙМОН
Ду ғазал
Бӯйи баҳор, ёрон, бӯйи баҳор омад,
Бар дари чашми пазмон рӯйи баҳор омад.
Боз баҳор шуд дил, боз баҳор шуд тан,
Боз баҳор шуд ҷон, шодӣ қатор омад.
Арш тамом зебо, фарш тамом дебо,
Ҷумла ҷаҳон фиребо, гӯӣ нигор омад.
Бода ба ҷомҳо шуд, бахт ба комҳо шуд,
Фурсати омҳо шуд, давлати ёр омад.
Пушта чу бӯстону дашт чаманситон гашт,
Кӯҳу кутал гулистон файзи диёр омад.
Аз ҳама сӯй бар чашм, аз ҳама сӯй бар гӯш,
Сурати ёр омад, савти ҳазор омад.
Ҳамчу зи абри найсон, аз лабу килки Паймон,
Рехт сухан чӣ? Марҷон, табъи гувор омад.
***
Биё Наврӯз, ало Исии беҳамто, биё Наврӯз,
Ки гардад олам аз сар олами дилҳо, биё Наврӯз.
Муҳаббатхона кун онро, пур аз афсона кун онро,
Беҳин як хона кун онро, ба сад эҳдо, биё Наврӯз.
Ба найсон поккорӣ кун, зи кулли гард орӣ кун,
Ҳама шуғли баҳорӣ кун дар ин маъво, биё Наврӯз.
Ҷаҳонполо бишав аз нав, замоноро бишав аз нав,
Равонафзо бишав аз нав, ҳама зебо, биё Наврӯз.
Ба оби чашма маҷро деҳ, ба рӯди кӯҳ ово деҳ,
Ба дарёбор наҷво деҳ, пур аз эҳё, биё Наврӯз.
Сафо бар рӯзгор овар, наво бар боғзор овар,
Ливо бар кӯҳсор овар, накӯпиро, биё Наврӯз.
Ба Паймон табъи тар бахшо, табу тоби дигар бахшо,
Каломе чун гуҳар бахшо, биё то мо, биё Наврӯз.