8 май мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Жомарт Тоқаев баргузор гардид.
8 май мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Жомарт Тоқаев баргузор гардид.
Дар оғози суҳбат сарони давлатҳо ба муносибати ҷашни фархунда — Рӯзи Ғалаба бар фашизм табрикоти самимиашонро ба ҳам дида, ба собиқадорон ва мардуми бародари ҳарду кишвар сулҳ, саломатӣ ва шукуфоӣ таманно карданд.
Ба идома додани ҳамкориҳои зич бо мақсади рафъи оқибатҳои воқеаи фавқулоддаи обанбори Сардоба дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир карда шуд.
Қадамҳои минбаъдаи таъхирнопазир оид ба расонидани кӯмаки мақсаднок ба аҳолӣ ва барқарор кардани инфрасохтор дар минтақаи зарардида мувофиқа карда шуданд.
Президентҳо инчунин масъалаҳои вазъи мавҷудаи эпидемиологиро ба муносибати паҳншавии сирояти коронавирус баррасӣ намуданд. Оид ба мубориза бо пандемия бо зина ба зина нарм гардондани маҳдудиятҳо барои аҳолӣ ва тиҷорат дастгирии ҳамаҷонибаи чорабиниҳое, ки дар сатҳи миллӣ андешида мешаванд, изҳор карда шуд.
Зимни суҳбат аҳамияти татбиқи босуръати амалии созишномаҳо дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла таҳия ва пешбурди лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаи автомобилсозӣ, кишоварзӣ, саноати коркард, нақлиёт ва логистика, дигар соҳаҳо таъкид гардид.
Роҳбарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон инчунин оид ба як қатор масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷоми сӯҳбат изҳор карда шуд, ки ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон ва Қазоқистонро дар асоси дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ мустаҳкам мекунанд.
ӮзА.
Шавкат Мирзиёев бо Нурсултон Назарбоев мулоқоти телефонӣ анҷом дод
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 май бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон — Элбаси Нурсултон Назарбоев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев табрикоти гарму самимӣ ва орзуҳои некашонро ба муносибати 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ба ҳам диданд.
Таъкид гардид, ки ҷасорат ва қаҳрамонии падарон ва бобоҳоямон, ки Ғалабаро бар бадали ҷонашон дар майдонҳои набард ва меҳнати фидокоронаашон дар ақибгоҳ ба даст оварданд, то абад дар ёди халқҳои бародар боқӣ хоҳанд монд.
Зимни гуфтугӯи телефонӣ масъалаҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаҳои наздисарҳадии обанбори Сардоба баррасӣ шуданд. Чорабиниҳои таъхирнопазире, ки якҷоя гузаронда шуда, ба расонидани кӯмаки зарурӣ ба аҳолӣ, барқарорсозии инфрасохтор ва коммуникатсия равона шудаанд, дастгирӣ гардиданд.
Самарабахшии мубориза алайҳи паҳншавии сирояти коронавирус, ки дар кишварҳоямон татбиқ мегарданд, бо қаноатмандӣ қайд гардид. Аҳамияти идома додани ҳамоҳангсозии наздик ва ҳамкории мутақобилаи мақомоти ваколатдор дар соҳаи пешгирӣ ва табобати ин бемории хатарнок таъкид шуд.
Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷӯҳ карданд.
Нақши муҳими Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки сарвазирони ду мамлакат роҳбарӣ мекунанд, дар таҳияи лоиҳаҳои нав ва самтҳои ҳамкориҳои амалӣ бо мақсади кам кардани таъсири оқибатҳои манфии пандемия таъкид гардид.
Ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
ӮзА.
Дар бораи мулоқоти телефонии Президентҳои Ӯзбекистон ва Белорус
8 май мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко ба амал омад.
Сарони давлатҳо ба муносибати ҷашни 75-солагии Ғалаба бар фашизм табрикоти гарму самимӣ ва таманниёташонро ба ҳам диданд. Саҳми бебаҳои халқҳои бародар дар комёбшавӣ ба Ғалабаи бузург махсус қайд карда шуд.
Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Белорус баррасӣ шуданд.
Ҷараёни рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, тавсеаи кооператсияи саноатӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, густариши равобити минтақаҳо ва доираҳои соҳибкорӣ, инчунин мубодилаи фарҳангиву башардӯстӣ ва таълимӣ, ки дар тӯли солҳои охир ба мушоҳида мерасанд, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Дар бораи идома додани вохӯриҳои мунтазам дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, аз ҷумла дар шакли видеоконфронс, ҷиҳати татбиқи амалии созишномаҳои қабулшуда ва пешбурди самтҳои нави шарикӣ мувофиқа ҳосил шуд.
Президентҳо вазъияти дар ду кишвар бинобар пандемия ба амал омадаро муҳокима намуда, ба идораҳои дахлдор супориш доданд, ки ҳамоҳангии зич ва ҳамкориро дар мубориза бо паҳншавии коронавирус таъмин кунанд.
Ҳамчунин доир ба як қатор масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва рӯзномаи минтақавӣ табодули назар карда шуд. Ба татбиқи чорабинӣ ва барномаҳои муштараки бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Сӯҳбат дар фазои анъанавии гарм ва дӯстона баргузор гардид.
ӮзА.