РАНГОРАНГ

Дар роҳ – мӯйсафед

Дар роҳ – мӯйсафед

Ҳама ронандаҳо ҳамин хел?
Не, ҳар хел мешудаанд онҳо ҳам.
Дар Қӯйлиқ ба таксие, ки ба водӣ рафтанист, савор шудем. Мо – се нафар. Нафари  чаҳорум, ки зуд пайдо нашуд: – Аз роҳ мегирем, – гуфт  ронанда ва паси фармон нишаст.
Мошин рафта истодааст. Як ҷой холӣ. Боз нафаре ёфт мешуд ва ... дилпур то Қӯқанд мерафтем. Ронанда низ «план» дорад, рӯзгор дорад.
Ниҳоят  дар Оҳангарон нафаре даст бардошт: духтаре бо куртаи кӯтоҳдоман. Ронҳо – сап-сафед. Бо як назар пай бурдем, ки чӣ тавр худро оро додааст ӯ.
Мошин суст шуду наистод, бо суръати пештара пеш тохт.
– Чаро наистодед? – пурсидем.
– Аҷина-ку, – гуфт ронанда.
– Чӣ хел аҷина? – мо ҳайрон. – Духтар аст, замонавист. Ё пул намедиҳад?
– Медиҳад, медиҳад. Аммо...
Мошин ҳамон дар ҳаракат. Ба кори ронанда, ки мизоҷи тайёрро нагирифт, мо дар тааҷҷуб. Пул даркор нест?
– Лӯлӣ бошад ҳам гирифтан даркор буд, – даҳон кушод ҳампаҳлӯям. – Харашро об деҳ, пулашро гир!
– Дуруст, дуруст, – хандид ронанда.
Мӯйсафеде даст бардошт ин асно.
Мошин назди ӯ қарор гирифт.
– Падар, ба куҷо?
– Ба Қӯқанд, бачем.
– Нишинед!
Ҷавоне, ки паҳлӯи ронанда менишаст, ба мӯйсафед ҷой холӣ кард. Ба қафо, ба паҳлӯи мо ӯ ҷой гирифту мошин ба ҳаракат даромад.
Ҳампаҳлӯям пичиррос зад: «Мӯйсафед пул медода бошад?». «Ман ҳам дар ҳамин хаёл», – гуфтам оҳиста.
Тақрибан баъди чаҳор соат ба Қӯқанд даромадем.
Мӯйсафед: – Ҳамин ҷо қарор деҳ, бачем, – гуфту мошин паҳлӯи роҳ истод. Мӯйсафед дуокунон фуромад.
– Нағз равед, отахон, – гуфт ронанда ва мошин ба ҳаракат даровард.
– Пул надод... – дилу ҷигари мо хун. Вале ронанда бепарвост: – Пул надодани отаро медонистам. Дуо кард-ку...
Ҳа, ронандаҳо низ – гуногун. 


Падар ва писар

Зану шавҳар писари хурдсоли худ ба ихтиёри писари калонӣ гузошта, ба сафари хориҷ мераванд. Чанд сол мегузарад. Ба додар ғамхорӣ мекунад калонӣ. Вай ногаҳон пай мебарад, ки додараш бо нашъамандон робита барқарор ва ... бероҳа шудааст. Дилашро ваҳм пахш мекунад: «Чӣ ҷавоб медиҳам ба падар?»
Падар бармегардад ва бо огоҳ шудан аз воқеа ба калонӣ ҷазо медиҳад: бо мушт, бо лагад...
Гунаҳкорона сар хам кардааст калонӣ.
– Ман, ман... – мегӯяд изтиробзада.
– Ба ту бовар карда будам, падарлаънат! – ин мегӯяд падар ва боз ба ҳуҷум мегузарад.
... Ин ҳама дар кино, ки аз телевизион намоиш медиҳанд.
Ин қадар таъзир, ин қадар таҳқир!
Вале вазнин аст писари калонӣ. Ба айби худ иқрор ва омода аст ба ҳар гуна ҷазо. Аммо ҳеҷ не алами падар паст шуда ва ... 
Падар аз ҳад гузаронд, писар баҳри ҳимояи худ ҳатто сар набардошт. Аммо... дар дили ман хавф, ки сабри ӯ сар омада:
–«Бас! – мегӯяд ба муқобили падар. – Бас!!! Фақат ман гунаҳкор? Сабабгори асосии ин ҳолат шумо не?!» Не, ин тавр нагуфт. Хомӯш аст.
Ва ниҳоят сар боло кард ва ба падар, ки ҳамон дар ҳолати хашм аст, нигарист. 
Ҷониби ӯ қадам гузошт. Даст ба ду тараф кушод ва падарро ба оғӯш кашид:
– Гуноҳи худ мешӯям, додоҷон. Дер нашудааст. Ҳама кори худ гузошта, ба додар машғул мешавам. Дилпур бошед, дер нашудааст. Гуноҳи худ мешӯям!
Мутаассир мешавед аз филм. Дар ҳаёт низ ин гуна писарҳо, ки дар ҳар гуна вазъ ба чашми падар теғкашон наменигаранд, бошанд?

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: